ХАБАРИ ДОҒ

Расо 15 рӯз мешавад, ки писарам Ромин дар корпуси 6Б-и Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» хоб аст. Ин бино ва ошёнаҳои онро бо долону зинапояҳои гуногунаш кайҳо азёд медонам, зеро 3 сол пеш низ 3 моҳи тобистонро дар ин корпус паси сар карда будем. Он замон раҳбарии Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»-ро Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири имрӯзи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зимма дошту агар гӯям, ки аз лиҳози тартибу тозагӣ ва оромӣ он дар кишвар ҳамто надошт, хато намекунам.

Тавре мегӯянд, замони раҳбарии Ҷамолиддин Абдуллозода дар ин беморхонаи №1-и пойтахт пашшае бе иҷозат пар намезад. Қаблан ҳамкори мо Омирона Достиева, ки таҷрибаи табобатро дар бахши бемориҳои занонаи ин даргоҳ карда буд, навишт, ки «Истиқлол»-и имрӯз дигар он «Истиқлол»-и 3 сол пеш нест ва ман тайи 2 ҳафтаи ахир бори дигар ин гуфтаҳоро дар таҷрибаи худам собит кардам. Гап сари тартибу низом ва рафтору кирдори мардуми бемордор ва беморхабаргир меравад, ки ҳоло воқеан гузаронидаанд ва ё барояшон иҷозат доданд, ки аз ҳад гузаранд.

 

Беморхона ё таваққуфгоҳ?

Ҳар субҳу шом ҳудуди назди корпусҳои маҷмаа ба таваққуфгоҳи нақлиётӣ мубаддал мегардад. Анбӯҳи воситаҳои нақлиёти шахсӣ бештар аз ҳама дар назди копусҳои 5А, 5Б, 6А, 6А, 7А, 7Б ҷамъ мешаванд. Гоҳо мошин ин қадар зиёд аст, ки ронандаи «Ёрии таъҷилӣ» ҳисобашро гум мекунаду намедонад беморро, ки дардаш хуруҷ кардааст, дар куҷо фарорад. Дар назди корпуси 5Б, ки он ҷо асосан калонсолон табобат мегиранд, аз субҳи содиқ то нисфи шаб пур аз воситаҳои нақлиёти хусусӣ аст ва Худо нокарда, сухторе ба амал ояд, гумон аст, ки мошини сухторхомӯшкунӣ тавонад аз бари ин мошинҳо рад шавад.

Вақтҳои час-пик, аз соати 17:30 то 19:00-и шом дохили маҷмааи табобатӣ микрорайонеро мемонад, ки дар ҳудудаш пайваста мошинҳо равуо доранд. Садои гӯшхароши сигналҳо, дуди мошин, овози баланди ронандаҳо гоҳо беморонеро, ки ҷарроҳиро паси сар кардаву мехоҳанд дар оромӣ бихобанд, асабӣ месозад. Имрӯз тавре шудааст, ки касе хоҳад бо мошинаш ба ҳудуди маҷмаа даромадан мегирад.

Ман зидди равуои таксиҳо нестам, бигузор бошанд, вале чаро мардуми беморхабаргир аз таваққуфгоҳи «Истиқлол» истифода набаранд? Тай кардани 100 метр аз дарвоза то корпус чӣ мушкилӣ дорад? Ё ин ки ҳамагӣ танбал шудаему намехоҳем 1 қадами зиёдатӣ гузорем? Ва аз ҳама муҳим, чаро посбонҳо ва муҳофизони дами дарвозаҳо мегузоранд, ки анбӯҳи зиёди мошини шахсӣ вориди беморхона шавад!? Пас онҳо барои чиянд?

 

Беморхона бояд бӯйи дору кунад

Дар ин 15 рӯзе, ки писарам хоб аст, рӯзе 1 маротиба писарамро хабар мегирам ва он ҳам бегоҳ. Дар ин муддат танҳо 2-3 рӯз субҳона бурдам ва он ҳам дар рӯзҳои истироҳат буд. Зимни аёдат аз 15-20 дақиқа бештар намешинам, зеро тартиби аёдати бемор ҳамин аст. Медонам, ки дар шуъбаи бемориҳои гӯшу бинӣ, гулӯ ва урологияи кӯдакона духтурони соҳибкасб ва хоҳарони шафқати меҳрубон ҳастанду ҳеҷ гоҳ беморонро танҳо ва ё беаҳамият намегузоранд. Саҳар субҳона меоранду нисфирӯзӣ хӯроки гарми парҳезӣ.

Аммо маро 1 ҳолати дигар ноҳинҷор сохтааст ва он ҳам тӯда-тӯда омадани мардум ба аёдати бемор. Гоҳе мебинам, ки 10-12 нафар барои хабаргирӣ омадаву ҳама дар 1 палата  ҷамъ мешаванд. Дар 1 палата одатан 3 бемор хоб асту кӯдаконро бештар модарон парасторӣ мекунанд. Одами зиёдатӣ, ки боз ҳам гоҳо деги хӯрокро бардошта омадаанд, 3-4 соат нишаста, ҳамон ҷо чой нӯшидаву ҳамагӣ хӯрок мехӯранд, ки ин аз рӯи одоб нест. Ин ҳолат бемору бемордорони дигарро нороҳат мекунаду бӯйи хӯрок дар тамоми шуъба паҳн мешавад. Ба ҷойи доруву хлор беморхона бӯйи хӯрокро мегирад. Ин ҳолатро дар тамоми корпусҳо мушоҳида кардан мумкин аст.

Ман ҳам модарам ва барои фарзандам нигаронам, вале ҳеҷ гоҳ аз меъёр зиёд барояш обу хӯрок намебарам. Агар аз рӯи ҳисоб гирем 200 грамм хӯрок, нимто нон, 1-2 дона мева кофӣ аст. Рӯзи дигар боз хӯроку меваҳои нав мебарам, бигузор кам-кам ва бомазза хӯрад, мисли дигарон намегузорам, ки хӯрок дар паси тирезаҳои палата ва ё яхдони шуъба ҳафтаҳо истад. Мутаассифона, хӯроке, ки дар 1 шабонарӯз дар корпусҳои «Истиқлол» масраф мешавад, шояд баробари хӯроки шоми сокинони 1 шаҳри хурди кишвар бошад ва аксар вақт нимаи зиёди он ба партов меравад…

 

«Тихий час» бояд бошад!

Дар тамоми беморхонаҳои кишварҳои пасошӯравӣ аз соати 14 то соати 16 соати оромӣ –«Тихий час» аст ва дар ин 2 соат, ки бемор бояд истироҳат кунад, ба наздаш касеро намегузоранд ва ташвиш ҳам намедиҳанд. Духтурон низ дар ин вақт бояд ба корҳои худ бирасанд. Аммо чаро мардуми мо то ҳанӯз ба ин диққат намедиҳанд? Ба ғайр аз беморону бемордорон ва беморхабаргирон мардуми дигари бемор низ аз субҳи содиқ то шом барои муоина ба назди докторон меоянд. Ман зидди ин ҳам нестам, бигузор биёянду диагнози қаблан гирифтаи худро мисли мо санҷанд, машварат кунанд, маълумоти бештар бигиранд. Аммо ин маънои онро надорад, ки бояд бо чанд нафар аъзои оила омаду коридорҳоро пур карду рӯзи дароз нишаст. Алалхусус дар ин вазъ, ки бемории коронавирус дубора ба кишвари мо омадаву бояд худро аз он эҳтиёт кард.

Мардуми зиёди беруна долони бе ин ҳам танги ошёнаҳоро пур карда, рӯзи дароз дар интизори духтур мешинанд. Вақти оромии беморонро ба инобат намегиранду гоҳо мехоҳанд бо зӯрӣ вориди шуъба шаванд. Дӯғу пӯписа, доду вой, дашному таҳдид ба сари духтурон мисли борон мерезаду дарҳои чипдори шуъбаҳоро бо зӯрӣ мекушоянд. Дар беморхона бояд чунин набошад ва раҳбарияти имрӯзи Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» бояд сари ин камбудиҳо чора андешад, зеро бемор дар оромӣ даво меёбад!

Муолиҷаи мо дар беморхонаи «Истиқлол» давом дорад. Мо пайгири мавзӯем.

 

Ҷамила Ҳусейнова, СССР,

аз Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»,

 

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter