ХАБАРИ ДОҒ
Шанбе, 09 Сентябр 2017 10:26


Ҳисоботи №9

Душанбе, 21 Август 2017 09:24

Хондам ва шунидам, ки имрӯз адибони мо ба ҷои тарбияи маънавӣ кардани мардум даст ба гиребони якдигар задаанд. Ҳамдигариро мухолифин-оппозитсия мехонанд. Чи дардест дар рӯзгори Тоҷик? Наход Тоҷик тамоми умр худро ба шимолию ҷанубӣ, помирию хатлонӣ, босмачию сурх, юрчику вовчик, наҳзатию коммунист, мухолифу дӯст  ҷудо кунад? Пас аз сари устод Турсунзода ва номардона аз вазифа барканор шудани Мӯъмин Қаноат обрӯ ва нуфузи ин ташкилоти эҷодӣ поин рафт. Аммо имрӯз нуфузи бузургтарин ташкилоти эҷодии ҷумҳурӣ беш аз пеш коста шуд. Пойи тахт ором бошад ҷумҳурӣ ором аст. Лиҳозо, аз тамоми ташкилотҳои эҷодӣ хоҳиш дорам, ба манфиати давлату миллат, халқи дар тӯли таърих ҷафокашидаи Тоҷик кор кунанд. Ростӣ, имрӯз шаҳрдори ҷавон-Рустами Эмомалӣ тавонист барои кору фаъолияти шумо ва истироҳати фарзандонатон дар Душанбе тамоми шароитҳоро омода созад. Пас, биёед шукри истиқлол намуда, на дар сухан, балки амалан ваҳдатсолорӣ намоем. Ваҳдат бошад, дигар масъалаҳо худ ба худ ҳал мешавад.

Рӯдакӣ узви ИНТ набуд
…1 рафиқамро, ки аз сафи ИНТ рондаанд, гуфтам, «аз устод Рӯдакӣ то Ҳайрат билети нависандагон надоштанд, пас чаро зиқ мешавӣ? Рӯдакивор навиштан гир!». Зиндагӣ дарё нест. Инсон ба меҳрубонӣ ниёз дорад. Дӯстам солиёни зиёдест омӯзгори фанни таърих аст, аммо имрӯз дар нимароҳи тақдир асту намедонад Давлати Шӯравиро хуб гӯяд, ё бад. Ҳаракати босмачигариро сиёҳ гӯяд, ё сафед, ҳизби коммунистро созанда гӯед, ё харобкор. Дар ин масъала ИНТ боз пешсафиро ба даст гирифту яке дигареро оппозитсия мехонад. Хатои авомро бахшидан мумкин, аммо чӣ метавон кард агар «нодоние доно кунад» (таъбири устод Лоиқ). Биёед, ба хотири ривоҷи адабиёт кинаю адоват, баҳсу мунозираи бесудро 1 сӯ гузореду шеъри воло, повести хонданӣ, роману ҳикоя нависед. Муҳити адабии Турсунзодаро аз нав зинда намоед. Байни мардум равед, бо одамон мулоқот кунед, чунки чеҳраи шумо худ тарбия аст. Замона тағир ёфт. Зиндагӣ бо маҷрои тезтар меравад. Дар ин ҷаҳони олудаи дард, кулфат, ривоҷ ва равнақи радикализм, экстремизм, терроризм бояд беш аз ҳарвақта сарҷамъ бошем. Тоҷикро кӣ бештар сарҷамъ мекунад? Албатта пеш аз ҳама ташкилотҳои эҷодӣ. Халқи адабпарвари мо адибпарвар асту ба сухани адиб рост ё дурӯғ, бовар мекунад. Ҳамин боваркунониҳо дар солҳои 1930 чандин адибро равонаи зиндон кард ва нависандаи боистеъдод Алӣ Хуш қатл шуд. Ман ҳаққи ба адибон насиҳат кардан надорам, аммо чун хонандаи доимии эҷодиёти Низом Қосим, Ато Мирхоҷа, Рустам Ваҳҳоб, Ҳ.Нозирӣ бетараф ҳам буда наметавонам. Сарҷамъ бошед! Гузаштаро фаромӯш кунед! Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири наҷоти Миллат ҳама чиро бахшид, пас чаро шумо ҳамдигарро намебахшед?


Холмурод Сафарзода,
Узви ИЖТ, ш.Панҷакент

Панҷшанбе, 29 Июн 2017 17:53


Домоди халифа
Русҳо ба ҳар баҳона вақтро кашол дода, ахир, қисмҳои бригадаи 3-и савора ба Душанбе даромаданд. То ин дам болшевикон кӯшиданд, ки Иброҳимбекро бо ҷадидон оштӣ диҳанд. Консули рус шахсан бо ӯ дидор ва ба капитан Иброҳим (русҳо ӯро чунин хитоб мекарданд) пешниҳод намуд, бо ҳукумати Бухоро оштӣ кунад. Консул гӯшзад намуд, ки дар сурати розигӣ ба ин пешниҳод мансаби давлатӣ мегирад ва зиндагии хубе хоҳад дошт.

Панҷшанбе, 22 Июн 2017 17:57


Писари туқсабо
Иброҳимбек. Ин ном беш аз 10 сол Артиши Сурх ва ҳукумати РСС Тоҷикистонро безобита мекард ва миёни муаррихин назароти гуногунеро ба ёдгор гузошт. Иддае ӯро роҳзану ғоратгар ва гурӯҳе қаҳрамони миллӣ ва ғозии ислом муаррифӣ мекунанд.

Душанбе, 19 Июн 2017 09:32


Узви Ихвон-ал-СССР, Мирзомуин Латипов, аз ноҳияи Конибодом ба газетаи мардумии СССР дар сӯҳбати телефонӣ гуфт, он Ленинбадбинҳое, ки дар ҳаққи нону намаки СССР, коммунизму Сталин, дар маҷмуъ, нисбати болшевикҳо ҳарза менависанд, охирати худро андеша мекарда бошанд, ё на? Ё онҳо мурданӣ нестанд? Ман тамоман бо андешаҳои босмачидӯстон розӣ нестам. Охир, босмачӣ-босмачӣ буд, қотил буд, дузду роҳзан буд, хоин буд, бесавод буд. Агар босмачӣ 1 зарра ҳисси Ватандӯстӣ медошт, системаи давлатдории сотсиалистиро қабул мекард. Ленинро касе бад мегӯяд, ӯро арвоҳаш мезанад, тавре ки Аслиддин Соҳибназаровро зад, ки ӯ ҳам Ленинбадбин буд! Ҳар касе гузаштаро бад мегӯяд, аз имрӯз подошашро ҳатман мебинад! Зинда бошем, мебинем!

Чоршанбе, 10 Май 2017 15:06


Ӯро касе намешиносад!!! Мутмаинан намешиносад...

Панҷшанбе, 12 Январ 2017 12:40

Узви Ихвон-ал-СССР, Абдуҳалим Каримов, сокини деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб дар сӯҳбати телефонӣ бо СССР гуфт, ки ман 1 гуфтанӣ дорам, агар онро чоп кунед. Оё имрӯз вақти он нарасидааст, ки босмачиҳоро қаҳрамон эълон кунем? Зеро онҳо босмачӣ набуданд. Такрор шавад ҳам мегӯям, ки ман ҳамчун соҳибхона ва соҳибмулк бо кадом виҷдон ғосиберо, ки бо қасди дуздиву ғорат ба хонаам даромадааст, қаҳрамон мегӯяму бобоямро хоин? Ин гап ба ақли кӣ рост меояд? Оё ҳамин босмачӣ падару бобои ман набуд, ки моро ба ҷон ҳифз кард. Босмачӣ болшевик аст, ки хонаи маро ғорат карду сӯхт. Барои ҳамин саросема нашуда, бо ҳамдигар маслиҳат карда, фикр кунем, ки душман кисту дӯст кист? Бобоҳои ман муҳофизу Ватандӯст буданд, на ғосиб!!! Дузду ғоратгар ва роҳзан рус буду болшевик…

 

Чоршанбе, 23 Ноябр 2016 10:22

Ракурси миллӣ-7


Воҳима аз вежагиҳои усулии миллии мост! Ҳангома, сенсатсия, ҳаросангезӣ, эми тарсу ларз ба атфол, аз таъсироти психологиеанд, ки мо хеле дӯсташон медорем. Намедорем? Ещё как медорем!


 Фарзи мисол, тифли нав таваллудшударо бо тарс мехобонем. Урррр алаёёё. Чашмота пӯш, ки буҷук мехӯрад! Калонтарак шуд: Духтуррррр! Биё уколаш кун, ки хоб намеравад. Боғчаравак, ки шуд, тез-тез пӯш, ки милиса меқаппад! Мактабраваку кӯчадаваку институтгардак шуд...дальше-больше: он ҷо, аллакай, облава, декану кураторҳои ришваситон, КГБ, коррупсия, ҷосусон, наркоманҳо, ғоратгарон, террористон мунтазири кӯдаки моянд... Мо 1 ҳамсоя доштем, ки ӯро бо исми Қобил метарсониданд: «Аловиддин даматро гир, ки Қобил омада мекушад!». Қобилҳо зиёданд дар кӯчаву деҳоти мо, бобои Ғулому Карим-бангӣ, Қосим-босмачу Сафар-полвону Насими ғӯл ва садҳо қаҳрамонҳое, ки барои кӯдакону наврасону ҷавонони мо нақши калидии аҷуку буҷук мебозанд. Воқеан ҳам, он ҳамсояамонро чанде пеш дар пойтахт дидам, ки гуфт, ако, бовар кунед, ҳоло ҳам аз Қобил метарсам. Дар ин гирудор аҷобаташ ин аст, ки ин мард, оре ҳамакнун аз 45 гузаштаст, дар умраш боре ҳам Қобили хулиганро надидааст...

Вале агар фикр кардед, ки мавзуъи ракурсии ман ҳамин ҳаросангезӣ бар қулуби атфоли мову шумост, ғалат мекунед. Мо ба дили миллат ҳамарӯза ҳарос меандозем. Дур намеравем ва ҳамин «воҳимаи сафед», ки тавассути тамомии расонаҳои расмиву шахсӣ, атрофи сардии ҳамагӣ -2 градус (!!!) кардаамонро мегирем. Дирӯз Суҳробшоҳ, ҳамкорамон мегуфт, савганд ба номи Худо он қадар атрофи ин сардиву барф воҳима карданд, ки аҳли байти маро шаб хоб набурд. Фикр кардем, ки пагоҳ қиёмат қоим мешаваду Яхбандии Бузурги навбатӣ Тоҷикистонро ба комаш мекашад...

ТВ мемонӣ, талхаатро бонуе аз Маркази ҳавосанҷӣ мекафонад! Радиоро гӯш кунӣ, капут, ях мебандем!! Газетаро кушоӣ, SOS... гурезед, заврақи наҷот танҳо дар Африқост!!! Интернетро кушоӣ... Беҳтараш накушоед, ки дақиқан пеши Шайх Тимур тумори тарсгирӣ медавед...

Ин воҳима дар ҳолест, ки фарзи мисол, ҳамин шабу рӯз, дар Ёқутистон то 40-50 дараҷа сард асту чукчаҳо таки фуфайка гаштаанд. На барқ доранд, на аловӣ, на ҳезум, на нафт ва ҳатто на хона!!! Вале касе онҳоро наметарсонад ва дар виг-вамҳои бобоӣ чубуқ бари даҳан роҳат гармии деринтизори баҳориро, ки аккурат, 8 моҳ пас мерасад, интизоранд. Стоп! Дар мо чӣ? Гармӣ 8 рӯз пас медарояду чунон метарсонанд, ки фикр мекунӣ, мо чукча бошему кишварамон Ёқутистон ва рӯи офтобро 8 моҳ нахоҳем дид.

«Воҳимаи сафед» 1 тарафи кор аст. «Воҳимаи сабз»-ро намегӯед? Замони ахир бо Давлати исломӣ чунон моро тарсондаанд, ки бовар кун, хонанда, аксарият аллакай таслим шудаем ба ин ҳаракати иртиҷоӣ. Дар расонаҳои мо онгуна воҳима атрофи ин зуҳуроти бади мазҳабист, ки ҳар шаб пеш аз хоб фикр мекунӣ, ки пагоҳ мехезему байрақи сиёҳи ДИИШ рӯи бомамон овезон аст. Ончунон бо воҳимаи сабз моро фарогир печидаанд, ки наъузанбиллоҳ, дили мардум аз исломи асилу мазҳаби бобоӣ низ сард шудааст: Эффекти воҳимаи сафед...

Ман ростӣ, намефаҳмам, ки чаро воҳимаҳои сафеду сабз позаҳру тарёке надоранд? О, ахбори позитив зиёд аст. 1100 ҷавони мо дар Сурия меҷангад. Падидаи бадест, оре, розиям. Вале чаро 4 миллион ҷавони Тоҷик, ки дар сар ҳавои дунявият, прогресс, таҳаммулпазирии Ҳанафӣ доранд, бояд аз 1100 нафар экстремист тарсанд? Мо онҳоро тӯронидан дорем!

Вале агар баргардем сари воҳимаи сафед. Ҳазорсолаҳост, ки миллати шарифи Тоҷики тоҷбарсар аз боришоти барфи нахустин ҷашн мегирифт, ид барпо мекард. «Барфӣ» маъракаест, ки бо резиши пағаи нахусти барф хурду калон тантанаҳо баргузор мекарданд. Деҳаҳо саршори нишот мешуд. Зиёфатҳои шоҳона меоростанд. Барфӣ менавиштанд, ки усулан ингуна шуруъ мешуд:

Зарра-зарра барф меборад сафед,

1 зиёфат аз шумо дорем умед... 

Миллати мо тӯли ҳазорсолаҳо 2 падидаро ҷашн мегирифт: Барфи аввал ва гули нахустин. Вале шукӯҳу шаҳомати маъракаи Барфӣ дигар, хеле фарқ ва хушбинкунанда буд. Фикр доред, ки 4-5 ҳазор сол пеш бобоҳои мо барқу газ доштанд, ки аз сардӣ намеҳаросиданд? Неъ! Онҳо ҳам хунук мехӯрданд, албатта, вале чун воҳимачиҳои расмии электрониву чопӣ надоштанд, дилашон гарм буд. Дил гарм, ки бошад, касеро сармо намезанад!!! Бовар кун, хонанда чунин аст ва нишоту тантана кун, аз Барф ҷашн гир ва бо Барф биомез, наҳарос, Барф ин ҳосил аст, Барф ин хатми грипп аст, Барф маҳви кирму чирму ҳашарот аст, Барф ин коҳиши амрози барангезанда аст, Барф ин адами вирусҳост, Барф ин сапедист, Барф боварӣ ба фардост, Барф умед ба зиндагонист! Зимнан Барфи нахустин муборак, ҳамватан:

Зарра-зарра Барф меборад ба фармони Худо,

Барфи нав аз мову барфӣ аз шумо!!!

Мо Метавонем!

 

саҳ 6 аз 8

Китобҳо

Flag Counter