ХАБАРИ ДОҒ

Нафақа мегирем ё намегирем?

  • Чоршанбе, Май 25 2022

 

Салом СССР! Матлаби газетаро дар мавриди аз ин ба баъд қонунӣ шудани нафақаи шаҳрвандони Чумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия хондам ва шод шудам. Ҳамаи ин заҳмату талош ва меҳнати вазнини ҳамватанони мо дар ин кишвар бояд билохира қадр карда шавад. Мардум гоҳо 10-20 сол меҳнат мекунанд, вале бо 2 дасти холӣ бармегарданд, ҳатто барои кори кардаашон нафақа намегиранд.

Албатта ин хабари хуб аст ва пас аз эълони он, ки Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон ин шартномаи байнидавлатиро ратификатсия кард, дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд навиштанд, ки ин тавр нест ва баръакс Федератсияи Россия тасмим гирифтааст аз 01.01.2023 ҷудо кардани нафақаро ба шаҳрвандони дигар кишварҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ ва манъ кунад. Ман бисёр мехостам СССР ба ин рӯшанӣ андозад.

Сироҷидин Саломатзода,

н.Деваштич  

Аз идора: Тавре ба мухбири мо Давлатзода Дилмурод Ашӯрбек, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, Парлумони кишвар ин шартномаи байнидавлатиро ратификатсия кард, акнун тибқи протокол ва қавонин ҷониби Федератсияи Россия-Парлумони ин кишвар бояд ратификатсия кунад, тартиб ҳамин аст. Заминаи ҳуқуқӣ тайёр ва гуфтушунуфтҳо доир ба ин аллакай анҷом шудаанд. Думаи давлатии ФР пас аз ратификатсия кардан аз кадом рӯзу моҳу соату сол ба ҳукми қонунӣ даромадани ин шартномаро муайян мекунад. Мумкин аз 01.01.2023 он ҳукми қонунӣ бигирад. Шояд вазъияти Россия ва Украина ба ин кор каме таъхир гузоштанд, вале дар ояндаи наздик он ҳатман баррасӣ хоҳад шуд. Айни замон бошад додани нафақа ба шаҳрвандони мо аз рӯи шартномаи соли 1992 сурат гирифта истодааст. 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter