ХАБАРИ ДОҒ

«Дедовшина» ва душманони хориҷӣ

  • Чоршанбе, Май 17 2023

 

Матлаби сардабири газетаи СССР-ро зери унвони “Аз аскарӣ то сарбозӣ” мутолиа карда, қайд карданиам, ки таъкидҳои ӯ саривақтист ва дар мавриди амалӣ гардидан ба манфиати давлату миллат хоҳад буд. Дар ин навишта муаллиф аз замони хизмати ҳарбии худ мисол оварда, дар ҳолати ба “дедовшина” дучор омадан, чӣ навъ вокуниш доданро тавсия медиҳад. Дуруст. Аммо ҳоло замон дигар аст.

Шахсе, ки ин лаҳзаҳоро сабти телефони намудааст ватандори асил аст. Мақомоти тафтишот бояд дарк кунад, ки барои раванди ҷиноятро навор гирифтан, “чӣ қадар дилу гурда”-и бузург бояд дошт. Ё шояд ин саҳнаро махсус ташкил карданд? Чун мухолифони хориҷии кишвар ҳамеша бо забони дароз лоф мезананд, ки “мо дар ҳама мақомот, бахусус ниҳодҳои калидӣ одами худро дорем”. Воқеан чаро ин ҳодисаи нанговар дар кисмҳои ҳарбии зертобеи КҲФ, ВМ ё дигар ҷузъу томҳо не, маҳз дар Қушунҳои сарҳадӣ рух дод? Ин паҳлуи масъала бояд омӯхта шавад ва душманони дӯстнаморо бояд аз саф пок кард. Барои ин кадрҳои ҳарбӣ набояд аз рӯи тағо ё хотирбинӣ, балки бо назардошти фаросату одоб ва қонунписандишон ба мансабҳои калидӣ роҳ ёбанд.

Албатта, латукӯбгарон ва хунукназарон муҷозот хоҳанд шуд ва бояд ҷазо бинанд, то барои дигарон дарси ибрат шавад. Лек бо онҳоро маҳкум кардан набояд маҳдуд шуд. Қонунҳоро ба ин мазмун бояд ислоҳ кард, ки ҳар кас аввал ҳақорат кард ё мушт зад, бояд аз ҳаққи ҳимоя маҳрум шавад. Ин ҳолатро “мудофиаи зарурӣ” мегӯянд ва ин меъёр дар ҷомеаҳои инсонпарвар роиҷ аст. Давлат ва қонун бояд дар амал иҷозат диҳад, ки ҳар кас “номуси мардӣ”-и худро БОЯД ҳимоя кунад. Чӣ ҳамоқати бузург аст, вақте дар думбаи мард бо тахтачӯб мезананд ва ӯ беҳаракат меистад. Зеро он бечора хуб медонад, ки агар муқобилият нишон диҳад, пушти панҷара хоҳад рафт ва таҳқиргар дар озодӣ кайфу сафо хоҳад кард.

Рости гап ин ҳодисаи ногувор маро ба ташвиш андохт. Ба ҳар ҳол мардона бояд хизмати ҳарбиро адо карда, бо сари баланд ба хона баргашт.

Сафаров Талбони Мункӣ,

шаҳвандии фахрии н.Вахш,

собиқадори мақомоти Прокуратура

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter