ХАБАРИ ДОҒ

Салом ба СССР -и азиз! Тавассути газетаи мардумӣ ба Парлумони кишвар, Вазорати адлия ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи мамлакат 1 пешниҳод дорам: бигузор никоҳ ва сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ-ЗАГС барои ҷавонон аз синни 21 - 22 солагӣ иҷозат дода шавад.

Бубинед, духтаронро аз синни 18 солагӣ ба шавҳар медиҳем, онҳо ҳанӯз хулқу атвори кӯдакона дошта, ба пастиву баландӣ, бепуливу бехобӣ ва қаноат кардан омода нестанд. Роҳи андешаву муросоро намедонанд, нозу нуз мекунанд, хонаи шавҳар рафта, дар муҳити бегона худро гум мекунанд ва ана баъд сар мешавад ҷангу ҷанҷоле, ки ба ҷудоӣ ва талоқ оварда мерасонад. Ин аст сабаби асосии ҷудошавии оилаҳои ҷавон.

Сафаралӣ Сатторов,

ш.Ҳисор

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter