ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Нояб 14 2018


  Дар давоми 9 моҳи соли равон аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии ш.Хуҷанд беш аз 6 ҳазору 500 кило маводҳои хӯрокаи пастсифат ва мӯҳлати истифодаашон гузашта аз марказҳои савдо ва бозорҳо мусодира карда шуд.   Чуноне ки ба мухбири мо котиби матбуотии раиси ш.Хуҷанд Маъмур Юсуфов хабар дод, маҳсулоти пастсифат баъди хулосаи судӣ ва мақомоти дахлдор бо таҳияи санадҳо дар минтақаи партовҷамъкунии ш. Хуҷанд бо роҳи сӯзонидан несту нобуд гардид.

Чоршанбе, Нояб 14 2018


  Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз рӯйи самти Душанбе-Москва (фурудгоҳи Жуковский) парвозҳоро оғоз намудва аз рӯйи Кӯлоб-Москва (фурудгоҳи Жуковский) парвозҳоро оғоз менамояд.Парвозҳо аз шаҳри Душанбе ба фурудгоҳи Жуковский ҳафтае се маротиба–рӯзҳои чоршанбе, панҷшанбе ва шанбе амалӣ мегарданд. Тавре интизор меравад, парвози хатсайрҳо аз Кӯлоб дар моҳи декабр рӯзҳои сешанбе, чоршанбе ва панҷшанбе пешбинӣ шудааст.
   Чуноне ки ба мухбири СССР дар маркази матбуоти ширкати номбурда хабар доданд, ба ғайр аз ин, ширкати ҳавопаймоии“Сомон Эйр” парвозҳоро ба фурудгоҳи Домодедово идома медиҳад: аз Душанбе ҳаррӯз, аз Хуҷанд ва Кӯлоб бошад ҳафтае 3 маротиба.
   Директори генералии ҶДММ«Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр» Томас В. Ҳаллам зикр намуд, ки «Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз ҳамкорӣ бо фурудгоҳи байналмилалии Жуковский хушнуд мебошад. Ифтитоҳи самти мазкур ин эҷоди имкониятҳои нав натанҳо барои дуҷониб, балки дар навбати аввал барои мусофирон мебошад. Боварӣ дорем, ки ин оғози ҳамкориҳои дуру дароз ва судманд мебошад, ки ба омилҳои калидӣ дар авиатсияи гражданӣ ҳамчун бехатарии парвозҳо, хизматрасонии баландсифат ва бароҳатии мусофирон равон хоҳад шуд».
   Ширкати ҳавопаймоии «СомонЭйр»–ягона ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон мебошад, ки ба аъзогии IATA дохил шудааст. Айни ҳол ширкати ҳавопаймоӣ парвозҳоро аз шаҳрҳои Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Россия , Қазоқистон ва Ӯзбекистон бо муваффақият анҷом медиҳад. Парки ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад.
   Фурудгоҳи байналмилалии Жуковский (Вилояти Москва) – фурудгоҳи байналмилалии Россия, дар қисми ҷанубу шарқии вилояти Москва, 23 км аз пойтахт дур ҷойгир шудааст. Фурудгоҳ дар ҳудуди аэродроми Раменское буда, хати парвозию нишасти он(5 500м) дар Европа аз ҳама дарозтарин мебошад, ки имкон медиҳад қабули навъи гуногуни ҳавопаймоҳои мусофирӣ ва боркашро амалӣ намояд.

Панҷшанбе, Нояб 08 2018


Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе рӯзи 10 ноябри соли 2018, соати 10.00 дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосими Фирдавсии пойтахт Фестивали «Оши палав» баргузор мегардад.
Чуноне ки ба мухбири мо дар шаҳрдории пойтахт хабар доданд, дар фестивал беҳтарин ошпазҳо аз гӯшаву канори мамлакат маҳорати ошпазии худро пешниҳод менамоянд. Ҳамчунин дар доираи фестивали мазкур намоиши ҳунарҳои мардумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил карда мешавад.
   Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ш.Душанбе тамоми сокинон ва меҳмонони пойтахтро ба Фестивали «Оши палав» даъват менамояд!  


Панҷшанбе, Нояб 08 2018


   Алимурод Исломзода, раиси КВД "Хоҷагии манзиливу коммуналӣ" субҳи 6.11.2018 дар синни 63-солагӣ дар Душанбе даргузашт. Гуфта мешавад, ки субҳи рӯзи гузашта фарзандонаш Алимурод Исломзодаро бо фишори баланд ба беморхона мебаранд, вале то ба бемористон нарасида, эшон ҷон додааст.
   Алимурод Исломзода 8 соли охир роҳбарии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-ро бар ӯҳда дошта, дар гузашта ба ҳайси раиси н.Восеъ низ кор кардааст.


Чоршанбе, Нояб 07 2018


Фурудгоҳи ш.Хоруғ, ки таҳти тобеияти идории ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» қарор дорад, фаъолияти худро дар 9 моҳи соли 2018 бо нишондиҳандаҳои хуб ҷамъбаст намуд.
Чуноне ки ба мухбири мо дар маркази матбуоти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» хабар доданд, фурудгоҳи «Хоруғ» дар давраи ҳисоботӣ 64 парвози тайёраи АН-28 ва 18 парвози чархболи МИ-8МТВ-и ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик эйр»-ро қабул ва гусел намуда, дар маҷмӯъ ба 1075 мусофир хизмат намудааст, ки аз он ҷумлаи онҳо 248 нафар кӯдакони то 5 сола, 119 нафар кӯдакони синни аз 5 то 12 сола ва 10 нафар собиқадорони ҷангу меҳнат мебошанд. Ба ғайр аз ин, тавассути ин фурудгоҳ 135 парвози чархболҳои мусофиркашу боркашонӣ сурат гирифтааст.
Бояд зикр намуд, ки вурудгоҳи «Хоруғ» фурудгоҳи асосӣ ва калонтарин дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҳисоб рафта, он дар наздикии шаҳри Хоруғ—маркази маъмурии вилоят, дар лаби дарёи Панҷ ҷойгир шудааст. Фурудгоҳи «Хоруғ» аз сатҳи баҳр дар баландии 2080 метр ҷойгир гардида, яке аз баландтарин фурудгоҳҳои дунё ба ҳисоб меравад ва дар баробари ҳавопаймоҳои хурд ба чархболҳо низ хизмат мерасонад.

Чоршанбе, Окт 31 2018


1 манбаъи хело наздик ба газетаи мардумии СССР ҳамин ҳоло аз Шабакаи Барқи Ҷануби шаҳри Қӯрғонтеппа занг задаву гуфт, ки «лимит-меъёри барқ дар тамоми қаламрави вилояти Хатлон пурра барҳам хӯрд ва аз ин баъд сокинон 24 соат дар 1 рӯз барқи доимӣ хоҳанд дошт!» Ин дар ҳолест, ки то дирӯз овозаҳо буд, лимити барқ 16 ноябр аз байн хоҳад рафт…

Баҳодур Уроқзода,
СССР

саҳ 71 аз 156

Китобҳо

Flag Counter