ХАБАРИ ДОҒ

Роботсози №1 дар олам Тоҷики ғармӣ буд!

  • Чоршанбе, Май 31 2023

 

Гуфтумон болои ҳуши сохта (ҳич на "ақли маснуъъӣӣ", на ягон "ъъъ" и дигар! То поён хонед, мефаҳмед чаро).

Дар деҳаи Дорбакри наздики Марв, ки он рӯзгор яке аз пойтахтҳои фарҳангии Тоҷикон буд, соли 1136 Абу ал Исфаҳонӣ ибни Исмоил ар Раззоз ал Ҷазарӣ зода шуда аст. Гузаштагонаш, бобояш дар хурдии падараш аз водии Рашт ба Фарғона кӯчидаст ва падараш аз Фарғона ба Марв. Ва худаш аз Марв ба пойтахти аббосиён, шаҳри Бағдод кӯчида, то кушта шуданаш онҷо зистаст.

Ва ҳамин тоҷики ғармӣ нахустин роботро дар ҷаҳон сохта, поягузори ҳуши сохта шинохта мешавад. Ҳарчанд мо тоҷикон ӯро "олими араб", "Ъолими мусулмон" меномем, лекин мани тоҷикиям камтар аз шумо мегӯям, ки ӯ 1 ғармибачаи худи мо буд, ки аз нофаҳмиҳомон бегона мешуморемаш.

Ва ҳамин ғармии худмон китобҳои бисёре дар бораи механика ва ҳуши сохта навишта аст. Азбаски ин китобҳо ба забони тозӣ ҳастанд ва фарҳанги тозӣ механикаю технологияро пазируфтан наметавонад, худашро куштанд, китобҳошро ба фаромӯшӣ супурданд, а мо ҳамдастӣ кардем.

Ал Ҷазарӣ чандин робот сохт. Якеш парандаи оҳанине буд, ки хоҳиши пурсандаро мефаҳмиду аз рӯйи он суруд мехонд. Дигар ин, ки "кривошипно шатунный механизм" - ро ҳам ҳамин ғармии мун сохта аст. Чандин дастгоҳҳои аз поён ба боло кашондани обро, фаввораҳоро ҳам ғармибачаи бачай ачамон сохта аст.

Барои нахустин барномаи ҳуши сохта ELIZA, ки соли 1966 Ҷозеф Вейзенбаум сохта буд, аз навиштаҳои Ал Ҷазарӣ корбурд шуда аст.

Ҳуши сохта, роботсозӣ, донишҳову фанноварӣ ва ин гуна чизҳоро донистану тонистан дар хуни мо ҳаст. Барои ҳамин худро кам нагиред, дасту остин бар занеду ба пеш!

Сафват Бурҳонов,

Олмон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter