ХАБАРИ ДОҒ

Бадахшон аз байн меравад, агар…

  • Чоршанбе, Апр 13 2022

 

Аз бесарусомониҳо дар шаҳри Хоруғ қариб 3 моҳ гузашт, аммо телевизиони Бадахшон гаштаву баргашта наворҳоеро пешкаши тамошобинон мекунад, ки ба ҳама дилбазан шудаанд. Дарвозиҳо ва Ванҷиҳо, гӯё талаб  доранд, ки аз Бадахшон ҷудо шаванд.

Мардуми Ванҷу Дарвоз халқи баору номусанд. Ин маслиҳате, ки касе ба онҳо додааст, саводи кофӣ  надоштааст. Шахсе, ки ба шумо маслиҳат дод, фикри дигар ноҳияҳоро накардааст, бародарон. Агар ин раванд давом ёбад, шояд сокинони ноҳияи Мурғоб, ки аксарияташон қирғизтаборанд даъвои аз ҳудуди Бадахшон ба Қирғизистон ҳамроҳ шуданро кунанд. Ё ин, ки мардуми баномуси Ишкошим низ даъвои аз ҳудуди Бадахшон баромаданро мекунанд. Бо ҳамин тавр калонтарин вилояти Тоҷикистон аз байн меравад.

Оламгули Мазлум,

шаҳри Душанбе

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter