ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, Нояб 22 2019

 Рӯзи 20.11.2019 дар назди гузаргоҳи наздисарҳадии «Фотеҳобод»-и н.Мастчоҳ нуқтаи нави хизматрасонии милитсияи сайёҳӣ ба истифода дода шуд, ҳафтаи гузашта ҳамин гуна нуқтаи хизматрасонӣ дар гузаргоҳи наздисарҳадии «Саразм»-и ш.Панҷакент мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад.

    Бояд гуфт, ки нуқтаи хизматрасонии милитсияи сайёҳӣ дар н.Мастчоҳ 4-умин нуқтаи хизматрасонии милитсияи сайёҳӣ дар вил.Суғд аст, ки дари худро барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ боз намудааст. Дар ин гуна нуқтаҳои хизматрасонӣ, ки дар мавзеъҳои намоёну дастрас ҷойгиранд, сайёҳи муроҷиаткунанда метавонад барои муоширати мобилӣ аз ширкати Tcell симкорти сайёҳии ройгон дастрас намояд, ки дар тавозуни он 100 дақиқа вақт барои зангҳои телефонӣ ва 100 мегабайт интернет барои истифода то ба охир расидани мӯҳлати раводид, ки 45 шабонарӯзро дар бар мегирад, мавҷуд аст. Ҳангоми дар қайд гузоштан муҳлат тамдид карда мешавад. Ҳамзамон тариқи бастани шартомаи тарафайн бо шуъбаи милитсияи сайёҳии Раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД ба сайёҳ хизматрасонии роҳбаладӣ аз ҳисоби кормандони милитсияи сайёҳӣ расонида мешавад.

    Тибқи маълумоти шуъбаи милитсияи сайёҳии Раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД давоми 9 моҳи соли 2019 тариқи гузаргоҳҳои сарҳадии вил.Суғд 46 600 сайёҳ вориди Тоҷикистон шудааст. 

 

Панҷшанбе, Нояб 21 2019

    Аз 26.11.2019 фаъолияти хатсайри микроавтобусии №13 (мактаби №61-Маркази савдои «Балх») манъ карда шуда, хизматрасонӣ дар хатсайри мазкур тавассути автобусҳои хатсайри №11 ба роҳ монда мешавад.

    Чуноне ки сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе иттиллоъ медиҳад, ин амал бо мақсади пешниҳоди хизматрасонии сатҳи баланд ба мусофирон, кам намудани шиддатнокии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пешгирии танбашавӣ дар хиёбону кӯчаҳо сурат гирифта, пардохти ҳаққи роҳкиро дар ин хатсайр тариқи кортҳои нақлиётӣ анҷом дода мешавад.

 

 

Панҷшанбе, Нояб 21 2019

    Дар 10 моҳи соли ҷорӣ аз бемории сил дар вилояти Хатлон 10 нафар шаҳрвандони бемор фавтида, шумораи умумии беморони сил дар вилоят айни замон 1970 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин теъдод 1088 нафарашонро мардон ташкил намуда, боқӣ 882 нафар занон, 514 нафар занони қобили таваллуд ва 9 нафар занони ҳомила мебошанд. 

     Тавре ба мухбири СССР Олимзода Шамсулло, директори Муассисаи давлатии «Маркази вилоятии бемориҳои сил» дар вилояти Хатлон хабар медиҳад, соли 2018 шумораи беморони гирифтори сил дар вилоят 2107 нафарро ташкил медод, имсол бошад ин теъдод коҳиш ёфтааст.

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

 

Чоршанбе, Нояб 20 2019

    Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ хабар медиҳад, ки аз 20 то 23 ноябри соли ҷорӣ бо сабаби ворид шудани ҳавои сарди арктикӣ вазъи обу ҳаво дар мамлакат якбора ноустувор гардида, боридани борони шадид ва дар баъзе минтақаҳо барф дар назар аст. Тавре гуфта мешавад, 21.11.2019 дар ҷумҳурӣ борон борида, дар бештари водиҳо, доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ ба барфи тар мубаддал гардидани он дар назар аст. 

    Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ бинобар ин аз сокинон хоҳиш менамояд, ки  дар рӯзҳои барфу боронӣ эҳтиёткор буда, аз корҳои саҳро, рафтан ба шикоргоҳ, моҳидорӣ, омода кардани ҳезум ва молчаронӣ худдорӣ намоянд. Шаҳрвандон ҳангоми  рух додани ҳодисаҳои нохуш ба рақами 112, 93 880 28 19  барои  расонидани кӯмак дар тамос шаванд.

 

 

Чоршанбе, Нояб 13 2019

 Рустами Эмомалӣ, раиси ш.Душанбе ба муовинони соҳавӣ ва роҳбарони сохторҳои дахлдори пойтахт вобаста ба танзими қонунии манъи парвариш ва нигоҳдории чорво ва ҳайвоноти хонагӣ дар ҳудуди ш.Душанбе дастур дода, инчунин талаб намудааст, ки ҷиҳати иҷрои моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар самти пурра манъ гардидани парвариш ва нигоҳдории чорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, хар, парранда ва дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хушхон ва хурди ғайриистеъмолӣ дар ҳудуди пойтахт фаъолиятро пурзӯр намоянд. Барои вайрон кардани талаботи мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ гардидааст.

     Дар асоси моддаи 480 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ барои ғайриқонунӣ дар ҳудуди маъмурию ҳудудии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ғайр аз минтақаҳое, ки бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муайян гардидаанд, парвариш ва нигоҳдории чорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, хар, парранда ва дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хурди ғайриистеъмолӣ (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1418) ба андозаи аз 10 то 20 ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз 100 то 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. Барои дар давоми 1 соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, шахсони воқеӣ ба андозаи аз 20 то 50 ва  шахсони ҳуқуқӣ аз 300 то 400 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима карда мешаванд.

 

 

Чоршанбе, Нояб 06 2019

Ҳаким Нисориддинови данғарагӣ бо дили пур ба Маскав париду ӯро аз фурудгоҳи «Домодедовои Маскав» худи ҳамон рӯз ва тавассути ҳамон ҳавопаймо ба Душанбе бозгардониданд: ӯ депорт шуда будаасту худаш бехабар. Чунин Ҳакимҳо ҳазорон нафаранд, ки дар Душанбе мегӯянд, депорт нестиву аз Маскаву Питеру Уралу… онҳоро мегардонанд. Иллати депорти Тоҷикон дар чист? СССР тасмим гирифт ин мавзуъро пайгирӣ кунад. Мо Метавонем!

 

Чаро фақат Тоҷик депорт мешавад?

Бори аввал нест, ки хонандагони газета аз тамоми гӯшаву канори кишвар ба редаксия тавассути зангҳои телефонӣ, СМС-паёмак ва номаҳои электронӣ муроҷиат намуда, дар мавриди сабабҳои депортатсия-ихроҷ шудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Федератсияи Россия напурсанд. Ин ҳафта низ чанд тан, аз ҷумла, Ёрибеки Маҳмудҷон, хонандаи доимии газета дар тамос шуда, дар бораи кадом сохтори Россия, бо кадом сабаб ва дар кадом ҳолат ҳуқуқи ихроҷ намудани шаҳрвандони дигар кишварро дорад, пурсиданд. Ёрибеки ғармӣ, ки худ чанд ҳафта пеш ҳангоми убури марзи Россия номи худро дар рӯйхати ихроҷшудагон дид, аз ҳаққи вуруд ба ин кишвар ба муддати 3 сол маҳрум шудааст, аз масъулони муҳоҷират пурсон мешавад, ки чаро ҳини берун шудан аз хоки Россия касе шаҳрвандонро дар бораи шомил буданашон ба рӯйхати ихроҷшудагон огоҳ намекунад ва ҳангоми дубора убур кардан иҷозати вуруд бе ягон шарҳу далел ба онҳо манъ мегардад? Ин танҳо мушкили Ёрибек нест-даҳҳо нафар сокинони кишвар низ бо ин мушкил ва суол ба мо занг зада, хостанд, мухбирони СССР ин амали мақомоти 2 кишварро барояшон шарҳ бидиҳанд. Барои равшанӣ андохтан ба мавзӯъ мо ба сардори Намояндагӣ оид ба масоили муҳоҷирати ВКД Федератсия Россия Владислав Маркевич муроҷиат намудем. Ӯ дар кӯтоҳтарин фурсат мухбири газетаро қабул намуда, ба суолҳои пешниҳодшудаи хонандагон посух дод.

 

1 млн. 340.000 тоҷик дар Россия

Тавре Маркевич гуфт, айни замон дар қаламрави Россия беш аз 1 млну 340.000 шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. 

-Ин шумораи умумии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Федератсияи Россия аст ва дар байни инҳо ҳам донишҷӯён, ҳам онҳое, ки тариқи шартнома дар ташкилоту созмонҳои гуногун кор мекунанд ва ҳам албатта муҳоҷирони меҳнатианд. Агар донишҷӯён ва онҳоеро, ки дар созмону ташкилотҳои гуногун кор мекунанд, кам кунем, наздики 1 млн нафар ҳатман муҳоҷирони меҳнатӣ хоҳанд буд. Ин муҳоҷирон онҳоеанд, ки сабти иқомати худро дар сохторҳои ин кишвар ба қайд гирифта, иҷозаи корро доранду андоз ҳам месупоранд, - иброз дошт В.Маркевич. Дар идомаи ин гуфтаҳо мавсуф иброз дошт, ки солҳои охир ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар байни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР ба маротиб кам гашта, шаҳрвандони тоҷик талош мекунанд, ки тартиби будубоши худро дар қаламрави ин кишвар вайрон насозанд ва ин шоистаи таҳсин аст.

 

1 миллион ё 411.000?

Вақте намоядаи расмии ВКД ФР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро дар қаламрави кишвари худ аз 1 млн. нафар боло медонад ва ин ҳам бино ба иттилои расмӣ, намояндагони Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ мегӯянд, дар 9 моҳи соли равон аз Тоҷикистон беш аз 471.000 нафар ба хориҷи мамлакат сафар кардаанд, ки аз ин омор зиёда аз 411 ҳазораш муҳоҷирони меҳнатианд. Дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба Россия беш аз 401.000, Қазоқистон беш аз 8,4 ҳазор шаҳрвандони мамлакат ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, ки 262 ҳазорашро мардҳо ва 65 ҳазорро занҳо ташкил медиҳанд. Инчунин, гуфта мешавад, ки аз 327.000 шаҳрвандони аз хориҷа ба ватан баргашта, 279 ҳазораш муҳоҷирони меҳнатианд. Аз теъдоди умумие, ки ба хориҷа ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, 90% ба Россия рост омада, воридшавии 200.000 шаҳрванди Тоҷикистон ба Россия, ки қаблан ихроҷ шудаанд, манъ аст. Бояд гуфт, ки тайи 3 соли охир воридшавии 3000 шаҳрвандони мамлакат ба Россия кушода гардид…

 

17.000 «россиян» шудаанд

Бино ба иттилои Маркевич, дар 9 моҳи соли ҷорӣ 17.000 нафар шаҳрвандони ҶТ соҳиби шаҳрванди-(гражданство)-и Федератсияи Россия гаштанд. Ғайр аз ин, наздики 260.000 нафар иҷозати зист (вид на жительство) ва иҷозат барои зисти муваққати-(РВП-разрешение на временное проживание)-ро дар Федератсияи Россия ба даст оварда, 412 ҳазору 600 нафар бо гирифтани шаҳодатнома барои кор иҷозати қонунии кор-(разрешение на работу)-ро гирифтаанд. Мо барои фаҳмотар шудани ин ибораҳо тарҷумаи русии онро низ овардем, то ин ки барои шаҳрвандони мо, даркаш осонтар шавад. Умедворем барои ин Гавҳарбону Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ моро боз дубора ба ҷавобгарӣ нахоҳад кашид, зеро ин матлаб бар суди мардуми меҳнаткашу муҳоҷири тоҷик аст! Мо Метавонем!

 

«Мамнӯъвуруд»-9 мақомоте, ки ҳуқуқи онро доранд

В.Маркевич мегӯяд, ба ҷуз мақомоти қудратӣ, аз ҷумла, ВКД, Прокуратураи генералӣ, Судҳо ва мақомоти андози Федератсияи Россия, боз 1 қатор сохторҳои дигар низ иҷозати ихроҷ ва ё мамнӯъвуруд намудани шаҳрвандони хориҷиро доранд. Ӯ дар қатори мақомоти қудратӣ-содир намудани ҷиноят, ба охир расидани мӯҳлати қайди иқомат, ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, инчунин Маркази санитариву эпидемиологӣ, идораҳои коммуналӣ-напардохтани маблағи истифодаи барқу обу гармӣ ва партову бунёди манзил, пардохтҳои аз тарафи судҳо муайяншуда, дар аксари ҳолатҳо алименти зану кӯдакро ҳам номбар кард. Яъне, агар шаҳрванди ҶТ нафаҳмида пули истифодаи обу барқу нерӯи гармиро напардохта, ба Ватан ояд, ҳини бозгашт номашро ҳатман дар рӯйхати «мамнӯъвуруд»-ҳо хоҳад дид. Бояд гуфт, ки ихроҷ ва мамнӯъвуруд аз ҳамдигар фарқ дошта, ҳукми ихроҷ шудан аз қаламрави 1 кишвар бо қарори додгоҳ анҷом меёбад ва дар ин бора шаҳрванди ихроҷшуда шахсан огоҳ карда мешавад, аммо дар мавриди мамнӯъвуруд шудан касе ба шаҳрванд хабар намедиҳад ва ӯ танҳо ҳини убури марз дар ин бора воқиф мешавад. Тавре мо таҳқиқ намудем, теъдоди аниқи ихроҷшудагон ва онҳое, ки номашон дар рӯйхати мамнӯъвуруд ҳаст, танҳо дар маъхази Қушунҳои сарҳадӣ, яъне марзбонӣ буда, ба ин иттилоъ на ҳар кас дастрасӣ дорад. 

 

Ба қаллобон бовар накунед!

Дар мавриди санҷиши ному насаби худ дар қатори ихроҷшудагон шаҳрвандони ҶТ набояд ба қаллобон бовар намуда, барои коре, ки ройгон асту ҳар 1 кас метавонад онро тариқи интернет анҷом бидиҳад, пул супоранд. Владислав Маркевич дар мавриди дӯконҳои зиёде, ки «санҷиши ФМС»-гӯён навиштаро насб намуда, бар ивази 20-25 сомонӣ шаҳрвандонро гӯё аз рӯйхати бойгонии ихроҷшудагони Хадамоти муҳоҷирати ВКД ФР месанҷанд, таъкид дошт, онҳо танҳо тавассути сомонаи расмии ВКД ФР, ки он ҷо дар бахши махсуси рӯйхати шаҳрвандони ихроҷшуда маҳфуз аст, истифода мебаранду халос.

-Шаҳрвандон худ метавонанд ба сомонаи ВКД ФР ворид шуда, дар қисмати «Суолҳо оид ба муҳоҷират» («Вопросы миграции») ба бахши «Маслиҳатҳои муфид» («Полезные советы») даромада, ному насаби худро дар пурсишномаи саҳифаи санҷиши асос барои мамнӯъ будани вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба ҳудуди ФР навишта, интизори ҷавоб шаванд. Он ҷо ҳатман иттилоъ дода мешавад, ки ихроҷ ва ё мамнӯъвурудро кадом мақомот гузоштааст. Пасон имкон аст тавассути ин саҳифа мустақим ба ҳамон мақомот ва сохтор муроҷиат намуда, ҷавоб ҷуст-хеле осон ва ройгон, - афзуд Маркевич.

 

Ҳар 1 қадам зери назорат!

В.Маркевич мегӯяд, шаҳрвандони хориҷие, ки барои кору зиндагӣ Федератсияи Россияро интихоб мекунанд, набояд фаромӯш созанд, ки ҳар1 қадамашон зери назорат буда, бояд ба фиребу найранг роҳ надиҳанд.

-Бубинед, бештар ихроҷ дар кадом ҳолат сурат мегирад, дар замоне ки шаҳрванди Тоҷикистон соҳиби 2 шиноснома аст-тоҷикӣ ва русӣ. Ба Россия ба воситаи шиносномаи тоҷикӣ ворид шуда, дар ҳудуди ин кишвар бо шиносномаи русӣ баҳузур ва бе сабти иқомату иҷозати кор гаштан мегирад. Вақти гаштан марзро боз бо шиносномаи тоҷикӣ убур мекунад-дар ин муддат аз вуруд то убур ин шаҳрванди хориҷӣ дар куҷо буду чӣ кор карду қайди иқомату иҷозаи кораш канӣ? Нест! Пас, ихроҷ! Ё ин, ки ихроҷ шудаву ба Ватан баргашта ному насабашро иваз карда, дубора дархости вуруд мекунад, лек фаромӯш кардааст, ки изи ангуштонаш дар бойгонии мақомоти қудратӣ ва судӣ маҳфуз аст. Барои пеш наомадани чунин ҳолатҳои нохуш шаҳрвандон бояд қоидаҳои будубош ва вуруду убури марзи 1 кишвари дигарро вайрон насозанд, - таъкид медорад В.Маркевич.

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

PS: Дар ҷамъ бояд ҳар Тоҷикистонӣ донад, ки тамғаи мамнуъвурудро бар номаи аъмолаш ҳатто барои насупоридани пули ахлот-мусор, «коммунальные услуги», барқпулӣ, ҷаримаи нақлиётӣ, манъи мошин дар истгоҳ ва ғ. ва ҳ. низ мегузоранд. Яъне Русия дигар шаҳри бедарвоза нест. Зимнан қоидаҳои маъмурӣ низ набояд вайрон шаванд. Дар Тоҷикистон низ бояд чунин қонун қабул кард, ки барои напардохтани ин маблағҳо шаҳрвандон ба Русия ва хориҷа сафар карда натавонанд. Он гоҳ олам гулистон мешавад!!!  Мо Метавонем!

 

саҳ 44 аз 156

Китобҳо

Flag Counter