ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Дек 25 2019

  21.12.2019  аз вилояти Хатлон барои ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар ш.Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 85 тонна маҳсулот фиристода шуд.

   Тавре ба мухбири СССР дар шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд, ин амали нек тибқи дастури Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ба Бадахшон 30 тонна сабзӣ, 15 тонна пиёз, 14 тонна картошка, 9 тонна биринҷ, 7 тонна лимӯ, 5 тонна равған ва 5 тонна гӯшти мурғ фиристода шуд. Ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар ш.Хоруғ бахшида ба фарорасии Соли нави мелодӣ ташкил гардида, маҳсулоти кишоварзии Хатлон дар он бо нархҳои дастрас пешниҳоди сокинони Кӯҳистони Бадахшон гардид.

 

 

 

Ҷумъа, Дек 20 2019

   Додгоҳи вил.Хатлон сокини н.Вахшро Маҳмсадшариф Раҷабовро бо моддаи 177 қисми 1, яъне  пардохт накардани алименти фарзандонаш гунаҳкор дониста, 1 сол аз озодӣ маҳрум кард.  

  Тавре Фатҳиддин Додоматзода, судяи суди вил.Хатлон ба мухбири СССР нисбати ин қазия иттиллоъ дод, Маҳмадшариф Раҷабов соли 2000 сол бо  ҷабрдида Б.Самадова бо бастани ақди никоҳи расмӣ ва урфу одатҳои милливу динӣ оила барпо намуда, дар давоми зиндагонии якҷояашон соҳиби 3 фарзанд гардидаанд. Онҳо 26.05.2006 аз ҳам ҷудо шуда, баъдан ҷабрдида Б.Самадова бо аризаи даъвогӣ ба суди н.Вахш муроҷиат кард. Дар асоси ҳалномаи суд барои таъминоти ҳар 1 фарзандаш ба андозаи 70 сомонӣ дар ҷамъ барои 3 фарзанд 210 сомонӣ ҳар моҳ алимент рӯёнда мешавад. Маҳмадшариф Раҷабов аз соли 2006 то моҳи марти 2019 ба ҳар баҳона алименти фарзандонашро пардохт накарда, дар маҷмӯъ то  6.03.2019, 15540 сомонӣ ба ҷабрдида зарари молиявии иҷтимоӣ расондааст.

    Фатҳиддин Додоматзода, иброз дошт, ки суди марҳилаи 1-ум Маҳмадшариф Раҷабовро 1 сол аз озодӣ маҳрум карда буд  ва  тибқи талаботи қисми 10 моддаи 49 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати иваз намудани ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҷазои ҷарима ва ё ҷазои ҷарима ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ 1 шабонарӯзи маҳрум сохтан аз озодӣ 50% 1 нишодиҳанда барои ҳисобҳо, ба истиснои ҷиноятҳои дар қисми 11 ҳамин мода пешбинишуда баробар аст.   Маҳкушуда М. Раҷабов аз санаи 6.03.2019 то 3.04.2019, яъне 29 шабонарӯз дар маҳбас буда тибқи талаботи қисми 10-и моддаи 49 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ин маблағ 14,5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 797, 50 сомонӣ кам карда шудааст. 

 

Баҳодур Уроқзода, СССР, вил.Хатлон

 

Чоршанбе, Дек 18 2019

 

Шиносномаивазкунӣ имрӯз шаҳрвандони кишварро нигарон кардааст, зеро ба ғайр аз маблағи иловагӣ, боз навбатпоӣ ва ҳаёҳӯй барои иваз кардани шиносномаҳои намунаи соли 1996 ба намунаи соли 2014 дар шуъбаҳои шиносномадиҳӣ мардумро саргардон мекунад. Бо супориши редаксия мо ҳафтаи равон аз вазъи шиносномаивазкунӣ дар 2 шуъбаи шиносномадиҳии ШВКД-ҳои пойтахт-Шоҳмансур ва Сино дидан кардем.

Навбатпоӣ ва саргардонӣ

09.12.2019. Соат бо вақти Душанбе 14:00 дақиқа. Дар назди шуъбаи шиносномадиҳии ШВКД дар н.Шоҳмансур новобаста аз ин вақти рӯз одам хеле зиёд ба назар мерасид. Бархе дар навбат барои супоридани ҳуҷҷатҳо, қисми дигар дар навбат барои иваз кардану гирифтани шиносномаҳои нав меистоданд. Аз рӯи мушоҳида наздики 40 нафар навбат гирифта буданд. Милисаҳои назди дами дар такрор ба такрор мардумро аз он огоҳ мекарданд, ки ҳарчӣ зудтар шиносномаҳои қоғазии хешро ба пастикӣ иваз кунанд, зеро баъдан, бо гузашти мӯҳлати шиносномаивазкунӣ, ба маблағи 150 сомонӣ ҷаримабандӣ карда мешаванд. Инчунин, ба гуфтаи милисаҳои посбон агар шаҳрвандон шиносномаҳои хешро иваз накунанд, бо шиносномаҳои қоғазӣ аз бонкҳо на пул гирифта метавонанд ва на равон карда, бо шиносномаи кӯҳна сим-кортҳоро низ дубора ба қайд гирифта намешавад. Тавре огаҳӣ ёфтем, дар шуъба барқ хомӯш шуда будаасту мардум беш аз 2 соат дар интизори омадани қувваи барқу навбати худ нишаста буданд. Маҳз ҳамин навбатпоии зиёд шаҳрвандонро нигарону нороҳат кардааст.

  Навбат, навбат ва боз навбат

Зимни суҳбат Гулҷеҳра Меҳрабоншоева, 1 сокини Душанбе, ки дар назди шуъбаи шиносномадиҳии ШВКД дар н.Синои пойтахт дар навбат меистод, чунин ибрози ақида кард: “Ман барои иваз намудани шиноснома худ 1 моҳ пеш ҳуҷҷатҳои лозимаро супорида, пас аз 30 рӯз дастрас намудам. Намедонам барои чӣ ин кор  лозим бошад, вале аз сабабе, ки қонун инро талаб мекунад, мо маҷбурем шиносномаҳоямонро иваз намоем. Хуб мешуд агар 1 реҷае барои қабул кардани сокинон муайян карда шавад, зеро мардум дар 1 шуъба ҷамъ шуда, барои навбат доду вой мекунанд. Барои иваз намудани шиноснома барои шаҳрвандон вақти  зиёд бояд диҳанд. Масъулон бояд бо тартиб корҳои худро анҷом диҳан, масалан ман чандин соат дар навбат истодаам”.

    Муттаҳир Маҳбачоев, ҳамсуҳабати дигарамон дар ин маврид афзуд, ки “шаҳрвандони тамоми кишварҳои ҷаҳон кайҳо ба шиносномаҳои пластикӣ гузаштаанду ин талаботи рӯз аст. Агар имрӯз аз ин навбатпоӣ хаста шуда бошем, фардо вақте ба даст шиносномаҳои худро мегирем, ҳатман хушҳол хоҳем шуд”.

 Санам Яқубова, яке аз масъулони шуъбаи шиносномадиҳии ШВКД дар н.Шоҳмансур мегӯяд, ки кор дар шуъбаҳои мазкур аз рӯи реҷаи махсус ташкил шуда, шаҳрвандон метавонанд аз соати 8-и субҳ то соати 22-и шаб бидуни навбатпоӣ ва ҳаёҳӯй бо пешниҳоди номгӯи тамоми ҳуҷчатҳои лозима барои шиносномаивазкунӣ дархост намоянд. Вале аз чӣ бошад, ки мардуми мо маҳз навбатпоиву субҳро авлавият медиҳанд. Вагарна бегоҳ шуъбачао қариб, ки холиянд...

 

Достиева Омирона ва Шарипова Саҳоба 

Коромӯзони СССР

 

Панҷшанбе, Дек 12 2019

    Аз 1 то 15 октябри соли 2020 дар ш.Душанбе барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад. Дар ин бора қарори вежаи раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расидааст.

    Рустами Эмомалӣ, раиси ш.Душанбе дар робита ба иҷроиши ин қарор ба муовини якум ва муовинони худ дастур додааст, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил намудан ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили ш.Душанбе чораҳои зарурӣ андешанд. Аз раисони ноҳияҳои пойтахт тақозо шудааст, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор ҷиҳати гузаронидани чорабинии мазкур корҳои амалиро ба роҳ монанд.

 

Ҷумъа, Дек 06 2019

Дардеву дареғо...Охири моҳи август аз Муборакшо рақами телефонашро гирифтам ва занг задам. Хеле овози хаста дошт, мегуфт асаб ғам медиҳад. Вале шукр хубам.

Бо Валиҷон ҳамкор будем дар радио. Ҷавоне буд кӯшо ва муҳимтар аз ҳама меҳрубон, покизагуҳар. Боре бо худораҳматии Олим Зарробек Бадахшон сафари хидматӣ рафтем. Ва чун ба Ванҷ расидем, ба Олим гуфтам, хуб набошад, ки Ванҷ оему деҳаи Валӣ наравем. Гуфт ӯ, ки дар пойтахт аст. Гуфтам хеле аз деҳааш ситоиш мекард, мехоҳам бубинам.

Ва рафтем Ванвани боло. Ба назарам бо Ванван ин бахши Ванҷ поён меёфт, пушти деҳа куҳҳои баланд буданд. Мошини мо то дари хонаи падари ӯ нарафт. Хеле поинтар онро гузошта, худ пиёда ба хонашон расидем. Ҳокими Азиз ҳам бо мо буд, ёдам рафт боз кӣ буд.

Хулоса шабро он ҷо гузаронидем, бо падараш, ки марди хеле меҳрубон буданд (намедонам дар ҳаёт бошанд), то дергоҳ суҳбат кардем. Ҳанӯз ҳам симои Ванван пеши назарам аст. Чун баргаштем, ба Валӣ гуфтам мо Ванванат рафтем, манзараҳои шигифтангез. Вале болотар аз ин ҳама пайвандонат аҷаб инсонҳое, ҳамсоягонат низ. Мисли кӯдак шод шуд, ки о Бобое, рафтиву маро хабар накардӣ. Инак, Валиҷон, ҳоло ту рафтиву маро хабар накардӣ, ки азми сафар дорӣ. Дидорҳо ба қиёмат монд. Хонаи охиратат обод бошад!

Бобочон Шафеъ

журналист

 

Чоршанбе, Дек 04 2019

    Рустами Эмомалӣ, раиси ш.Душанбе ба тамоми роҳбарони идораву сохторҳои шаҳрӣ дастур додааст, ки дар фасли зимистон навбатдории шабонарӯзиро ба роҳ монда, шахсони мансабдори идора ва сохторҳои ҳудуди шаҳр новобаста аз моликият ва тобеияти идоравӣ ҳангоми навбатдорӣ барои мусоидат намудан дар ҳаллу фасли мушкилоту ниёзмандиҳои сокинони пойтахт масъулияти шахсӣ доранд.

    Чуноне ки сомонаи www.dushanbe.tj хабар медиҳад, ин амал бо мақсади таъмини фаъолияти мунтазами соҳаҳои ҳаётан муҳими хоҷагидорӣ дар шаҳр, зоҳир намудани вокуниши фаврӣ аз ҷониби роҳбарияти МИҲД ш.Душанбе ва ноҳияҳои он, мусоидат намудан ба ҳаллу фасли саривақтии муроҷиатҳо  ва мушкилоти шаҳрвандон роҳандозӣ карда шудааст.

   Рустами Эмомалӣ ба маъмурияти  ҶСК «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе», Муассисаи давлатии «Шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе», Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ш.Душанбе ва дигар сохторҳои марбутаи шаҳр супориш додааст, ки ҷиҳати роҳандозӣ намудани чораҳои зарурӣ дар ташкили навбатдории шабона аз ҳисоби роҳбарони зерсохторҳои худ, қабули муроҷиатҳои шаҳрвандон дар робита бо беҳбуд бахшидани хизматрасониҳои коммуналӣ, таъмини энергияи барқу гармидиҳӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулода мусоидат намоянд. 

 

саҳ 43 аз 156

Китобҳо

Flag Counter