ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, Июн 07 2019

   Боду ҳавои сербориш рузҳои охир сабабгори омадани сел дар ҳудуди 1 қатор минтақаҳои кишвар гардид. Тавре ба мухбири СССР дар маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд, аз ҷумла, 1.06.2019 дар натиҷаи боришоти шадид ҳудуи деҳаи Оби Шифо ҷамоати деҳоти Чоргултеппа аз ҷониби ҷамоати деҳоти Лоҳури н.Рӯдакӣ сел поён фаромада, ба 70 қитъаи заминҳои наздиҳавлигӣ зарар расонида, ба таҳхонаҳои 8 хонаи истиқоматӣ обу лойқа ворид гашт. Хисороти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

   Дар қаламрави деҳаи Гулистони ҷамоати Гулистони н.Восеъ, деҳаи Сурхоби ҷамоати Ғалаба, деҳаи Истиқлоли ҷамоати Зафар ва деҳаи Куҳдомани ҷамоати Ватани н.Фархори вилояти Хатлон ва шаҳрҳои Конибодом, Исфара ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд сел ба заминҳои кишт, роҳҳои мошингард ва қитъаҳои наздиҳавлигии сокинон зарари ҷиддӣ расонд. Дар ш.Конибодоми вилояти Суғд боронҳои пуршиддати сабаби омадани сел шуда, 11 хонаи истиқоматии сокинон зарар дид. 

    Ҳоло дар маҳалҳои офатзада комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияҳо фаъолият карда, барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ чораҳои лозима андешида мешаванд. Техникаи махсус барои тоза кардани маҳалҳои селзада ҷалб шуда, барои анҷом додани корҳои бартарафсозӣ дар деҳаҳои зарардида, қарор қабул гашт, ки сарбозон ва афсарони қисмҳои ҳарбии Кумитаро ҷалб намоянд.

   2.06.2019 дар деҳаи Меҳнатободи ҷамоати деҳоти Қизилқалъаи н.Хуросон ва 2 деҳоти ноҳияҳои Фархору Восеи вилояти Хатлон дар натиҷаи боришот селобаҳо омада, ба  заминҳои наздиҳавлигӣ, 1 бинои ёрирасон ва 1 кӯпрук, ки  деҳаи Меҳнатободро бо шоҳроҳи Бохтар-Душанбе  мепайвандад, зарар расонид.   Мутаассифона, дар натиҷаи омадани сел сокинони 18-солаи деҳаи Мехнатободи ҷамоати деҳоти Қизилқалъаи н.Хуросон  ба ҳалокат расид. Дар ҷойи ҳодисаҳои рухдода мониторинги 24-соатаи сатҳи об дар дарёҳо аз ҷониби кормандони Кумита гузаронида шуда истодааст.

 

 

 

Сешанбе, Июн 04 2019

 

    Дар натиҷаи боридани борони бошиддат шаби 2-юми июни соли ҷорӣ сел омада, якчанд минтақаи ш.Конибодомро хароб кард. Даҳҳо адад манзили сокинони ҷамоатҳои деҳоти ба номи Ғафурҷон Ортиқов ва Пӯлодон, инчунин кӯчаи Бобокалонов вайрон гашта, бино ба иттилои Ситоди ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании ш.Конибодом борони сел ба дараҷае шиддатнок буд, ки дар пайи он хонаву дар, чорво ва воситаҳои нақлиёти сокинон зарари калон дидааст.

   Чуноне ки ба мухбири СССР аз маркази матбуоти МИҲД дар ш.Конибодом хабар доданд, ҳоло дар пайи ин ҳодиса дар шаҳр 1 комисияи махсус ва 3 гуруҳи корӣ бо ҷалби масъулини МИҲД таъсис дода шуда, дар ҷои ҳодиса хисороти расида санҷида шуда истодааст. Аз рӯи санҷиши аъзоёни комиссия борони сел танҳо дар 1 ҷамоати Ғафурҷон Ортиқов беш аз 32 хонаро хароб карда, 9 адад манзилро пурра вайрон, ҳудуди 40 сар чорвои сокинонро бо худ бурдааст. Инчунин, дар ин радиф оромгоҳи «Фирӯзоба» низ осеб дидааст. Дар кӯчаи ба номи Бобокалонови ҳудуди шаҳр беш аз 50 хонаву дари сокинон хароб гардидааст.

   Бояд гуфт, ки ҷамоати деҳоти Ғафурҷон Ортиқов ва Пӯлодон аз калонтарин ҷамоатҳои ш.Конибодом ба ҳисоб рафта, аз ду як роҳи миёни Конибодом ва Исфара аз марзи ин ҷамоатҳо мегузарад. Кӯпруки болои сой дар ин минтақаро низ  сел вайрон кардааст. Хушбахтона, бар асари ин офати табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. 

   Нимаи дуюми имрӯз бо мақсади огаҳӣ пайдо намудан аз вазъи баамаломада раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Конибодом омада, аз манзили сокинони зарардида боздид ба амал овард. Эшон ба масъулон супориш дод, ки дар мӯҳлати кӯтоҳтарин оқибатҳои сел бартараф карда шуда, ба зарардидагон кӯмакҳои саривақтӣ расонида шавад. 

 

Душанбе, Июн 03 2019

   Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи 1.06.2019 дар ҷаласаи худ, ки бо роҳбарии Саидмукаррам Абдулқодирзода баргузор гашт, рӯзи иди саиди Фитр ва вақти намози идонаро муайан карданд.

   Аъзоёни Шӯро, ки аз тамоми минтақаҳои кишвар ҷамъ омада буданд, рӯзи иди саиди Фитрро 5 июн ва намози идонаро соати 06:00 ба истиснои баъзе аз минтақаҳои кӯҳӣ тасдиқ ва қабул карданд.

 

Ҷумъа, Май 31 2019

   Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон, алалхусус ронандагони воситаҳои нақлиёт ва мусофирон мерасонад, ки аз санаи 29.05.2019 аз километри 10-ум то километри 22-юми роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ таъмири пурраи болопӯши роҳ гузаронида мешавад.

     Аз ин лиҳоз, ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркаш аз соати 10:00 то соати 20:00 дар минтақаи мазкур аз рӯйи реҷаи махсус ба роҳ монда мешавад. РБДА ВКД ҶТ аз ронандагони воситаҳои нақлиётӣ хоҳиш менамояд, ки ба талаботҳои Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва реҷаи муайяншудаи ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъиян риоя намоянд.

 

Панҷшанбе, Май 30 2019

Дар 4 моҳи аввали с.2019 дар ҳуҷраи амалиёти хатнагузаронии марказии Кумаки аввалияи тиббию санитарии ш.Бохтар амалиёти хатнаи 213 кӯдак суннатӣ ва ройгон гузаронида шуд. Ҳамин тариқ, 5 нафар маъюб бо аробачаи маъюбӣ ва 10 нафар маъюби дигар бо асо ройгон таъмин шуданд. Абдухалил Махмадов, ҷарроҳи кӯдаконаи ҳуҷраи хатнагузаронии КАТС-и шаҳри Бохтар дар суҳбат бо мо таъкид дошт: «Дар доираи супориши, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муассисаи мо ҳуҷраҳои махсус барои хатна таъсис дода шуда, айни ҳол ба таври ройгон фаъолият намуда истодаанд».Ба қавли ҷарроҳ ҳуҷраи хатнагузаронӣ бо тамоми асбоби замонавии тиббӣ муҷаҳҳаз буда, амали ҷарроҳии хатнаро дар давоми 6-7 дақиқа тавассути дастгоҳи коагулятор (лазер) анҷом медиҳанд, ки барои саломатии тифл комилан безарар аст ва кӯдак дар фурсати кӯтоҳ сиҳат мешавад. Абдуллоев-сардухтури КАТС дар сӯҳбат иброз дошт, дар 4 моҳи соли ҷорӣ мутахассисони муассисаҳои КАТС ба 8985 нафар муроҷиаткунандагон, ки сокинони ш.Бохтар ва ноҳияҳои атрофи шаҳранд, хизматрасонии тиббӣ бо таври ройгон гузаронида шуд. Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ба муроҷиаткунандагон 3000 адад буклетҳо ва китобчаҳо дастрас карда маслиҳатҳои муфид дода шуд. Аз шумораи умумии муроҷиатнамуда, ба 613 нафар ташхисҳои гаронарзиши ултрасадоӣ, ба 23 нафар акси рентгенӣ ва 230 нафар флюорографияи қафаси сина, колпоскопия ба 80 нафар, ташхиси ВНМО ба 520 нафар, таҳлили умумии хун ба 160 нафар, муайян намудани гурӯҳи хун ба 35 нафар, тестгузаронӣ тавассути дастгоҳи глюкомер ба 57 нафар, амалиётҳои ҷарроҳӣ ба 27 нафар ва хатнасурӣ ба 113 нафар, бо таври ройгон гузаронида шуд.

 

Баҳодур Уроқов СССР, вилояти Хатлон

 

Панҷшанбе, Май 30 2019

    Тавре ба мухбири СССР аз МДК "Душанбенақлиётхадамотрасон" хабар доданд, бо мақсади таъмини иҷрои қарори раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ то санаи 25.05.2019 1920 адад воситаҳои нақлиёти сабукрави мусофирбари таксӣ, ки дар тавозуни 10 ҷамъияти воситаҳои нақлиёти автомобилии мусофиркаши таксӣ қарор доранд, зиёда аз 1200 нафар ронандагон намои зоҳирии воситаҳои нақлиётии худро ба намои зоҳирии ягонаи қабулгардида мутобиқ намудаанд.

    Дар ин робита роҳбарони ҳамаи ширкатҳои тавассути воситаҳои нақлиёти мусофирбари сабукрави кироякаши таксӣ фаъолияткунанда, ки хизматрасониро дар ҳудуди ш.Душанбе анҷом медиҳанд, муваззаф карда шуданд, ки то 15.06.2019 воситаҳои нақлиёти сабукрави таксиро бо намои зоҳирии ягонаи қабулгардида мутобиқ гардонанд.

 

 

саҳ 54 аз 156

Китобҳо

Flag Counter