ХАБАРИ ДОҒ

Агар умр вафо мекард, Искандари Хатлонӣ иирӯз (12.10.1954) ба синни 62 мерасид. Афсӯс, ки шӯридатарин шоири Тоҷикро, ки шеъраш чун намунаи беҳтарин шеъри форсии асри ХХ ба китоби адабиёти макотиби миёнаи Эрон роҳ бурдааст, дар таърихи 22.09.2000 дар Маскав табаркуш карданд. Ӯро куштанд ва ҳукумати мо то ҳанӯз дархости расмӣ накардааст, то авомили қатл ва қотилони шоири бузургтаринаш фош шаванд. Искандарро радиои Озодӣ низ фурӯхт, ки он ҷо кор мекард. Ин Радио на танҳо барои дарёфти қотилони шоири Тоҷик талош накард, ки номашро, гузоришҳояшро аз архиви хеш делит кард. Дар рӯзи таваллудаш ҳарчанд линк задем, аз Искандар чизе пайдо нашуд...

 Ин матлаб ба хотири поси хотири Искандари ҷавонмарг тақдими хонанда гардид: Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад! Мо Метавонем!

Тобистони соли 1986-уми мелодӣ бори нахуст номи ин шоири шаҳири зиндаёдро дӯсти дардошнои адабиётшиносам доктор Сафар Абдуллоҳ бо таҳлили чанд пораи ашъораш манзури ҳушу гӯши мо ошиқону шефтагони адабиёти беш аз ҳазорсолаи форсии Тоҷикӣ гардонид. Дар ҷустуҷӯи шеъри ин марди порсо дар такопӯ афтодам. Ниҳоят овозаи шеърашро баъдтар бо амри тасодуф дар 1  маҳфили шеър дар Олмон, (аниқтараш моҳи августи соли 1989 дар шаҳри Лейпсиг, ки бо даъвати донишманди бузуги олмонӣ устод Манфред Лоренс, мудири кафедраи забони Тоҷикии Донишгоҳи давлатии Лейпсиг даъват шуда будам) аз забони шоири ниҳоят донишманд ва тавонмарди дунёи сухани порсӣ устоди суханвар Восифи Бохтарӣ шунидам, ки мегуфт:

«Шеъри Искандар муждаи ниёкони мо ба ояндагон аст. Ӯ аз қаъри торихи беш аз 3000 сол ба ояндагон муждаи нур медиҳад. Шеъри ӯро ман вожаномаи торихи ин куҳандиёр, Ориёи бузург медонам. Дар Афғонистон шеъри Искандар шӯру валвалаи зиёдеро ба по кардааст. Шеъри Искандар мавриди таҳқиқи муҳаққиқин ва муваҷҷеҳи зиёди шефтагони шеъри нави порсии дарӣ гардида. Бисёре аз шуъарои ҷавон ба ӯ пайравӣ намудаанд. Банда дар мавриди шеъри Искандар ба шогирдон дар маҳофили шеъри дарии Тоҷикӣ дар Конодо ва Ҳуланд назари хешро борҳо мавриди назарсанҷии аҳли калом қарор додам. Ва ҳамзамон чанд шеъри ӯро дар маҷаллаи адабии адибони Хуросони бузург низ ба чоп тавсия намудам» 

Муждаи Искандарӣ

Нахустмуждаи шеъри ӯ дар Тоҷикистон охири солҳои 80-и мелодӣ зери номи «Шукуфа» рӯи чоп омад. Нахустташнагони шеъри Искандар ташнагии хеш бишкастанд. Банда низ аз ин неъмати боғи андешаи шоир ташнакомии хеш бишкаста, дар ҳафтаномаи Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистони Шӯравӣ «Адабиёт ва санъат» ба хонандагон ва муштоқони шеъри нави Тоҷик муждагонӣ додам. Ҳамин муждагонӣ аввалсухане дар мавриди шеъри Искандар дар Тоҷикистон буд. Он замон дар Афғонистон ифои хидмат мекард ин чанд ҳарфаки гуфтаи моро тавассути кадом нафаре ба ӯ расониданд. Баъди бозгашт аз Афғонистон чанд муддат ӯ дар ҷустуҷӯи банда меуфтад ва ниҳоят мо бо дидори ҳам мушарраф гардидем. Дар мавриди шеъри ӯ ва шеъри нави вақти Тоҷик дуру дароз сӯҳбатҳо намудем. Баъди баҳсҳои зиёд марзҳои ноошноии мо фурӯ рехт ва мо ҳамдигарро бародари ҳамкеш, ҳамдил ва ҳамхуни абадӣ хондем. 

Бозгашти Искандарӣ

Он замон нимаи ҷисми Искандар дар Маскав буд. Баъди бозгашт аз Маскав устоди суханвар, нависандаи шинохта, муовини аввали ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» А.Самад ӯро ба сифати ходими ҳафтанома ба кор қабул намуд.

Дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ману Искандар зуд зуд во мехурдем ва мавзӯи сӯҳбати мо шеър ва адабиёти Тоҷику форс буд.

Ӯ дар шинохти шеър ва адабиёт воқеан тавонмардтарин тавоно буд. Бар ашъори устод Алимуҳаммад Муродӣ хеле дилбастагӣ дошт. Шуъарои Ирон ва Афғонистонро хеле зиёд мутолиа менамуд. Асарҳои донишмандони бузурги иронӣ устод Ризо Бароҳанӣ «Тилло дар мис», устод Мирҷалолиддини Каззозӣ «Дурри дарёи дарӣ» китобҳои рӯимизии ӯ буданд. 

Тарҷумаи Искандарӣ

Чашми пурбин ва хонои ӯ дар ҳарфи форсӣ хеле рушан буд. Ва ҳеҷ касе дар Иттифоқи нависандагон дар он замон дар пояи Искандар қудрати хондан ва навиштани хатти порсиро надошт. Қобилияти тарҷумонияш аз форсӣ ба русӣ воқеан фавқулода буд. Бузургони адабиёт ӯро хеле баҳои баланд медоданд. Замони толибилмиаш дар Донишкадаи адабии ба номи А.М.Горкийи ш.Маскав соҳиби эътибор ва шарафмандии зиёди устодон гардида буд. Истеъдоди баланду донишмандиаш буд, ки баъди хатми донишкада дар бонуфузтарин нашрияи Иттиҳоди собиқи шӯравӣ «Прогресс» ба сифати ходим ва тарҷумон ифои вазифа намудааст. 

Сипас аз Маскав ба сифати тарҷумони низомӣ ба Афғонистон фиристода шуд. Дар баробари тарҷумони низомӣ буданаш овозаи шеърдониву шоириш миёни аҳли каломи Афғонистон шӯҳрати бузургеро касб намуд. Нахустмаҷмуаи ашъораш бо номи «Садои пойи вожаҳо» дар Афғонистон рӯйи чоп омад. Ҳамон замон бо ибтикори раёсати Бунёди байналмилалии фарҳанги Тоҷикистон, шоири шаҳир ва Муҳаққиқи шинохтаи иронӣ устод Сиёвуши Касроӣ аз Порис ба Душанбе омада, чанд рӯз дар Академияи илмҳои ҷумҳурӣ дар мавриди шинохти шеъри шоири «Лиссон-ул-ғайб» Ҳофизи Шерозӣ чанд сӯҳбате орост. Банда низ коми худ аз он шаҳд ширин намудаам. Рӯзи сеюми маҳфил Искандар ҳамчун иштирокчии ин маҳфил бо устод Сиёвуши Касроӣ дар сӯҳбат ҳамроҳ гардида, чанд абёти орифонаи Ҳофизи бузургворро хеле ва хеле бо санъати баланди дарки маонӣ ва лутфи муаддабонаи шоирӣ қироат намуд. Ҳама маҳву моти шеърхониву шеърдонии ӯ гардиданд. Устод Сиёвуши Касроӣ дасти худ сари сина мебурду бар Искандар аҳсан мегуфт. Барои мо дидани ин манзара боиси хеле ва хеле ифтихор гардида буд. Иддае аз нависандагону шоирони кишвар ифтихормандии хешро аз Искандар бо сару садоҳои баланд иброз менамуданд. Охир шеъри Искандар нақш ва ёду ёдгораҳои деворҳои харобгаштаи Ориёи бузург аст. Биёед, гӯш ба садои қалби пуршӯру пурармони ӯ биниҳем ва ба гӯши ҷон бишнавем, ки чӣ розҳое даруни синаи ӯ нуҳуфта буд:

Дар хуни ман ғурури ниёкон нуҳуфтааст,

Хашму ситезу Рустами Дастон нуҳуфтааст.

Пиндоштӣ, ки решаи пайванди ман гусаст?

Дар синаам 1000 Хуросон нуҳуфтааст...

Ва ё:

Маҳтоб дар лаби бом,

1 коса шири гарм аст.

Овози модари ман,

Чун бӯи шир нарм аст.

Хуршеди Ховар ояд,

1 села кафтар ояд.

Нури 2 чашми модар,

Искандар аз дар ояд…

 

Ҷумъахони Темурзода, 

шаҳри Душанбе

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter