ХАБАРИ ДОҒ

Иноятзода «Энсиклопедияи Истаравшан» нашр мекунад

  • Ҷумъа, Окт 13 2017


Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан тасмим гирифтааст «Энсиклопедияи Истаравшан» омода ва нашр намояд.

Энсиклопедияи мазкур бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳама ҷонибаи осори гузаштагон ва муосир, дастоварди илмии муаррихон, олимон, адибон ва фозилони шаҳри Истаравшан, ҳифз ва дастраси умум гардониданӣ дастовардҳо, дастхатҳои нодир, мураттаб сохтани ганҷинаи илмию тадқиқотӣ, таърихию фарҳангии миллии маҳал омода ва чоп мегардад.
Дар ҳайати таҳририя, мушовара ва эҷодии сарредаксия Саидумари Султон, академикон Кароматулло Олимов, Ӯлмас Мирсаидов, Маҳкам Маҳмудзода, доктори илмҳои фалсафа Маҳмадқул Ҳазратқулов, Баҳром Иноятзода Раиси шаҳри Истаравшан, ҷурналистон Ҳусейни Нарзулло, Ҳикматуллоҳи Насруллоҳ, Сайфулло Маҳкамов, Раънои Зоирдухт, Илҳоми Саршор, Ӯктами Нурулло, Валиҷон Акбарӣ, Баҳром Юсуфзод инчунин Нигора Ҳайдарзода муовини раиси шаҳр, Акбар Маърупов роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, Шералӣ Азимӣ котиби матбуоти раиси шаҳр, Қаюмов Абдуваҳоб раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат, Икромов Ортуқбой сардори Раёсати маориф, Фарҳод Обидов сардухтури беморхонаи марказӣ, Насриддин Хоҷаев директори Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан, Абдуманнон Ҳусейнзода узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, Роҳатой Икромова корманди филиали бойгонии вилояти Суғд дар шаҳри Истаравшан ва нависанда Неъмати Бобоҷон шомил гардидаанд.
Бояд иброз намуд, ки омода гардидани «Энсиклопедияи Истаравшан» аз ҷониби як гуруҳ олимон ва академикони шаҳри Истаравшан пешниҳод гардида, он аз ҷониби раиси шаҳри Истаравшан Баҳром Иноятзода ҷонибдорӣ гардид.

СССР


ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter