ХАБАРИ ДОҒ

Убайдуллоев ба нақлиётчиёни пойтахт ҳушдор дод

  • Сешанбе, Март 29 2016

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе ба фаъолияти Низом Ҳакимов, муовини соҳавии раиси шаҳри Душанбе, МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон», Раёсати хадамоти давлатии танзим ва назорат дар соҳаи нақлиёт дар пойтахт ва ШБДА дар шаҳри Душанбе баҳои ғайриқаноатбахш дода ба масъулини номбурда ва роҳбарияти ин муассисаву сохторҳо барои ислоҳи камбудӣ нисбати хатсайрҳои ғайриқонунӣ амалмекарда, истгоҳҳои стихиявӣ ва гузаргоҳҳои зеризаминии серанбӯҳ 1 моҳ мӯҳлат додааст.

Чуноне ки аз дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе ба мухбири СССР хабар доданд, ин нуктаро Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 28 март зимни ҷаласаи навбатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таъкид намудааст. Дар зимн, шаҳрдори Душанбе аз масъулини соҳаи нақлиёт, коммуниакатсия ва беҳдошти роҳҳо низ талаб кардааст, ки назорати қатъӣ ва мунсифонаи хешро оид ба танзим даровардани хизматрасониҳои воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон муттасил ба роҳ монда ҷиҳати ислоҳи вазъ чораҳои амиқ андешанд.

Ҷамила Ҳусейнова

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter