ХАБАРИ ДОҒ

Китоб ба ифтихори 100 солагии Тӯҳфа Фозилова

  • Чоршанбе, Апр 26 2017


Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази байналмилалии таҳқиқи мусиқии мардумони Ховар «Борбад» ба ифтихори 100-солагии Артисткаи халқии СССР, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ Туҳфа Фозилова (1917-1984) таҳти унвони «Анъана ва меросбарӣ дар фарҳанги театрию мусиқии мардумони Осиёи Марказӣ: дирӯз ва имрӯз» маҷмӯаи наверо аз чоп баровард. Мураттибони ин китоб донишмандони шинохтаи тоҷик Аскаралӣ Раҷабов ва Муҳаммадраҳим Каримзода мебошанд. Китоб бо забонҳои тоҷикию русӣ ва хулосаҳои англисӣ мунташир гардидааст.
Бояд тазаккур дод, ки ҳунари нотакрори Туҳфа Фозилова дар фарҳанги садаи XX халқи тоҷик падидаи нодир аст. Дар ин росто дар маҷмӯа муҳимияти симо ва ва санъати нотакрори ин нобиғаи ҳунар дар пояи тозатарин аснод дар муқоиса бо навиштаҳои то имрӯз рӯи коромада ба риштаи таҳқиқ кашида шудааст.



СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter