ХАБАРИ ДОҒ

Дар манзили падарии журналисти шинохта Отахон Латифӣ воқеъ дар шаҳри Панҷакент барои гиромидошти хотири ин журналист, як маҳфили ёдбуд  доир гардид. Ин нишаст бо ташаббуси ҳамсари Латифӣ, Манзура Ёқубова доир шудааст. Дар маросими ёдбуд, рӯзноманигорону адибон, пирони рӯзгордида ва хешу ақориби Отахон Латифӣ ширкат доштанд. Мӯйсафедон хотироти хешро аз Отахон Латифӣ қисса намуданд ва ҳамчунин сабтҳо аз бойгонии телевизион ба тамошо гузошта шуд. Отахон Латифи аз ҷумлаи рӯзноманигорони варзидаест, ки бо матолиби хеш охирҳои асри 20 ҷомеъаро тасхир мекард. Ӯ чандин сол мухбири яке аз рӯзномаҳои машҳури замони Шӯравӣ - Правда буд.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter