ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Май 29 2019


   Ширкати ҳавопаймоии “Сомон эйр” ба иҷрои хатсайри мунтазам дар самти Хуҷанд-Нижневартовск-Хуҷанд оғоз мекунад. Парвозҳо дар самти нав дар 2 ҳафта 1 маротиба, рӯзҳои душанбе амалӣ мегарданд. Вақти парвоз аз Хуҷанд соати 09:20, аз Нижневартовск-15:20 бо вақти маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст. . Хатсайри аввалин дар ин масир рӯзи 3.06.2019 иҷро хоҳад гашт. Дар ин бора ба мухбири СССР Тимур Бандишоев, котиби матбуотии ширкати ҳавопаймоии “Сомон эйр” хабар дод.
   Илова бар ин, ширкати ҳавопаймоии “Сомон эйр” аз 8.05.2019 парвозҳои ҳафтаинаро дар самти Хуҷанд-Сургут-Хуҷанд иҷро карда истодааст. Парвози мазкур рӯзи чоршанбе дар ҳавопаймои Боинг-737 амалӣ гашта, вақти парвоз аз Хуҷанд-08:00 ва аз Сургут-16:30 бо вақти маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст.

Панҷшанбе, Май 23 2019


 Тибқи маълумоти Агентии ҳавошиносӣ шабонарӯзи наздик дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор боқӣ монда, борони кӯтоҳмуддат, шабона дар баъзе ноҳияҳо бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд.
    Чуноне ки ба мухбири СССР дар маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд, дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда ва дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) эҳтимоли баланд шудани сатҳи об пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии ҷумҳурӣ (бо истиснои ВМКБ) эҳтимолан сел ояд. Хатари боронҳои шадид ба рӯзҳои 23-25 май рост омада, аз аҳолӣ хоҳиш карда мешавад, ки дар ин рӯзҳо аз сафар ба минтақаҳои кӯҳӣ, ҷамъоварии занбурӯғ ва дигар зироатҳое, ки дар маҳалҳои кӯҳӣ мерӯянд, худдорӣ намоянд. Ҳангоми рафтан ба манотиқи кӯҳӣ талош кунед бо худ телефони мобилӣ дошта бошед.
    Инчунин, бо мақсади таъмини амнияту бехтарӣ КҲФ аз сокинони кишвар хоҳиш мекунад ҷӯйбору каналҳоро ҳамеша аз хасу харӯбаҳо пок нигоҳ доранд, то садди роҳи оби гузар нашаванд.

Панҷшанбе, Май 16 2019


 Беш аз 1 ҳафта аст, ки дар кӯчаҳои пойтахт троллейбусҳои муосири тамғаи 3321 00 D, ки аз Ҷумҳурии Белорус дастрас гардидаанд, фаъолият доранд.
   Бояд қайд намуд, ки троллейбусҳои мазкур бо истифода аз технологияи пешрафта истеҳсол гардида, дорои муҳаррики қувваи ҷараёни тағйирёбандаи қабулкунанда ва батареяҳои литий барои захираи нерӯи барқ мебошад. Ин имкон медиҳад, ки ҳангоми ҳаракат тавассути ноқил троллейбус дар таҷҳизоти худ нерӯи барқро захира намуда, дар ҳолати зарурӣ то масофаи 15 -20 километр бе ноқил ҳаракат намояд.
   Троллейбусҳои муосир дар ширкати «Белкоммунмаш»-и Ҷумҳурии Беларус истеҳсол гардида,  аз лиҳози харҷи камтари нерӯи барқ, сатҳу сифати хизматрасонӣ ва ҳаракат дар тамоми ҳолату шароити шаҳр аз тамғаҳои қаблӣ  бартарияти зиёдро доро мебошанд. Троллейбусҳои муосир иқтидори ғунҷоиши то 90 нафар мусофирро дошта, аз 22 ҷойи нишаст, лавҳаҳои иттилоотӣ, воситаҳои огоҳкунӣ аз ҷониби мусофирон дар дохил ва беруни он, инчунин низоми мушоҳидавии дохилӣ бо 8 адад камера иборат аст, ки барои фаъолияти ронандагон қулай мебошад. Ҳамчунин барои даромаду баромади мусофирон дар он низоми «книлинг» насб гардидааст, ки дар ҳолати зарурӣ даромадгоҳи троллейбус ба воситаи дастгоҳи идоракунӣ аз ҷониби ронанда паст ва баланд карда мешавад.
     Қайд кардан ба маврид аст, ки ин навъи троллейбусҳои муосиру замонавӣ дар минтақаи Осиё Марказӣ бори аввал ба ш.Душанбе оварда шудааст. 


Душанбе, Май 13 2019


 Ширкати ҳавопаймоии миллии «Тоҷик эйр» қарор аст парвозҳои худро аз мавсими «Ҳаҷ-2019» шурӯъ намояд. Дар ин бора имрӯз зимни ҳамоиши роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии кишварҳои Осиёи Миёна оид ба масоили рушди авиатсияи минтақа, ки бори нахуст дар ш.Душанбе баргузор гашт, Икром Субҳонзода, директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ хабар дод.
   Бино ба иттилои мавсуф, айни замон аз ҷониби мудирияти ширкати «Тоҷик эйр» барои омода кардани парвозҳо дар ин самт корҳои омодагӣ ва 1 қатор тавофуқот ба анҷом расонида шуда, ин ширкат қарор аст дар баробари ширкати дигари ватанӣ-«Сомон эйр» зойирини имсолаи тоҷикро ба зиёрати ҳаҷ бурда расонад. Лозим ба ёдоварист, ки парки техникии ширкати «Тоҷик эйр», хосса ҳавопаймоҳои он низ айни замон аз муоинаи техникӣ гузаронида шуда, барои оғози мавсими нави парвозҳо омодагӣ мебинанд.

Ҷамила Ҳусейнова, СССР
  

Чоршанбе, Май 08 2019


Алишер Гулов, мудири бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш дар вилояти Хатлон иброз дошт, ки дар вилояти Хатлон барои ҷалби бештари ҷавонону наврасон ба варзиш раванди бунёди толору майдончаҳои варзишӣ, дар чанд соли қаблӣ ҷараёни тоза касб кардааст. Бо фароҳам омдани шароити машқу тамрин барои варзишгарон дастовардҳои онҳо низ бештар ба назар мерасад. Ҳарчанд, ки дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо сохтмони чунин майдончаҳои варзишӣ  бо суръат идома дошта бошад ҳам, вале дар деҳаҳои дурдаст ноҳияҳо дида намешавад. Ва талош мекунем, ки дар ҳамаи деҳаҳои дурдаст майдончаҳои варзишӣ бунёд кунем.

Баҳодури Хатлонӣ, СССР

Чоршанбе, Май 08 2019


Дар шаҳри Бохтар дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани 18 адад коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст. Масъулини ҳукумати шаҳр иттилоъ доданд, ки дар соли 2019 бошад дар назар аст, ки 6 адад корхонаҳои саноатӣ бо таъсиси 95 ҷойҳои нави корӣ ба истифода супорида шавад. Зимни тасдиқи ин хабар, Афзалшо Юсуфзода, сармутахассиси шуъбаи рушди иқтисод ва савдо ба СССР гуфт: «Бо мақсади зиёд намудани коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, инчунин таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар 3 моҳи соли 2019 2 адад корхона -ҶДММ «Сафар Фарма» ва ҶДММ «Имрон Бохтар» бо таъсиси 11 ҷойи нави корӣ, ки самти фаъолияташ ба истеҳсоли маҳсулоти доруворӣ ва сохтмонӣ равона шудааст, ба истифода супорида шуд».

Баҳодури Абдусалом, СССР

саҳ 55 аз 156

Китобҳо

Flag Counter