ХАБАРИ ДОҒ

Коронавирус: Чаро мардон мемиранду занҳо на???

  • Чоршанбе, Май 27 2020

Агар ба саҳифаҳои иҷтимоӣ ва интернет назари сарсарие афганем, пас мебинем, ки аксарияти таслияту таъзияҳое, ки ин ҷо кишта мешаванд, ба ҷинси мард мутааллиқанд. Ба забони дигар мардон бештар аз коронавирус фавтидаанд. Теъдоди шифоёфтагон аз ин вабои аср бошад, боз ҳам занонанд. Яъне чӣ? Яъне бонувон нисбат ба мардон имунитети боқувват доранд? Шояд! 

Ва шод ҳам бояд буд, ки Худои мутаъол модарони моро дар паноҳи раҳмату исмати хеш нигоҳ медорад. Вале агар ба умқи масъала назар дӯзем мавзӯи наве бароямон ба ҷилва меояд…

-Мардон тарсутар аз занон шудаанд!!!

Яке аз аломатҳои фавти ин вирус, тавре, ки олимон муайян кардаанд, тарс аз гирифторӣ ба он будааст. Яъне мантиқан агар назар афганем, пас мо-мардон тарсутар аз бонувонем! Мардона инро бояд иқрор кард, ки чунин ҳастем...

1 рафиқам гуфт, вақте табб кардам, занам пойҳоямро оғӯш гирифта мегуфт, «Худо дарди ту маро гирад!». Оё мардеро дидаед, ки дар баробари марази занаш чунин даъво пеш орад? Ана ҳамин иддаоро, ҳар вақте, ки шахсан ман касал мешудам, аз забони модарам мешунидам: «Дарди ту маро гирад!». Ва очаҷонам аз сидқи дил инро мегуфту лаҳзае аз пешам дур намешуд, ҳарчанд хавфи мубтало шудан дошт. Фикр мекунам дигарон низ инро аз модаронашон шунидаанд. Вале аз забони падарон шунавидани ин даъво амрест муҳол. Яъне зан-модар ҳамеша омодааст, мардона, бидуни тарсу ваҳм дарду ранҷу вабову балову батари сари мардон омадаро дар худ ҷо кунад. Ва ҳамакнун баргардем сари иддаои Ибни Сино, ки мегуфт, «Тарс ваборо дар бадан ҷо мекунад!». Дарки ин тарс ва ун ҷасорат дар мавриди коронавирус, ба гуфтаи Аловуддин Абдуллоев «кори хирсро тамом!» мекунад. Яъне мушкили маргу мири мардон аз коронавирус мушаххасан муайян мегардад, ки за тарс аст.

Воқеан ҳам на танҳо дар Тоҷикистон мардон бештар аз бонувон аз ин вирус мефавтанд. Омори расмие, ки табибони Чин баъди 6 моҳи фарогиршавии пандемияи коронавирус ташхис кардаанд, ҳокӣ аз ҳамин далел аст, ки мардон бештар мемиранд!

Хитоиҳо исбот кардаанд, ки 70% фавтидагони коронавирус дар ақсои олам аз ҷинси мард будаанд. Ба забони дигар маргу мир миёни мардон дар нисбат ба занон 2,5 маротиба зиёдтар аст!!! Синни фавтидагонро низ бояд ба инобат гирифт. 76,8% мардони фавтида аз 66 то 90 сола мебошанд. Танҳо 13,2% аз 65 поинанд! Яъне чун мардон аслан тарсутар аз бонувонанд, бо гузашти умр тарсутарак мегарданд ва ин тарс аз марг, маризӣ, касалӣ…то охири умр давом мекунад.

Намунаи тарсончакии мардон ин ҳам ҳаст, ки бо гузашти сол «Марди Манум мегуфтагӣ», ба гуфтаи Бобои Ғулом, ба занаш ҳатман мегӯяд, ки «Маро дар пеши пои ту кушад!». Инро мардоне низ мегӯянд, ки то солзадагӣ бар зан ситам мекарданд. Қойил шавед, мардона, ки чунинем! Яъне бо гузашти сол мард тарсутар мегардад ва издивоҷи мӯсафедон баъди фавти ҳамсар, бо баҳонаи «ақаллан оби таҳоратам медиҳад», маҳз тарс аз танҳоӣ, тарс аз касалӣ ва тарс аз марг аст, на чизи дигар! Зеро агар на чунин мебуд, кампиракон низ шавҳар мекарданд, баъди сари шавҳар…

Вале суоли матраҳ ин аст, ки мо-мардон чаро чунин шудаем? 

Чанде муқаддам коромӯзи ҷавони мо-Омирона Достиева 1 матлаби аҷибе навишт, ки он вақт, то шуруъи пандемияи коронавирус, ба он аҳамият надодем. Ӯ гуфт, «занҳо боҷуръаттар ва ҷасуртар аз мардон шудаанд» ва мисол ҳам овард, ки духтарон, занҳо, кампиракон ҳини интервю нотарсона аз мушкилиҳо мегӯянд, аз наздикони маҳбасии хеш пуштибонӣ мекунанд, дари военкоматҳоро мегиранд ва аз каштали облавачиҳо меқаппанд ва ғ. ва ҳ….коре, ки мардон аслан намекунанд! Чаро? Суолест, риторикӣ!

Дӯсти газетаи мо, профессор, Хоналӣ Қурбонзода версияи аҷибе пеш меорад. Ӯ мегӯяд, яке аз сабабҳои сӯи ҷавонони «нимамардаки аврупоӣ» майл кардани тоҷикписарон ин хелеее кам будани омӯзгорони мардак дар синфҳои ибтидоист. Зеро чун устоди нахустини алфозбадаҳан зан аст, пас дар психология ва зершуъури писарбачча маҳз ӯ-муаллима, на муаллим(!), зан, на мард(!!), нақши ногусастание мебозад то охири умр! Ба забони дигар, агар мехоҳед, ҷавонмард тарбият кунем, бояд Вазорати маориф сафи муаллимони синфҳои ибтидоиро аз ҳисоби мардон беш кунад! Ва ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистони азиз, чун дар ақсои олам мураббии мардак дар кӯдакистонҳо аслан нест!!! Ҳамонгунае, ки дояҳо билкулл занонанд. Яъне чӣ? Яъне кӯдакро сар аз таваллуд, то боғча ва сипас то синфи 5-уми мактаби миёна танҳо занон тарбият мекунанд. Ба забони дигар 12-13 соли 1 писарбачча дар тарбияти зан мегузарад ва аз ин бачча мо ҷавонмардӣ талаб мекунем?! Хестед, ки хобе(м)д!!!

Албатта ин гипотеза аст, вале ҳар фарзия ҳуқуқи мавҷудият дорад ва онро низ олимони педагогика ва психология бояд мавриди пажӯҳиш қарор диҳанд. Мардонро аввал мардак бояд кард ва он гаҳ ҷасорат талаб. Дар сурати акс мо бо ҳамин тарс хоҳем мурду мурду мурд. 

PS: Воқеан хонандаи гиромӣ, фарқ миёни вожаи мАрд ва мУрд ҳамин 1 садонок(А-У) мебошад, ки дар алифбои ниёкон вуҷуд надорад ва марду мурд 1 хел навишта мешавад.

 Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter