ХАБАРИ ДОҒ

Лутфуллои Давлат ҳунармандони театри Маяковскийро ба театри Лоҳутӣ даъват кард

  • Сешанбе, Апр 26 2016

Лутфуллои Давлат, директори Театри давлатӣ – академии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ тамоми ҳунармандон ва кормандони театри давлатӣ – академии рус ба номи Владимир Маяковскийро ба театри Лоҳутӣ даъват намуда барои онҳо даромадгоҳи ҷудогона ва толор барои машқҳои алоҳида ҳам пешбинӣ кардааст.

Номаи расмии Лутфуллои Давлат барои даъвати актёрон ва кормандони театри рус ба театри А. Лоҳутӣ рӯзи 25.04.2016 ирсол гашта ӯ омодааст реҷаи кориро дар театри худ иваз карда саҳнаро бо навбат барои спектаклҳои 2 театр тақсим намояд.

Чуноне ки худи Лутфуллои Давлат дар сӯҳбати ихтисосӣ бо мухбири СССР зикр намуд, «меҳмонии» актерони театри рус дар театри А. Лоҳутӣ характери муваққатӣ дошта онҳо то таҷдид ва таъмири Кохи «Тоҷикистон», ки бояд барои театр ва саҳнаи театри мутобиқат намояд, дар театри мазкур машқу тамрин намуда намоишномаҳои худро хоҳанд гузошт.

- Барои ҳар 1 ҳунарманд театру саҳна ин дар даст ва танҳо ҳунарманди дигари театрӣ метавонад дарди 1 ҳампешаи худро дарк кунад. Тасмиме, ки ман гирифтам бо маслихат ва розигии тамоми кормандони театрамон буда 3 моҳи оянда актёрони театри рус меҳмони мо хоҳанд шуд, - таъкид дошт Лутфуллои Давлат.

Бояд қайд намуд, ки тибқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе Театри давлатӣ – академии рус ба номи В. Маяковский дар рӯйхати биноҳои тахриб мешуда аст ва ҳунармандони театр бо 1 муроҷиат, ки дар рӯи саҳнаи театр гирифта шуда актёрон ба тан сарулибоси каҳрамонҳои худро аз намоишномаҳои гуногун ба бар кардаанд, аз роҳбарияти кишвар хостанд, ки ба макони санъату фарҳанги миллӣ таваҷҷӯҳ намуда аз барканоршавӣ наҷот бидиҳанд.

 

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter