ХАБАРИ ДОҒ

Хатти арабӣ ё форсӣ ва мо…

  • Панҷшанбе, Сен 10 2020

 

Онҳое, ки бо баҳонаи "канда нашудан аз осори гаронмояи гузаштагон" моро метарсонанд, ба хубӣ медонанд, ки мардум аз он "осор" ҳич баҳраи неке набурда аст. Ва агар ба хатти арабӣ гузарем ҳам, баҳра нахоҳанд гирифт. Инро ба хубӣ медонанд. Ман каму беш бузургонро мехонам. Ба ростӣ чӣ бояд бигирӣ, аз ончи ба дардат намехурад? Ҳамаи "осори" гузаштагони пурифтихори моро мешавад бо 2 вожа гирду ғун кард: 

-ё тафсири Қуръонро бо шеър навистаанд;

- ё афсонаи 2 бадгашти биёбонӣ, монанди Лайлию Маҷнунро. 

Ончи аз донишварию дардхурди зиндагии мардум бошад, ҳамагӣ ба забони арабӣ навистаанд, ки ҳаргиз бо донистани хатт, навиштор, намешавад онҳоро омӯхт. 

Қуръон ва Маснавӣ

Қуръони Пок ва тафсирашро бе ёрии "Маснавии маънавӣ" ҳам мешавад омӯхт. Аз ҳамаи навиштаҳои Иқбол "Чоркитоб" ва "Маслак"- и Сӯфии турк болотаранд, ки Шариъатро фаҳмотар бозгӯ кардаанд. Чӣ метавонам аз ҳамаи осори бузургони барҷастаамон бигирам, ки беҳтар аз худи Қуръон бошад ё Тафсир ё Ақида? 

Афсонаи 2 бадгашти биёбониро, бузургони мо, чунон нигоштаанд, ки дар 1000 сол адабиёти рус ин шумора осори навишторӣ надорад. Гирд оваред "Лайлию Маҷнун"-ҳои навиштаи тоҷиконрою бо ҳамаи адабиёти рус баробар монед, мӯйи саратон рост мешавад. 

Кӣ Шоҳномаро хондааст?

"Шоҳнома" мегӯед? Савганд ба Худо, ки дар ҳамаи Тоҷикистон 1000 кас нест, ки "Шоҳнома"- ро хонда бошад! Ва ба кадом навишторе набошад, намехонад! Гумонатон то ба навиштори русӣ гузаштан 1001 кас хонда буд? 

Пури Синою Абӯбакри Розӣ, ки ба порсӣ нанавистаанд, ончи аз эшон бояд биомӯзем. Забони навиштори арзишманди онҳо арабӣ буд-ку?

Бигирем ба навиштори порсӣ (ки чунин навиштор ҳаргиз нест, хатти арабӣ ном дорад ин навиштор) бигзарем, чӣ бурд хоҳем кард? Омӯзгорони мо то "кутанҷенс" гӯйии котангенсро меомӯзанд, ки ками кам 100 сол мебозем. 

Донишварию парвариши мо (ҳо, ҳо, дорем чунин чизҳо ҳам!) ба ҳамин навиштору забоне, ки имрӯз ҳаст, омӯхта шудааст ва нумӯ мекунад. Аз оне, ки шумо бештар аз ҷамоли ҷаҳоноройи Лайло чизеро дидан намехоҳед, Тоҷик физикаи ҳастайӣ (ядройӣ), физикаи фаросардӣ, генетика, астрофизика, химияю биохимияю биофизикаю информатикаю ... гуфтагӣ донишҳою донишварону донишҷӯён дорад, ки бо дигар кардани навиштор ҳамагӣ лайлипараст мешаванд, дигар ҳич. 

Руки проч!!!

Барои омӯхтани зиндагиномаи Маҷнун бояд аз ин донишҳое, ки дорем, даст кашем?

Зиндагии тоҷик, бо забону навишторе, ки имрӯз дорад, пеш рафта истодааст. Дастрасӣ ба ҳар технологияи нав дорад, тоҷик. Забони куриёйӣ (Кореяи ҷанубӣ) аз забони 30 сол пешаш дигар аст, ҳич боке не. Ба тундӣ дигар кардани навиштору забону дину фарҳанг, мардумонро ба нестӣ мекашад. 1000 сол пеш навиштори арабӣ барои мо бегона буд, имрӯз аз худ медонем. Навиштори русӣ 100 сол пеш бегона буд, инаш ҳам худӣ мешавад. Ҳич боке не.

Мо Метавонем!

 

Сафват Бурҳонов

Одесса, барои СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter