ХАБАРИ ДОҒ

«Абобил-2» чи хусусият дорад?

  • Чоршанбе, Июн 01 2022

Дар Душанбе корхонаи бузурги истеҳсоли паҳпод ё тайёраҳои бесарнишини «Абобил-2» ҳафтаи гузашта ба кор оғоз намуд. Ҳавопаймои «Абобил-2» яке аз аввалин дастовардҳои ҳавопаймои бесарнишини Ҷумҳурии Исломии Эрон аст, ки то имрӯз бо теъдоди зиёд истеҳсол шуда, ба ҷузъу томҳои гуногуни нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дода шудааст. Ин ҳавопаймо 1 метр баландӣ, 2 метру 80 см дарозӣ, 3 метру 25 сантиметр паҳноии бол дорад.

Ҳавопаймои бесарнишин, ки дар ибтидо бо 1 маъмурияти назоратӣ ва иктишофӣ истеҳсол шуда буд, баъдан ҳамчун 1 миссияи худкушӣ (маргталаб) таъриф карда шуд ва ҳоло дар доираи ин маъмурият барои нерӯҳои мусаллаҳ дастрас аст.

Бо давомнокии 1,5 соат парвоз, Абобил-2 метавонад масофаи то 200 кмро бо суръати 220 км / соат тай созад. Ин бесарнишин метавонад ба баландии 4000 метр аз замин боло рафта, дар амалиёти назоратӣ ва иктишофӣ майдони 770 километри мураббаъро назорат кунад. Системаи навигатсионии Абобил-2 GPS/INS буда, роҳнамоӣ ва идоракунии он ҳам аз дур ва ҳам автоматӣ буда, метавонад бурди ин ҳавопайморо дар реҷаи автоматӣ зиёд кунад.

Абобил-2 бо муҳаррики поршении дусилиндраи 25 қувваи асп кор ва дар 1 соат тақрибан 5 литр сӯзишворӣ сарф мекунад. Абобил-2 инчунин қобилияти парвоз кардан аз киштиҳои зериобӣ ва қаиқҳои суръатбахшро дорад. Мо Метавонем!

Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ

омӯзгор

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter