Дар деҳаи Мискинободи ноҳияи Файзобод теъдоди дорухонаҳо, мағозаҳои масолеҳи сохтмонӣ, хӯрокворию либоса зиёд шудаанд. Аз байни деҳа шоҳроҳ мегузарад. То солҳои пешин майдони ҷойгиршавии воситаҳои нақлиёт васеъ буду ронандагон бе мамоният мошинҳояшонро дар ин майдон дар хатсайр ҷойгир мекарданд. Бо навбат ба самтҳои шаҳри Душанбе, Ваҳдат, Роғун ва ноҳияи Файзободу шаҳраки Обигарм ба сафар мебаромаданд.
Имрӯз бошад воситаҳои зиёди нақлиёт ҷамъ омада, ба убури пиёдагардон халал ворид мекунанд. Дар маркази деҳа бозори «Истиқлол» ҷойгир аст, ки он ҷо якшанбебозор барпо мегардад ва аз тамоми гӯшаю канори кишварамон тоҷирону соҳибкорон маҳсулоташонро вориди бозор мекунанд. Барои назорату танзим, нозирони хадамоти танзим ва назорати Вазорати нақлиёт ба роҳҳои ҷумҳурӣ вобаста карда шудаанд, вале аз чӣ сабаб бошад дар самти танзим, нозирони воситаҳои нақлиёт танзими роҳкироро назорат намекунанд? Оё БДА-и ноҳияи Файзобод пробкаи ҷойдоштаи маркази деҳаи Мискинободро намедида бошад?
Ҳокими Сафар,
ноҳияи Файзобод
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Турсунзода: таъмири роҳи 2 деҳа Назар
- Резаахбор Назар
- «Валлоҳ рост мегум» Назар
- АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ! Назар
- Абуҳанифа ва адлу инсофи ӯ Назар
- Варзишгари маъюбро фиреб доданд! Назар
- «Чарогоҳи худоён» дар Тоҷикистон Назар
- Муаллими ахлоқ Назар
- Мо кай пойтахт мешавем? Назар
- Дар як сатр Назар
- Абуҳанифа: ҷаҳоншиносӣ ва ахлоқ Назар
- Восеъ: аз раис умед дорем! Назар