ХАБАРИ ДОҒ

УМАРИ ШЕРХОН
5.06.1957
Баъди хатми мактаб-интернати №1 (1973), мактаби миёнаи №4-и ба номи А.Ҷомии ш.Данғара (1975), бахши журналистии факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро (1986) хатм кардааст. 11 сол дар Иттиҳодияи истеҳсолии матоъҳои пахтагини Душанбе (1979-1989), сипас дар Кумитаи назорати халқии Тоҷикистон (1989-1991), ҳафтавори «Наврӯзи Ватан» (1991-92) ва рӯзномаи «Нидои ранҷбар» (1992-95) ба ҳайси мудири шуъба ва узви ҳайати таҳририя фаъолият кардааст. Августи соли 1995-97 корманди масъули котиботи Сардори давлат. Аз моҳи майи с.1997 муовини директори Комплекси табъу нашри «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ. Нигоштаҳояш аз ибтидои солҳои 1970 дар расонаҳои даврӣ ба табъ мерасанд. Маҷмӯаҳояш – «Кохи ҳунар» (1997), «Гурд» (1998), «Омад» (1999), «Таҳамтан» (бо Ҷ.Аҷиб, 2001), «Асил» (2002), «Данғара» (2002, 2005), «Давлатманд» (2005), «Тораҳои хаёл» (2007), «Валӣ» (2007), «Сипос» (2010), «Мурод» (2012), «Матин» (2014), «Ваҳдатовар» (бо Н.Абдулваҳҳоб, 2014), «Сарфароз» (2017), «Пурдил» (2015) ва «Шуд он замона» (2017) чоп шудаанд. Аъзои ИЖТ (1992), ИНТ (2002), Ассотсиатсияи публитсистони Тоҷикистон (2007) аст. Раиси комиссияи Ҷоизаи ИЖТ ба номи А.Лоҳутӣ (2006-2011, 2012-16), котиб (аз 2016) интихоб шуда. Раиси Ассотсиатсияи публитсистони Тоҷикистон (аз с.2012), Раиси озмуни «Роҳи бехатар» (2011), узви ҳакамони озмунҳои ноширони ватанӣ дар Намоишгоҳи 2-юми байналмилалии китоби Душанбе (майи 2012). Бо ордени «Дӯстӣ» (2000), нишонҳои «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» (2002), «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» (2007), Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ (2011), медалҳои «100-солагии матбуоти Тоҷикистон» (2012), «75-солагии Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон» (2013), «25-солагии хурӯҷи Артиши Шӯравӣ аз Афғонистон» (2015) қадр шудааст. Барандаи Ҷоизаи Ассотсиатсияи публитсистони Тоҷикистон (2008) ва лауреати озмуни 65-солагии Ғалаба дар ҶБВ (2010, ИЖТ) мебошад.


Сутуни ГЖК
(Коммунисти асил ва патриоти реалӣ)
Ӯ чунон тӯлонӣ дар бинои маҷмаъаи рӯзномаву маҷаллот, маъруфтар бар ГЖК кор кардааст, ки бе ҳузураш ин маконро тасаввур кардан имкон надорад. Мӯниси ҳама журналистон аст. Вақт меёбад, ки ба ҳама редаксияҳо «сар халонад» ва «маслаҳат диҳад». Маслиҳати ройгон, вале лозима. Аз ҳама кору бор, санаду таърихи рӯзгор воқиф аст. Бо ҳама унс мегирад. Ҳаргиз нафареро намеранҷонад. Баъзан, мо кормандони редаксияи газетаи мардумӣ, ростӣ, ҳайрон мемонем, ки ӯ ин қадар вақтро аз куҷо меёбад?! Барои аҳли дил мегӯем, ки тамомии «пятиминутка»-ҳои СССР-ро ӯ мегузаронад. Ҳама (!!!) матлабҳои дар ҳар шумора нашршударо якояк мехонад (ҳатто тамоми СМС ва зангҳои хонандагонро!), баррасӣ, мекунад, баҳо мегузорад ва беҳтарин мақолаи ҳафтаро ӯ пешкашу редаксия бо раъйдиҳии кушода-ҚАРСАК мушаххасан муайян месозад. Ағлаби идеяҳое, ки дар газета матраҳ мешаванд, хусусан дар бахши таъриху фарҳангу иҷтимоъиёт моли ҳалоли ӯст. Бахил, ки нест, ба дилхоҳ журналист беҳтарин идеяро пешкаш менамояд, то онро думболагир шавад. Идеяҳояш ба журналистон илҳом мебахшад ва обрӯ меорад.
Коммунисти асил аст. Ҳаргиз ба ҳизбаш хиёнат накардааст, ҳарчанд аз ӯ патриоттар нафарро дар дигар ҳизбҳо ёфтан муҳолтарак аст: Ба хотири курсии вазифа ҳизбашро тағйир надод, ки надод...
Энсиклопедист аст. Дар бораи Тоҷикони сарбаланд информатсия ҷамъ мекунад, гуфтаи бародарони рус «крупицамы». Сафи қаҳрамонҳои фарзандони Тоҷикистонро даҳҳо нафар афзуд. Зеро 30 сол аст сари ин масъала кор кардаву қаҳрамонҳои иттифоқи Советӣ дар ҶБВ-ро аз дигар кашф кард. Ӯ русу арману озариву ӯзбаку прибалтҳоеро, ки аз военкомати РСС Тоҷикистон ба ҷанг рафтаву қаҳрамон шудаанд, дарёфт ва ба оламиён Тоҷикистонро чун Ватани қаҳрамонҳои ҶБВ муаррифӣ намуд. Танҳо бо ҳамин хизматаш месазад, ки дар ҶТ олитарин унвонро гирад. Ва ҳам мегирад. Рӯзе не рӯзе ҳатман мегирад. Зеро Мо Метавонем!
Зодрӯзи журналист, сиёсатмадор, адиб, тақвимнавис, матбуотчӣ, энсиклопедист ва просто Одами муваффақ ва Инсони асил мубораки ҳар якамон бод!


СССР
Махсус барои Ихвон ал СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter