ХАБАРИ ДОҒ

Аниси булбуловози дили мо

  • Чоршанбе, Дек 28 2022

 

Аз редаксия: артисти халқии СССР-дӯсти СССР

Боварнокарданист, ки устод ҷӯрабек Муродов нав ба синни 80 мерасанд. Зеро мо ӯро 2 аср мешносем ва фикр ҳам доштем, ки Ҷӯрабек Муродов ҳадди ақалл 200 солаанд ва 300 соли дигар умр хоҳанд дид!!! Худо умрашонро дароз ва ризқашонро фароз кунад. Устод аз дӯстони газетаи мардумии СССР-анд ва ҳар боре дидор кунем, ҳатман мегӯянд:

-Дуруд бар СССР аз ягона сарояндаи халқии СССР...дар Тоҷикистон...

Ин матлаби 1 тан аз мухлисини Ҷӯрабек Муродов, ки сафашон аз садҳо миллион низ убур кардааст, дар арафаи ин ҷашновра пешкашат мегардад, хонанда. Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад!-ин шиори мост. Минҷумла хидматҳои бузурги устод дар назди санъати мусиқаи миллӣ низ фаромӯшнашуданист... Мо Метавонем!

 

 

(Ба муносибати 80-солагии зодрӯзи устод Ҷӯрабек Муродов 24.12.1942)

 

Боби 1. Турсунзода-падари Ҷӯрабек

Вақте, ки соли 1979-ум хушхабари деринтизори ба унвони баланди Артисти халқии Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор гардидани овозхони истеъдодаш Худодод – Ҷӯрабек Муродов паҳн шуду вирди забонҳо гашт, шодию сурур ва ифтихори мо – мухлисони бешумори сурудҳои гӯшнавозу дилнишину оламгираш интиҳо надошт.

Устоди зиндаёд Мирзо Турсунзода, ки низ мухлиси овози ширадори Ҷӯрабек Муродов буданду овозхон эшонро қиблагоҳ хонда буд ва баъди солиёни зиёди ҳамкорӣ бо васияти устод Турсунзода ҷисмашонро дар оромгоҳи Лучоб ӯ ба хок супурд, мегуфтанд, ки Ҷӯрабек воқеан ҳам овози шеъри халқи Тоҷик аст!

Барҳақ чунин аст ва чунин халқ наметавонад ошиқи шайдои оҳангу суруду навою мусиқӣ набошад.

 

Боби 2. Ҳофизони «Радиои 5-сӯма»

Гӯши ман ҳанӯз аз овони хурдсолӣ ба созу навою сурудҳои гуногун, ба овози бисёр сарояндагон одат карда буд, зеро дар хонаи мо, чӣ аввал дар деҳаи Фатмев ва чи баъдан дар деҳаи Лучоб «Радиои 5-сӯма» мудом фаъол буд, аз тариқи он сомеъон консертҳои ранг ба рангро мешуниданду ҳаловат мебурданд. Падарам, муаллими мактаби миёна, низ бо шавқ замзамаи овозхононро гӯш мекарданд ва сари ҳофизон баҳси гарму нарме ҳам мекарданд.

 Сарфи назар аз хурдсолӣ, ман аз рӯи кунҷкобӣ ба ҳарфи онон гӯш меандохтам. Биноан ҳанӯз аз бачагӣ номҳои Ҳоҷӣ Абдулазиз, Содирхон Ҳофиз, Домулло Ҳалим, Шоҳназар Соҳибов, Акашариф Ҷӯраев, Бобоқул Файзуллоев, Фазлиддин Шаҳобов, Боймуҳаммад Ниёзов, Зафар Нозимов, Одина Ҳошимов, Тӯҳфа Фозилова, Савсан Бандишоева ва дигарон бароям шинос ва ошно буданд.

Ҳар кадоме аз онон дорои сабку услуб ва мактаби хоси худ мебошанд.

Ҷӯрабек Муродов, ки ҳампояи устодони зикршудаи ҳунар мебошанд, истисно нестанд.

 

Боби 3. Мактаби Ҷӯрабек

Дар бораи мактаби эҷодии ин овозхони забардаст бисёр гуфтаанду навистаанд. Ман бошам ҳамин қадар гуфтаниам, ки эҷодиёти ӯ аз 3 сабк иборат аст:

-сурудҳои классикӣ, билхосса «Шашмақом»,

-сурудҳои халқӣ, фолклори водии Зарафшон,

- сурудҳо бар ашъори шоирони муосир.

Ӯ на танҳо бо забони тоҷикӣ, балки бо бисёр забонҳои дигар месуруд, ба кишварҳои зиёди олам сафарҳои эҷодӣ карда ва дар ҳама ҷо хуш пазируфта мешуд. Истеъдод ҳамеша қадр мегардад, ба ин ҳеҷ шакку шубҳа нест.

Ҳанӯз аз аввалин сурудҳое, ки дар иҷрои Ҷӯрабек Муродов шунида будам, мухлиси ашаддии эҷодиёташон шудам. Вақте донистам, ки он кас ҳамдиёрам, зодаи деҳаи Куруди ноҳияи Айнӣ ҳастанд, аҷабам омад. Ба худ мегуфтам: парвози баланди суруд аз деҳаи кӯчаки Куруд то ин баландиҳо чигуна муяссарашон шуда бошад!

 

Боби 4. Аншлаг дар консертҳои Ҷӯрабек

Баъдан, вақте донишҷӯ шудам, мекӯшидам, ки ба консертҳои ҳофизи маҳбубам равам, ҳарчанд ёфтани чипта ба онҳо кори осон набуд. Ёдам ҳаст, боре бо сабаби дастрас нашудани чипта, дар Театри ба ном «Сабз» (Зеленый театр, шафати чойхонаи Роҳат) ман бо 101 мухлиси дигарашон болои дарахт баромадем, то сурудҳои тозаи Ҷӯрабек Муродовро шунавем.

Мухлисони эҷодиёти он кас бешуморанд ва на фақат дар Тоҷикистон, балки дар ҷамоҳири дигар низ, алалхусус дар Ӯзбекистон. Мо, як насли том, бо сурудҳои ӯ ба воя расидем. Агар 1 пора шеъри устод Мирзо Турсунзодаро андаке тағйир диҳем, дар ҳаққи Ҷӯрабек Муродов чунин метавон гуфт:

Ҳар сурудаш ҳофизи рози дили мост,

Аниси булбуловози дили мост.

Шумораи сурудҳои ин ҳунарманди асили меҳнатқарин чи адад бошад, намедонам, фақат ҳамин қадар мегӯям, ки боре китоберо дида будам, таҳти унвони «100 суруди Ҷӯрабек Муродов». Ин чанд сол муқаддам буд.

 

Боби 5. Ошноӣ бо Ҷӯрабек

Бо гузашти айём шиносоии бевоситаи камина бо устод ба вуқӯъ пайваст, ки аз ин ҳадяи тақдир басо меболам. Вақте зарурати барпо намудани хатнатӯи писаронам ба миён омад, ният кардам, ки устодро ба хизмат даъват намоям. Вале он кас дар кадом кишвари хориҷӣ сафари эҷодӣ доштанд. Барои ҳамин санаи тӯйро ба дигар рӯз гузарондем ва интизори бозгашти эшон шудем. Устод сухани маро 2 накарданд ва ба тӯй омаданд. Аз ташрифи он кас хушҳолии меҳмонон поён надошт. Сарам ба осмон расид. Дар фарҷоми тӯй вақте хостам ба устод хизматона диҳам, он кас бо табассуми малеҳи ба худашон зебанда гуфтанд:

«Дар миёни меҳмононатон ман чандин мӯйсафеди нурониро дидам. Агар онҳоро хурсанд кунед, нуран алонур мешавад. Ман розӣ».

Ман ин кирдори ҷавонмардонаи устоди арҷманд Ҷӯрабек Муродовро, ки аз ҳиммати баланди модарзодашон шаҳодат медиҳад, то умр боқист, фаромӯш намекунам. Мо Метавонем!!!

 

Абдулҳай МИРЗОЕВ,

ш.Душанбе

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter