ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Сен 20 2018


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Ба ҳама мардуми шарифи Тоҷикистон маълум, ки тибқи супориши Сарвари Давлат то ҷашни таърихсози миллат - 30-солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сар аз кӯчаю деҳ корҳои ободонӣ ва созандагӣ дар ҷумҳурӣ сурат мегиранд. Аз ин рӯ, Сарвари Давлат  бештар вазирону раисон, мансабдорону маъмурони пулдору молдорро даъват кардааст. Тибқи маълумоти оморӣ 70%-и аҳолии н.Фархор ҷавононанд. Пас моро лозим аст, ки тарбияи дурусти онҳоро аз кӯдакию наврасӣ ба роҳ монем, то оянда шикоят накунем, ки чаро баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ шомил шуданд?
Мушкили №1 дар шаҳраки Фархор ин набуди майдончаи (варзишӣ не!) бозӣ дар назди баландошёнаҳо барои кӯдакон аст. Зеро баландошёнаҳо дар чорроҳаи мошингард қарор дорад. Хушбахтона, дар замони Шӯравӣ дар назди биноҳо майдончаҳои хоси бозӣ барои кӯдакон бо тамоми шароиташ мавҷуд буд, ки аз он кӯдакон дилхушона, бо завқи зиёд истифода мекарданд. Мутаассифона, имрӯз аз он майдончаҳо нишоне намонда, қитъаҳои атрофи биноҳо шахсӣ шудааст. Аз ин рӯ, ҷои бозии кӯдакон дар дохили хона, даромадгоҳҳои бино, саҳни ҳавлӣ маҳдуд аст. Ҳар рӯз аз пушти кӯдакон ҷангу хархаша аст. Пас кӯдакон дар куҷо бозӣ кунанд? Ҳар оила 3-4 кӯдакӣ дорад. Ҳатто ҷои нишаст нест. Дар ин мавзӯъ 2 бор навишта, бо дасти худам нусхаи онро ба ҳукумати ноҳия низ супоридам, вале масъулонро парвое нест. Ҷонишинон гуфтанд, ки ноҳия чунин маблағ надорад. Фақат аз ҳисоби бошандагони бино сохтани майдончаҳо мумкин асту халос. Наход Ҳукумати ноҳия барои намуна 1 майдончаро ба воситаи соҳибкоре сохта ба истифода дода натавонад, то мардуми камбизоат ҳис кунад, ки ҳукумати маҳаллӣ низ нисбати онҳо таваҷҷуҳ мекардааст?
Вазифаи раиси маҳалла фақат пул ҷамъ кардан аз кабизоатон нест, балки бо соҳибкорон робитаи мустаҳкам дошта бошанд. Бо чунин бетаваҷҷуҳӣ аз ояндаи кӯдакон чиро интизор шавем? Воқеан агар хоҳем, ки кӯдакон оянда шахсони солиму бардам, ватандӯсту ҳисси баланди миллидоштаро ба камол расонем, ҳатман майдончаҳои бозии кӯдаконро барқарор бояд намуд. Дар акси ҳол чи гуна метавон аз боби иҷрои Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳарф зад?

Таваралӣ Авсақолов,
узви Ихвон-ал-СССР, н.Фархор

Чоршанбе, Сен 19 2018


  МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон» тасмим гирифтааст барои истифода аз нақлиёти ҷамъиятии пойтахт кортҳои нақлиётии якдафъаинаро ҷорӣ намояд. Ин пешниҳод аз ҷониби муассиса алакай ба ширкате, ки масъули тайёр намудани кортҳои нақлиётӣ ва ба системаи мазкур ворид намудани хизматрасонии нав аст, бо чунин пешниҳод муроҷиат кардааст.
   Дар МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон» ба мухбири СССР гуфтанд, ки ин тасмим ба хотири мусофироне гирифта шудааст, ки аз нақлиёти ҷамъиятии пойтахт, хосса автобусу троллейбусҳо хеле кам истифода бурда, кортро танҳо барои 1 маротиба лозим доранду халос. Аз ҷумла, гуфта мешавад, ки кортҳои нақлиётии якдафъаина барои сайёҳону меҳмонони хориҷиву дохилӣ пешбинӣ шуда, онро дар дохили нақлиёт танҳо ронанда ҳуқуқи фурӯхтан хоҳад дошт.

Чоршанбе, Сен 19 2018


   КВД «Обу коррези Душанбе» эълон менамояд, ки аз 15.10.2018 ҳаққи хизматрасониҳои таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва қабули рафъи партобҳоро тибқи нархномаи нави аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисории мамлакат тасдиқшуда ба роҳ хоҳад монд.
    Инчунин, ин тасмим ба ташкилотҳои ғайрибуҷавӣ низ дахл дошта, барои ташкилоту муассисаҳои буҷавӣ бошад истифодаи оби ошомиданӣ аз рӯи нархномаи нав аз 01.01.2019 ба роҳ монда мешавад. Дар ин маврид алакай қарори марбутаи раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расидааст.


Панҷшанбе, Сен 13 2018


   Имрӯз дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ҳавопаймои насли навтарин Embraer E190-E-2 аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Сомон эйр» ва ширкати ҳавопаймосозии бразилиягӣ «Эмбраер» муаррифӣ карда шуд. Ҳавопаймоҳои мазкур, ки аз лиҳози арзиш, истифодаи сӯзишворӣ ва мусофиркашӣ дар самтҳои на он қадар дур бокайфиятанд, метавонанд дар ояндаи наздик дар баъзе аз хатсайрҳои минтақавӣ парвоз кунанд.
   Чуноне ки зимни баромади хеш Томас Ҳаллам, директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон эйр» иброз дошт, дар хамкорӣ бо Embraer ширкати «Сомон эйр» тасмим дорад шабакаи парвозҳои минтақавиро вусъат дода, бо истифода аз ҳавопаймоҳои муосиру самаранок парвозҳоро ба шаҳрҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, алалхусус шаҳрҳои Ӯзбекистони ҳамҷавор афзоиш диҳад.
- Барои расидан ба ин хадафҳо Embraer-190-Е2 воситаи беҳтарин мебошад ва тавассути онҳо мо метавонем хароҷотҳои ширкатро ба таври назаррас коҳиш дода, шумораи парвозҳоро дар хатсайрҳои мавҷуда зиёд кунем, - таъкид дошт Томас Ҳаллам.
   Дар идомаи маросими истиқболи ҳавопаймои мазкур ҳозирин дохили ҳавопаймои Embraer шуда, дар парвози нахустини тантанавӣ аз рӯи масири Душанбе-қуллаи И.Сомонӣ-Душанбе ширкат варзиданд. Мусофирон имкон пайдо карданд аз наздик бо сохти хавопаймо шинос шуда, манзараҳои зебои кӯҳистони Тоҷикро аз равзанаи ҳавопаймо тамошо намоянд.

СССР



Чоршанбе, Сен 12 2018


Рӯзи 8.09.2018 дар масири Душанбе-Деҳнав, Душанбе-Тирмиз ва Панҷакент-Самарқанд ҳаракати автобусҳо ба роҳ монда шуда, дар ҷавоб аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар хатсайрҳои Тирмиз-Душанбе, Деҳнав-Душанбе ва Самарқанд-Панҷакент низ автобусҳои байнишаҳрӣ ба ҳаракат даромаданд.
   Ҳаракати автобусҳо дар ин хатсайрҳо аз тарафи ширкати «Осиё гурӯҳ Тоҷикистон» анҷом дода шуда, нархи роҳкиро аз Душанбе то Деҳнав, ки 107 км.ро дар бар мегирад, 35 сомонӣ ва дар хатсайри Душанбе-Тирмиз, ки тӯли роҳ 250 км. аст, 70 сомонӣ арзиш дорад. Гуфта мешавад, ки аз Душанбе ба Деҳнав автобусҳо ҳар рӯз ҳаракат намуда, ба Тирмиз бошад хафтае 1 маротиба рафтуомад хоҳанд кард.





Панҷшанбе, Сен 06 2018


  Шоми  5.09.2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи 82-юми пойтахт дар маросими ифтитоҳи аввалин эстакада дар Тоҷикистон иштирок намуданд. Эстакадаи мазкур дар доираи амалишавии лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе — Турсунзода, қитъаи роҳ аз буриши хиёбони Сино бо хиёбони Исмоили Сомонӣ то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” бунёд гардидааст.
   Бояд қайд намоем, ки чорсӯи нав аз 3 сатҳ иборат буда, дар буриши хиёбони Нусратуло Махсум бо хиёбони Бобоҷон Ғафуров қарор дорад. Дар сатҳи дуввуми чорроҳа роҳи давродаврие бунёд шудааст, ки ҳаракати нақлиёт дар он тавассути нишонаҳои махсус роҳнамоӣ карда мешавад. Дар сатҳи сеюм аз самти шарқ ба ғарб кӯпрук бо дарозии 125 метр ва паҳноии 24,8 метр мегузарад. Дар лоиҳаи сохтмони эстакада 4 роҳи зеризаминӣ низ бо дарозии умумии 236 метр барои роҳгузарон бунёд шудаанд.
   Лоиҳаи сохтмони эстакада дар ш.Душанбе дар заминаи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ амалӣ шудааст ва дар доираи он нақби барқи баландшиддат бо дарозии 730 метр бунёд гардидааст. Барои рӯшноидиҳӣ 121 сутунпоя насб шудаанд.
   Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи сеқабата бо нишонаҳои роҳ ва хатандозиҳо танзим мегардад. Баробари анҷоми дигар корҳои сохтмонӣ дар доираи лоиҳаи эстакада ҳамчунин такядеворҳои рӯизаминӣ бо дарозии 568 метр ва зеризаминӣ бо дарозии 480 метр бунёд шудааст.

саҳ 74 аз 156

Китобҳо

Flag Counter