ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Апр 24 2019


  

Аз  23 то 25 апрел дар Тоҷикистон  ҳавои номусоид  боқӣ монда, боридани боронҳои шиддатнок  дар назар аст. Бинобар ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи назди Ҳукумати ҶТ ҳушдор медиҳад, ки сокинони кишвар аз сафар ба минтақаҳои кӯҳӣ дар ин рӯзҳо худдорӣ намоянд.
    Ба иттилои аз маркази матбуоти КҲФ ба мухбири СССР расида, 24 апрел дар қисми зиёди минтақаҳои ҷумҳурӣ бориши боронҳои ниҳоят шиддатнок  дар назар дошта шуда, дар  ш.Душанбе низ борон шиддат гирифта,  эҳтимолияти то 1 шабонарӯз  боридани он дар назар аст. Дар ин шабу рӯз дар ноҳияҳои Варзоб, Файзобод,  Рашт, Нуробод, шаҳри Ваҳдат, шаҳри Хучанд, Панҷакент, Истаравшани вилояти Суғд ва шаҳри Бохтар, Кӯлоб, Данғара, ноҳияҳои Ховалинг, Восеъ ва  Ш. Шоҳини вилояти  Хатлон низ боронҳои ниҳоят шиддатнок  меборанд.
    Шаби 24 ба 25 апрел  дар натиҷаи  боридани боронҳои шиддатнок  якбора баландшавии сатҳи оби  дарёҳои Ёхсу, Қизилсу  Хингоб, Кофарниҳон ва Варзоб аз эҳтимол дур нест.  Инчунин дар  қисми зиёди минтақаҳои  ҷумҳурӣ хатари фаромадани сел ва ярч  дар назар дошта шудааст.

Чоршанбе, Апр 24 2019

 

  - Дар бинои МИҲД дар ш.Бохтар рӯзи шанбеи гузашта бо ширкати бевоситаи раиси шаҳр Абдуалим Исмоилзода қабули шаҳрвандон баргузор гардид. Бояд қайд намуд, ки новобаста аз кору ҷаласаҳои зиёди ҳукуматӣ Абдуалим Исмоилзода ҳамеша саъй мекунад шахсан дар қабули шаҳрвандон шитирок намуда, арзи мардумро бишнавад. Инчунин дар қабул муовинони раис, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони маҳаллаҳо иштирок намуда, Абдуалим Исмоилзода ҳар 1 сокини шаҳрро, ки бо мушкил ба наздаш бо арз омада буданд, шунида, барои ҳалли онҳо ба масъулин дастурҳои мушаххас дод.
   Тибқи мушоҳида сокинони шаҳр бештар бо масоили хонаводагӣ меоянд ва проблемаҳоеро дар назди раиси шаҳр мебардоранд, ки салоҳияташ бо суд вобаста аст. Одатан, занон аз шавҳарону модарон аз фарзандони  хеш арзу шикоят намуда, ҳатто пирамарди 74 солае ба қабул омада гуфт, ки аз дасти бемеҳрии фарзандон бо кампираш қасд бар ҷони худ карданист…
   Абдуалим Исмоилзода, изҳор дошт, ки роҳбарон вазифадоранд дар ҳамаи самтҳо бо сокинон ҳамкорӣ намуда, баҳри ҳалли мушкилашон мувофиқи қонун мусоидат намоянд.

Юсуфӣ Баҳодур, СССР, вилояти Хатлон

Ҷумъа, Апр 19 2019

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар 3 моҳи аввали соли 2019 ба 334,2 ҳазор нафар мусофир хизмат расонидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,4 ҳазор ё 4,83% зиёдтар мебошад. Миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе қабулгардида ва интиқолдодашуда дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ  449,0 тн.-ро ташкил дод. Аз миқдори умумии борҳои содиршуда 3,4 тоннаро маҳсулоти кишоварзӣ ташкил медиҳад.
   Чуноне ки ба мухбири мо дар маркази матбуоти ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” хабар доданд, дар давраи ҳисоботӣ оид ба наомадан, осеб дидан ва гум шудани бағоҷҳо аз xониби мусофирон 218 эрод ворид шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта-72 эрод 24,83% камтар мебошад, аз онҳо 210 эрод қонеъ гардонида шуда, 8 эрод дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад. 
   Теъдоди ҳодисаҳои ба таъхир гузошташавии парвозҳо дар давраи ҳисоботӣ 70 ададро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта-172 парвоз ё 245,7%  камтар мебошад. Сабабҳои асосии ба таъхир гузошта шудани  парвози ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи Душанбе чунинанд: дер омадани ҳавопаймо аз фурудгоҳи макони парвоз-43 ҳодиса, дахолати ширкатҳои ҳавопаймоӣ (иваз кардани ҳавопаймо ва экипаж, баrайдгирии иловагӣ ва супориши намоянда, тағйирёбии парвозҳо ва ғайра)-15 ҳодиса, гуногун-8 ҳодиса, дахолати хадамотҳои фурудгоҳ (системаи бақайдгирии мусофирон ва ёрии таъҷилӣ ба мусофирон ва ғайра)-3 ҳодиса, дахолати хадамоти гумрук-1 ҳодиса.
    Парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби 12 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла, 4 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои хориҷии дур (“Туркиш эйрлайнс”, “Кам Эйр”, Хатҳои ҷанубии Хитой”, “Флай Дубай”), 7 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (“Сибир”, “Ют Эйр”, “Уралские авиалинии” - Россия, “Авиатрафик” - Қирғизистон, “Эйр Астана” ва СКАТ – Қазокистон, “Ӯзбекистон ҳаво Йуллари”-Ӯзбекистон) ва 1 ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон - ҶДММ «Сомон Эйр» ба амал оварда мешаванд.
   Аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳавопаймоҳо ба 13 шаҳрҳои Федератсияи Россия, инчунин ба ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Узбекистон, Олмон, Хитой, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Туркия, Ҳиндустон ва Аморати Муттаҳидаи Араб парвоз мекунанд. Миқдори умумии рейсҳои доимии ширкатҳои ҳавопаймоии мазкур дар 1 рӯз 13 ададро ташкил медиҳад.

     СССР

Чоршанбе, Апр 17 2019

Вақте шаҳри рӯизаминӣ зеботар мешаваду шаҳри зеризаминӣ баръакс, ифлостар мегардад…

Сайри лола-анъанаи зебои Тоҷикона
6.04.2019. Соат бо вақти Душанбе 10:00 дақиқа.
Дар майдони назди бинои Сирки давлатии кишвар бо садои баланди карнайю доира сайри гули лола оғоз шуд. Даҳҳо намуд лолаҳои рангу баранг, ки бо маҳорати хос дар гулзори шафати бино шинонида шудаанд, ҳусни маконро боз ҳам зеботару ҳавояшро пуртароват мекарданд. Духтарони чаканпӯшу атласпӯш, ки дар ин макон сайругашт доштанд, ба ҳусни лолаҳо ҳусни дигар зам доранд.
Сайри лола барои мардуми Тоҷик анъанаи идонаи наврӯзии нав нест. Аз қадим бо фарорасии фасли баҳор ва Наврӯз, хосса, дар рӯзи 2-юм ё 3-юми он бо аҳли хешу табор, дӯстону пайвандон ба талу теппаҳо ба сайри лолаву лолачинӣ мерафтанд. Тӯшаи сайри лолаашон ҳам он чизе буд, ки ҳар касе аз рӯи шароит бо худ мегирифт. Дар замони шӯравӣ низ ин русум фаромӯш нашуд-ҳатман пас аз Наврӯз, ки таътили баҳории хонандагон оғоз мегардид, муаллимони мактабҳои деҳот кӯдаконро ба «поход», ба лолачинӣ, ба кӯҳу даман мебурданд ва ин лаззати худро дошт.

Ифлос, бадбӯй… - «подземка»-и ҳамшафат
Соат бо вақти Душанбе 10:30 дақиқа.
Воқеан ҳам имрӯз тарофи бинои Сирк диданист, вале ҳамагӣ 2 метр аз ин зебоӣ кас ба ҷое ворид мешавад, ки тамоман баръакси ҳол буда, ба назар ифлостарин гӯшаи дунё, аз кинофилмҳои «ужас»-и Голливудро мемонад… Дар фосилаи ҳамагӣ 2 метр аз ин гулзори пурнакҳат Гузаргоҳи Зеризаминӣ ҷойгир асту ҳамарӯза роҳгузарони зиёд тавассути он роҳро убур мекунанд. Ин гузаргоҳи зеризаминӣ ҳоло дар бадтарин ҳолати санитариву эпидемиологӣ қарор дошта, бӯи бади он дили касро беҳузур мекунад. Паси панҷараҳои оҳанини чандин сол қабл гузошта шуда, пур аз партов ва ифлосӣ буда, дари ба ном мағозаҳо шикаставу пора шудаанд. Деворҳои гузаргоҳ кайҳо нам кашида, ба шикастан сар кардаанду болопӯшҳои оҳанини ҷӯйборҳо низ каҷу шикастаанд. Ҳолати имрӯзи чанд дӯконе, ки дар ин гузаргоҳ ҳанӯз фаъоланд, низ хеле бад буда, вазъи дохилашон низ нигароникунандааст. Аз бӯи бади гузаргоҳ бармеояд, ки бархе аз роҳгузарон дар ин макон қазои ҳоҷат ҳам кардаанду мекунанд…
Вазъи гузаргоҳи дигари ҳамшафати бинои Сирк-рӯбарӯи маркази савдои «Сафар» низ беҳбудӣ мехоҳад. Масъулин гулзори болоро гулкорӣ ва обод кардаанду аз он, ки 2 метр поёнтар чӣ ҳолат аст, хабар надоранд?! Ё фикр мекунанд, меҳмонони мансабдор ва сайёҳоне, ки сайри лола омадаанд, ҳеҷ гоҳ ба «подземка» намефароянд!? Фароед ва аз накҳати гул ва ба бӯйи г… вар хӯред, мӯҳтарам масъулин! Зеро сокинон, меҳмонон, сайёҳони хориҷӣ ҳатман ин накҳатро низ «мечашанд»!

«Подземка»-ҳоро фурӯшгоҳ кунед!
Шумораи гузаргоҳҳои зеризаминӣ дар ш.Душанбе ҳоло ба 10 адад ҳам намерасад. Бархеи гузаргоҳҳо, амсоли назди бозорҳои «Саховат»-у «Варзоб» аз сари нав бунёд ёфта, гузаргоҳҳои маркази шаҳр, хосса, назди фурушгоҳи марказии Тоҷикистон-собиқ СУМ ва маркази савдои «Садбарг» пас аз таъмиру таҷдид хеле тозаву озода шудаанд. Дар аксари ин гузаргоҳҳо дӯконҳои савдо ва фурӯши гулу тӯҳфаҳову ёдгориҳои миллии Тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст, ба ҷуз гузаргоҳи зеризаминии назди бозори «Саховат», ки пурра телефонбозор шудааст.
Барои мисол гузаргоҳҳои зеризаминӣ дар ш.Хуҷанд, маркази вилояти Суғд ба Маркази савдо табдил дода шуда, дар зери замин мағозаҳои бароҳати сару либос ва ашёҳои брендӣ фаъоланд. Хеле зебо ва қулай.
Инчунин, маҳз дар ин гузаргоҳҳои зеризаминӣ бояд ҳоҷатхонаҳои муосир барои мардум кушода шаванд-набуди ҳоҷатхона ҳам имрӯз ба проблемаи №1-и пойтахт мубаддал шуда истодааст ва маҳз ин мушкил ҳафтаи гузашта боиси ҷанҷоли 1 сокини пойтахт бо милисаҳо гашта, аввалиро то ба кати беморхона ва ҷарроҳӣ оварда расонид… Пас чаро ин корро аз хуҷандиҳо ёд нагирему тамоми гузаргоҳҳои зеризаминии пойтахтро марказҳои савдо накунем?

Ҷамила Ҳусейнова, СССР
Дар акс ҳолати имрӯзаи саҳни бинои Сирк ва дохили гузаргоҳи зеризаминӣ, ки бозгӯи гуфтаҳои болоанд.


Дар ҳамин маврид:
Хабарнигори дигари СССР, ки он рӯз ба сайри Боғи Ҷомиву Навоӣ рафта буд, ба манзараи баде дучор омад. Модарон кӯдакони худро рӯи сабза ба…қазои ҳоҷат (маъзарат) шинонида буданд (ниг. ба акс). Чу пурсидем, гуфтанд, кӯдак аст, шикамаш дард кард, ҳоҷатхона нест, пас куҷо баремаш? Воқеан ҳам меҳмонону сокинони пойтахт, ки сайри ин ва дигар поркҳо мебароянд, зимни… ба куҷо раванд? Ё мегӯед хурду калон «фархак-памперс» пӯшем?

Чоршанбе, Апр 17 2019


    Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе ба маълумоти соҳибони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, сокинон ва меҳмон мерасонад, ки бо мақсади татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ва сохтмону азнавсозии роҳи автомобилгарди хиёбони Саъдии Шерозӣ (аз ҳалқаи кӯчаи Неъмат Қарабоев то гардиш ба кӯчаи Раҳмон Набиев) ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз 15.04.2019 маҳдуд карда мешавад.
    Аз ин лиҳоз, аз ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки талаботи аломатҳои роҳ ва дигар нишонаҳои гузошташударо риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафати он аз ҷумла, хиёбонҳои  А. Сино, Ҷ. Расулов, кӯчаҳои Н. Қарабоев, Мушфиқӣ, Р. Набиев, Маяковский, Соҳилӣ, Н. Ганҷавӣ, Раҳимӣ истифода намоянд.
    Ҳамзамон, дар ин раванд ба 1 қатор хатсайрҳои микроавтобус ва автобусҳо тағйирот ворид карда шуданд:
— микроавтобусҳои №№2, 52, ва 54 тариқи кӯчаҳои Мушфиқӣ-Соҳилӣ, №13 тариқи кӯчаи Р. Набиев, Мушфиқӣ, Н. Қарабоев ва №№ 15, 25 тариқи кӯчаҳои Соҳилӣ, Н. Ганҷавӣ, М. Шерализода;
— автобусҳои №№ 7, 11, 18, 29 тариқи кӯчаҳои Р. Набиев, Мушфиқӣ, Н. Қарабоев ҳаракат менамоянд.

Ҷумъа, Апр 12 2019


Шӯрои уламо бо нашри 1 муроҷиатнома дӯст доштан ва хизмати ватанро аз гӯшаи имон хонда, ҳадисеро аз Пайғамбар (с) овардааст, ки фариштагон 3 овозро ба осмон мерасонанд: “Якум овози қалами нависандагон, зеро барои осудаҳолӣ ва бародарии мардум заҳмат мекашанд, дуюм овози чархресии занон - фазилати меҳнати ҳалол ва сеюм овози қадами марзбонон, ки шабҳо бедорӣ мекашанд, то ки дигарон дар амон бихобанд ва ҷони худро дар хатар мемонанд, то мардум осуда бошанд” Ҳамчунин дар идома Шӯрои уламо бо такя аз қавли Паёмбари Худо (с) овардааст, “2 чашмест, ки ҳаргиз дар оташи дузах намесӯзад, яке аз тарси Худо гиря мекунад, дигаре дар роҳи дӯст доштани ватан мижа назада хидмат мекунад”. Ба иттилои Шӯрои уламо, дар замони Ҳазрати Муҳаммад (с) низ онҳое, ки аз даъвати Паёмбар сар тофтанд, аз раҳмати Худо маҳрум гаштанд. Дар хулоса раёсати Шӯро таъкид намудааст, ки саркашӣ аз ҳимояи Ватан гуноҳи кабира буда, мусоидаткунандаи он, яъне баъзе падару модарон низ ба ин гуноҳ шариканд.

саҳ 57 аз 156

Китобҳо

Flag Counter