ХАБАРИ ДОҒ

Нахустин каломе, ки пайравони ислом ҳангоми мулоқот ба забон меоваранд,  “Ассалому алайкум” мебошад, яъне “Сулҳ ба хонадони шумо!”. Ин аст даъвати ислом. Парвардигори олам дар бисёре аз ояҳои хеш мардумро ба анҷом додани амали солеҳ ва некукорӣ даъват намудааст. Амали солеҳ-яъне амале, ки сулҳ меофарад.                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                     Ва амали солеҳ баҷой ор ва накӯкорӣ кун чуноне, ки эҳсон кардааст Худованд ба ту ва фасод макун дар рӯи замин. Албатта Худо дуст намедорад муфсидонро. (Сураи Қасас ояти 77).

Солеҳ, Салоҳ, Салом, Сулҳ, ин вожаҳо дорои решаи муштарак мебошанд ва беҳтарин амали солеҳе, ки сулҳ меофарад ин некиву накӯкорӣ ва адлу инсоф мебошад.

“Ҳамоно Худо амр мекунад ба адлу инсоф ва накӯкорӣ... (Сураи Наҳл, ояти 90).

Парвардигори олам тавассути ин ояҳои пандомези хеш ҷомеаи инсониро ба адлу инсоф даъват менамояд. Қуръон, ки манбаи асосии таълимоти ислом мебошад мардумро даъват менамояд,  то ҷомеае дар асоси адолат, инсоф ва ахлоқ бисозед, ки ҳосили он сулҳ бошад. Ин аст, ки маҷмуаи аъмоли нек дар Қуръон ба номи амали солеҳ хулоса мешаванд. 

Террор ва ислом

Мутаассифона, тайи чанд соли охир дар расонаҳои ахбори умумии Ғарб исломситезон, ки аз мазмун ва моҳияти даъвати ислом бехабаранд, мехоҳанд дини мубини барҳақи исломро ҳамчун дини ҷангҷӯ, ошӯбгар ва террорӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд. Ҳадафи ниҳоии ин расонаҳо эҷоди нафрат нисбати мусалмонон мебошад. Вале ислом пайравонашро ба сулҳу оштӣ, адлу инсоф ва накӯкорӣ ташвиқ намуда, зулму истисмор ва ҷангҳои  таҷовузиро қотеона маҳкум менамояд.

“Агар майл кунад ба сулҳу оштӣ, ту ҳам (ай Муҳаммад с.а.в) майл кун ба сулҳу оштӣ ва таввакул кун бар Худо. Ҳамоно Худованд шунавову доност. (Сураи Анфол, ояти 61).

Қуръон дар ҳеҷ яке аз ояҳои худ мардумро ба ҷангҳои таҷовузӣ даъват накардааст. Ва он ояҳое, ки дар мавриди ҷиҳод нозил шудаанд хосияти дифоӣ дошта, Худованд аҳли эмонро ба мубориза бар зидди зулму ҷаҳолат ва пирӯзии ҳақ бар ботил даъват намудааст, то дар ҷомеъа адолат ҳукмфармо бошад. Бинобар ин ислом ҷангеро, ки хосияти мудофиавӣ дораду барои ҳифзи ҷону молу номуси инсон аст, маҳкум намекунад. 

   “Ва биҷангед дар роҳи Худо бо онҳое, ки ҷанг мекунанд бо шумо  ва аз ҳад магузаронед, ҳамоно Худо дӯст намедорад аз ҳад гузаронандагонро”. (Сураи Бақара, ояти 190).    

Гӯруҳҳои ифротие, ки барои ҳимояи манфиатҳои сиёсӣ ва иқтисодии хеш номи муқаддаси исломро суиистифода бурда, даст ба амалҳои зишти террористӣ мезананду номи исломро доғдор мекунанд, бо ислом иртиботе надоранд, вале ғарбиҳо аз руй амали зишти онҳо таълимоти исломро муҷрими ин ҳама қатлу куштор мекунанд, ҳол он, ки ислом қатли инсони бегуноҳро қотеъона маҳкум мекунад.  Худованд дар сураи Моъида ояи 35 мефармояд: 

“ҳарки бикушад каси бегуноҳеро, гуё, ки куштааст тамоми мардуми рӯи заминро ва ҳарки сабаби наҷоти инсоне шавад, гуё зинда сохта тамоми мардумро.” 

 

Масеҳиён садҳо миллионро куштаанд

Ғарбиҳо исломро дини ҷангҷӯ ва масеҳиятро сулҳҷӯ ва дини муҳаббат меноманд. Вале динро бояд аз рӯи таълимоташ баҳо дод,  зеро пайрави 1 дин метавонад саҳван ё қасдан амалҳое анҷом диҳад, ки зиди таълимоти он дин бошад.   Масалан ҷангҳои салибӣ, ки дар тӯли 10 қарн боиси куштори 30 млн мусулмон гардид, тавассути падари рӯҳонии масеҳиёни католик-Урбани 2, дар соли 1095 милодӣ бо эълон намудани ҷанги муқаддас анҷом ёфтааст. Баъд аз кашфи Амрико зиёда аз 2 қарн қатли мардуми таҳҷоӣ тавассути сарбозоне, ки таҳти парчами салибдор амал мекарданд куштор ба дараҷае расида буд, ки дар баъзе минтақаҳо 95% аҳолии бумиро нобуд карданд. 

Ҷангҳои мустамликавии аврупоиҳо дар Осиё ва Африқо чӣ. Ҷанги якуми ҷаҳон зиёда аз 8 млн қурбонӣ, Ҷанги дуюми ҷаҳони зиёда аз 50 млн қурбонӣ боқӣ гузошт. Оё бомборони атомии шаҳрҳои Херосимо ва Нагасакӣ, ки сабабгори куштори чанд миллион ҷопонӣ шуд, магар  дастандаркоронаш пайравони масеҳият набуданд? Мо, мусламонон баъди ин ҳама дини масеҳиёнро дини террорист наменомем-ку?! Зимнан исломро дини ҷангҷӯ ва масеҳиятро сулҳҷӯ ва дини муҳаббат номидан аз руйи адолат нест. 

Зоҳиршо Саламатшоев, 

афсари собиқадори БДА

             

 

 

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter