ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Авг 09 2018


   Бино ба иттилои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 27 июли соли 2018 дар мамлакат қариб 525 ҳазор тонна ғалладонагиҳо, беш аз 170 ҳазор тонна картошка ва наздики 100 ҳазор тонна мева ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.
   Тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ, имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ маъракаи ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо босуръат идома дошта, дар арафаи анҷомёбӣ мебошад. Кишоварзони ҷумҳурӣ то ба имрӯз майдони 205309 гектарро даравида, ҳосили майдони 196233 гектарро сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намуданд. Ҳосили умумии ҷамъовардашуда 524809 тоннаро ташкил дода, 73%-и иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад. Барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили ғалладонагиҳо дар ҷумҳурӣ 1055 адад комбайнҳои ғалладарав сафарбар карда шуда, 304 адади онҳо айни замон мавриди истифодабарӣ қарор доранд.
    Чуноне ки ба мухбири мо дар маркази матбуоти вазорати кишоварзии мамлакат хабар доданд, мувофиқи маълумотҳои оморӣ, то ба ҳол дар ҷумҳурӣ дар майдони зиёда 185817 гектар кишти пахта гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 11838 гектар зиёд мебошад. Айни замон майдонҳои пахтазор дар ҳолати кӯракбандӣ буда, чорабиниҳои агротехникӣ дар онҳо мувофиқи талабот ба роҳ монда шудааст.
   Имрӯзҳо майдони 3650 гектар дар ҳолати 1-2 кӯракбандӣ, майдони 66637 гектар дар ҳолати 3-4 кӯракбандӣ ва майдони 112830 гектар дар ҳолати 5 то 8 кӯракбандӣ қарор дорад, ки ин аз фаровонҳосилӣ дарак медиҳад.
   Тибқи маълумотҳои фаврӣ, дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ 32226 га кишти картошка гузаронида шуда буд. То санаи зикршуда, дар ҷумҳурӣ ҳосили майдони 8516 га картошказор ҷамъоварӣ карда шуд, ки  ин  170359 тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 47799 тонна зиёд мебошад.
Ҷамъоварии ҳосили картошка дар ҷумҳурӣ босуръат идома дорад.

Чоршанбе, Авг 08 2018


Ҷеа Сантоваско, модари Ҷей Остин, яке аз қурбониёни террор дар Данғара, бо ирсоли як паём изҳор доштааст, ки хонаводаи Ҷей ба ҳеч ваҷҳ мардуми Тоҷикистонро гунаҳкори марги фарзандаш намедонад. "Умед дорам, ки чунин як фоҷиа дигар ҳеч гоҳ дар Тоҷикистон рух нахоҳад дод. Медонем, ки мардуми Тоҷикистон меҳмоннавозу хайрхоҳанд ва набояд худро дар марги фарзандам гунаҳкор эҳсос кунанд ва бояд чуноне Ҷей мехост, аз зиндагӣ лаззат баранд", — таъкид намудааст модари ҷабрдида. Ҷей Остин давоми зиндагияш дар лоиҳаҳои марбут ба иқомат бо қаноат дар хонаҳои кӯчак, кӯмак ба кӯдакони бехона ва густариши сайёҳату ҳамдигарфаҳмӣ иштирок кардааст. Ӯ ва дӯстдухтараш Лорен Гиогиген, 29-уми июл дар 369-умин рӯзи сайрашон қурбони ҳамлаи террористӣ дар Данғара гардиданд. Модари Ҷей мегӯяд, кори фарзандашро идома хоҳад дод ва барои густариши сайёҳат, дучархасаворӣ, кӯмак ба кӯдакони бехона бунёди хайриявиро асос гузоштааст, ки ҳар нафари хоҳишманд метавонад дар он саҳм гузорад.

Чоршанбе, Авг 08 2018


Турсунбибӣ Одибоева 76- сола - зани бознишаста дар деҳаи Бободархони н.Ашт аз ҳисоби пасандозҳои шахсиаш 1 пул сохтааст. Ин пули мошингузар, ки маркази ноҳияро бо деҳаҳои Муломир ва Кӯлихоҷаи шаҳраки Шайдон мепайванда, имрӯз 8-уми август бо ширкати Зариф Мирдадо, раиси ноҳия Ашт, ифтитоҳ шудааст. Одибоева барои сохтмони ин пули мошингузар 40 ҳазор сомонӣ маблағи пасандозҳои шахсиашро харҷ кардааст. Дарозии пул 13 метр ва бараш 5 метр будааст.

Панҷшанбе, Авг 02 2018


Дар маркази ш.Бохтар ҳоҷатхонае ҳаст, ки дар даврони шӯравӣ сохта шуда, имрӯз ҳолати хеле бад дошта, бӯи он мардумро нигарон кардааст. Рӯзи 21.07.2018 ҳамаи 25 шаҳру навоҳии вил.Хатлон дар чорабинии «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар маркази вилоят баргузор шуд, иштирок намуданд. Дар ҳавои гарм аз бӯи бади ҳоҷатхона, ки то масофаи 100 метр мерасад, табъи мардум хира гардида, ҳар 1 нафар аз назди ҳоҷатхона биниро пӯшида мегузашт. Аз хурд то бузурги роҳбарият аз назди ҳоҷатхонаи антисанитарӣ мегузаранд, аммо парво надоранд!
Роҳбарияти маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологи (СЭС)-и шаҳр ва вилоят магар аз ин ҳолат хабар дошта бошанд? Эҳтимол аст, ки агар нафаре ин ҳоҷатхонаро соҳибӣ мекард, ҳамон лаҳза кормандони СЭС назди он ҳозир шуда, аз соҳибаш маблағ таъма мекарданд, ё ҷаримабандӣ. Ҳоҷатхона дар назди рӯди калони «Вахш» ҷойгир буда, сокинон дар гармо истироҳат мекунанд: Даҳану биниро пӯшида!
Дар ин робита Наҷодзода Фурқат-директори СЭСи ш.Бохтар мегӯяд, ҳоҷатхонаи мазкурро 1 моҳ пеш безараркунонӣ карда, дарашро бо мех баста буданд. Аммо ҷавононе, ки дар ин рӯд шиноварӣ мекунанд, дари онро дубора боз кардаанд. Ҳар чӣ ҳам набошад, ин проблема аст ва онро бояд бартараф кард!

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

Ҷумъа, Июл 27 2018


   Тибқи омори вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолии ҶТ дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ зиёда аз 45 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар барои муоинаи тиббии пеш аз никоҳӣ ба муассисаҳои тиббӣ муроҷиат кардаанд. Дар ин бора зимни нишасти матбуоти Саида Умарзода, муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолии мамлакат хабар дод.
   Бино ба гуфти эшон, ба хотири солимии ҷомеа ҳамзамон Маркази генетикӣ ба кор шурӯъ намуда, хизматрасонии он ба мардум ройгон аст.

Ҷумъа, Июл 27 2018


Дар рафти 1 рейди муштараки Сарраёсати назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар якҷоягӣ бо Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон дар бозори 1 рӯзае, ки дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Айнии н.Хуросон фаъолият дорад, қонунвайрокуниҳои зиёд ошкор карда шуд.
 Чуноне аз маркази матбуотии Сарраёсати назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон ба СССР хабар доданд, дар рафти санҷиш маълум гардид, ки қисме аз соҳибкорон дар ҳолати ғайрисанитарӣ ва бо вайрон намудани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ ба фурӯши маҳсулотҳои хӯрока машғул ҳастанд. Мутахассисони Сарраёсат ҳангоми санҷиш 232 кг маҳсулотҳои гӯштӣ ва 90 литр обҳои ташнашикан ва маҳсулоти ширӣ (дуғоб), ки ба талаботҳои санитарию эпидемиологӣ ҷавобгуй нестанд, аз муомилот гирифтанд. 
 Инчунин, барои вайрон намудани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ нисбати 55 нафар соҳибкорон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 3,2 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд. Ғайр аз ин, фаъолияти 9-адад иншоотҳои хӯроки умумӣ, аз ҷумла 2 ошхона, 1 дӯкони самбӯсапазӣ, 4 адад нуқтаҳои тезтаёр, 2-нуқтаи фурӯши маҳсулотҳои гӯштӣ, боздошт карда шуд. Манбаъ илова кард, ки дар оянда низ чунин рейдҳои муштарак ба хотири ҳифзи саломатии аҳолӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ аз ҷумла РВКД дар вилояти Хатлон дар дигар бозорҳои якрӯзае, ки дар қаламрави минтақаи Бохтари вилояти Хатлон фаъолият менамоянд, гузаронида хоҳад шуд.

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

саҳ 77 аз 156

Китобҳо

Flag Counter