ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Апр 17 2019

Вақте шаҳри рӯизаминӣ зеботар мешаваду шаҳри зеризаминӣ баръакс, ифлостар мегардад…

Сайри лола-анъанаи зебои Тоҷикона
6.04.2019. Соат бо вақти Душанбе 10:00 дақиқа.
Дар майдони назди бинои Сирки давлатии кишвар бо садои баланди карнайю доира сайри гули лола оғоз шуд. Даҳҳо намуд лолаҳои рангу баранг, ки бо маҳорати хос дар гулзори шафати бино шинонида шудаанд, ҳусни маконро боз ҳам зеботару ҳавояшро пуртароват мекарданд. Духтарони чаканпӯшу атласпӯш, ки дар ин макон сайругашт доштанд, ба ҳусни лолаҳо ҳусни дигар зам доранд.
Сайри лола барои мардуми Тоҷик анъанаи идонаи наврӯзии нав нест. Аз қадим бо фарорасии фасли баҳор ва Наврӯз, хосса, дар рӯзи 2-юм ё 3-юми он бо аҳли хешу табор, дӯстону пайвандон ба талу теппаҳо ба сайри лолаву лолачинӣ мерафтанд. Тӯшаи сайри лолаашон ҳам он чизе буд, ки ҳар касе аз рӯи шароит бо худ мегирифт. Дар замони шӯравӣ низ ин русум фаромӯш нашуд-ҳатман пас аз Наврӯз, ки таътили баҳории хонандагон оғоз мегардид, муаллимони мактабҳои деҳот кӯдаконро ба «поход», ба лолачинӣ, ба кӯҳу даман мебурданд ва ин лаззати худро дошт.

Ифлос, бадбӯй… - «подземка»-и ҳамшафат
Соат бо вақти Душанбе 10:30 дақиқа.
Воқеан ҳам имрӯз тарофи бинои Сирк диданист, вале ҳамагӣ 2 метр аз ин зебоӣ кас ба ҷое ворид мешавад, ки тамоман баръакси ҳол буда, ба назар ифлостарин гӯшаи дунё, аз кинофилмҳои «ужас»-и Голливудро мемонад… Дар фосилаи ҳамагӣ 2 метр аз ин гулзори пурнакҳат Гузаргоҳи Зеризаминӣ ҷойгир асту ҳамарӯза роҳгузарони зиёд тавассути он роҳро убур мекунанд. Ин гузаргоҳи зеризаминӣ ҳоло дар бадтарин ҳолати санитариву эпидемиологӣ қарор дошта, бӯи бади он дили касро беҳузур мекунад. Паси панҷараҳои оҳанини чандин сол қабл гузошта шуда, пур аз партов ва ифлосӣ буда, дари ба ном мағозаҳо шикаставу пора шудаанд. Деворҳои гузаргоҳ кайҳо нам кашида, ба шикастан сар кардаанду болопӯшҳои оҳанини ҷӯйборҳо низ каҷу шикастаанд. Ҳолати имрӯзи чанд дӯконе, ки дар ин гузаргоҳ ҳанӯз фаъоланд, низ хеле бад буда, вазъи дохилашон низ нигароникунандааст. Аз бӯи бади гузаргоҳ бармеояд, ки бархе аз роҳгузарон дар ин макон қазои ҳоҷат ҳам кардаанду мекунанд…
Вазъи гузаргоҳи дигари ҳамшафати бинои Сирк-рӯбарӯи маркази савдои «Сафар» низ беҳбудӣ мехоҳад. Масъулин гулзори болоро гулкорӣ ва обод кардаанду аз он, ки 2 метр поёнтар чӣ ҳолат аст, хабар надоранд?! Ё фикр мекунанд, меҳмонони мансабдор ва сайёҳоне, ки сайри лола омадаанд, ҳеҷ гоҳ ба «подземка» намефароянд!? Фароед ва аз накҳати гул ва ба бӯйи г… вар хӯред, мӯҳтарам масъулин! Зеро сокинон, меҳмонон, сайёҳони хориҷӣ ҳатман ин накҳатро низ «мечашанд»!

«Подземка»-ҳоро фурӯшгоҳ кунед!
Шумораи гузаргоҳҳои зеризаминӣ дар ш.Душанбе ҳоло ба 10 адад ҳам намерасад. Бархеи гузаргоҳҳо, амсоли назди бозорҳои «Саховат»-у «Варзоб» аз сари нав бунёд ёфта, гузаргоҳҳои маркази шаҳр, хосса, назди фурушгоҳи марказии Тоҷикистон-собиқ СУМ ва маркази савдои «Садбарг» пас аз таъмиру таҷдид хеле тозаву озода шудаанд. Дар аксари ин гузаргоҳҳо дӯконҳои савдо ва фурӯши гулу тӯҳфаҳову ёдгориҳои миллии Тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст, ба ҷуз гузаргоҳи зеризаминии назди бозори «Саховат», ки пурра телефонбозор шудааст.
Барои мисол гузаргоҳҳои зеризаминӣ дар ш.Хуҷанд, маркази вилояти Суғд ба Маркази савдо табдил дода шуда, дар зери замин мағозаҳои бароҳати сару либос ва ашёҳои брендӣ фаъоланд. Хеле зебо ва қулай.
Инчунин, маҳз дар ин гузаргоҳҳои зеризаминӣ бояд ҳоҷатхонаҳои муосир барои мардум кушода шаванд-набуди ҳоҷатхона ҳам имрӯз ба проблемаи №1-и пойтахт мубаддал шуда истодааст ва маҳз ин мушкил ҳафтаи гузашта боиси ҷанҷоли 1 сокини пойтахт бо милисаҳо гашта, аввалиро то ба кати беморхона ва ҷарроҳӣ оварда расонид… Пас чаро ин корро аз хуҷандиҳо ёд нагирему тамоми гузаргоҳҳои зеризаминии пойтахтро марказҳои савдо накунем?

Ҷамила Ҳусейнова, СССР
Дар акс ҳолати имрӯзаи саҳни бинои Сирк ва дохили гузаргоҳи зеризаминӣ, ки бозгӯи гуфтаҳои болоанд.


Дар ҳамин маврид:
Хабарнигори дигари СССР, ки он рӯз ба сайри Боғи Ҷомиву Навоӣ рафта буд, ба манзараи баде дучор омад. Модарон кӯдакони худро рӯи сабза ба…қазои ҳоҷат (маъзарат) шинонида буданд (ниг. ба акс). Чу пурсидем, гуфтанд, кӯдак аст, шикамаш дард кард, ҳоҷатхона нест, пас куҷо баремаш? Воқеан ҳам меҳмонону сокинони пойтахт, ки сайри ин ва дигар поркҳо мебароянд, зимни… ба куҷо раванд? Ё мегӯед хурду калон «фархак-памперс» пӯшем?

Чоршанбе, Апр 17 2019


    Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе ба маълумоти соҳибони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, сокинон ва меҳмон мерасонад, ки бо мақсади татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ва сохтмону азнавсозии роҳи автомобилгарди хиёбони Саъдии Шерозӣ (аз ҳалқаи кӯчаи Неъмат Қарабоев то гардиш ба кӯчаи Раҳмон Набиев) ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз 15.04.2019 маҳдуд карда мешавад.
    Аз ин лиҳоз, аз ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки талаботи аломатҳои роҳ ва дигар нишонаҳои гузошташударо риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафати он аз ҷумла, хиёбонҳои  А. Сино, Ҷ. Расулов, кӯчаҳои Н. Қарабоев, Мушфиқӣ, Р. Набиев, Маяковский, Соҳилӣ, Н. Ганҷавӣ, Раҳимӣ истифода намоянд.
    Ҳамзамон, дар ин раванд ба 1 қатор хатсайрҳои микроавтобус ва автобусҳо тағйирот ворид карда шуданд:
— микроавтобусҳои №№2, 52, ва 54 тариқи кӯчаҳои Мушфиқӣ-Соҳилӣ, №13 тариқи кӯчаи Р. Набиев, Мушфиқӣ, Н. Қарабоев ва №№ 15, 25 тариқи кӯчаҳои Соҳилӣ, Н. Ганҷавӣ, М. Шерализода;
— автобусҳои №№ 7, 11, 18, 29 тариқи кӯчаҳои Р. Набиев, Мушфиқӣ, Н. Қарабоев ҳаракат менамоянд.

Ҷумъа, Апр 12 2019


Шӯрои уламо бо нашри 1 муроҷиатнома дӯст доштан ва хизмати ватанро аз гӯшаи имон хонда, ҳадисеро аз Пайғамбар (с) овардааст, ки фариштагон 3 овозро ба осмон мерасонанд: “Якум овози қалами нависандагон, зеро барои осудаҳолӣ ва бародарии мардум заҳмат мекашанд, дуюм овози чархресии занон - фазилати меҳнати ҳалол ва сеюм овози қадами марзбонон, ки шабҳо бедорӣ мекашанд, то ки дигарон дар амон бихобанд ва ҷони худро дар хатар мемонанд, то мардум осуда бошанд” Ҳамчунин дар идома Шӯрои уламо бо такя аз қавли Паёмбари Худо (с) овардааст, “2 чашмест, ки ҳаргиз дар оташи дузах намесӯзад, яке аз тарси Худо гиря мекунад, дигаре дар роҳи дӯст доштани ватан мижа назада хидмат мекунад”. Ба иттилои Шӯрои уламо, дар замони Ҳазрати Муҳаммад (с) низ онҳое, ки аз даъвати Паёмбар сар тофтанд, аз раҳмати Худо маҳрум гаштанд. Дар хулоса раёсати Шӯро таъкид намудааст, ки саркашӣ аз ҳимояи Ватан гуноҳи кабира буда, мусоидаткунандаи он, яъне баъзе падару модарон низ ба ин гуноҳ шариканд.

Чоршанбе, Апр 10 2019


   Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки бинобар анҷоми корҳои таъмирӣ-азнавсозӣ дар хиёбони С.Шерозӣ ва аз фаъолият боз мондани троллейбусҳо дар хатсайри №12, шурӯъ аз 10.04.2019 дар хатсайри троллейбусии мазкур муваққатан ҳаракати автобусҳо бо рақами хатсайри №12 ба роҳ монда мешавад.
   Чуноне ки қаблан хабар дода будем, сар аз имрӯз фаъолияти хатсайри микроавтобусии №67 (маҳаллаи Маърифатӣ-кӯчаи Гагарин) қатъ карда шуда, шумораи автобусҳои хатсайри №4 (Терминали Шарқ-Транс -ҶДММ «Маром»), ки роҳу кӯча ва маҳаллаҳои хатсайри №67-ро такрор менамояд, зиёд карда мешавад.
   Инчунин, шурӯъ аз 10.04.2019 дар хатсайри микроавтобусии №10 (Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ-маҳаллаи Пахтакор) фаъолияти микроавтобусҳо манъ карда шуда, хизматрасонии ин хатсайр пурра тариқи автобусҳо ба роҳ монда мешавад.
   Аз ҳамаи сокинон ва меҳмонони ш.Душанбе эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки аз хизматрасонии автобусҳои муосир дар хатсайрҳои №№4 ва10 истифода баранд.
 


Ҷумъа, Апр 05 2019


Бо мақсади пешгирӣ аз беморӣ ва баланд бардоштани фарҳанги тиббии ҷомеа, дар доираи татбиқи ҳадафҳои бунёдии «Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2023» дар саҳни маркази саломатии ш.Бохтар «Корвони саломатӣ» гузаронида шуд. Дар чорабинӣ 85 нафар мутахассисони баландпояи ҷумҳурӣ, 50 нафар мутахассисони вилоятӣ, 3 адад дастгоҳи сабти барқии дил, 5 адад дастгоҳи ултрасадо ва нақлиёти дармонгоҳи сайёри тиббии Маркази вилоятии мубориза ва пешгирии СПИД (бо дастгоҳӣ ултрасадо ва таҳлилии ВНМО, таҳлили қанди хун) Маркази бемориҳои сили вилоят хизмат расониданд. Дар «Корвони саломатӣ» бо роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, Одиназода Азиз Абдусаттор, профессорони пуртаҷриба ва дигар шахсони масъули вилоят иштирок намуданд.

Баҳодур Уроқов СССР, вилояти Хатлон

Ҷумъа, Апр 05 2019


Аз дирӯз-3 апрел борони сел сокинони вилояти Хатлонро дар ташвиш гузоштааст!  Мардуме, ки дар кӯҳу теппаҳо ва дар атрофи дарё зиндагони мекунанд, дар ташвишанд, ки сел хонаю заминҳои корамро валангор накунад. Сайдалиев Ёқуб муовини Сардори ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилоят ба СССР, дар соати 14:30 дақиқа хабар дод, ки айни замон дар манотиқи вилоят аз боришоти зиёди сел ягон зарар нарасидааст. Танҳо оби дарёи «Сурхоб»-и н.Фархор баланд шудаасту халос. Аммо сокинони шаҳри Кӯлоб ва н.Восеъ дар сӯҳбат бо СССР гуфтанд, ки соатҳои 4-5-и субҳи 5 апрел бинобар боришоти беисти борон хонаҳои истиқоматии деҳаи «Зиракӣ» аз сабаби сари вақт тоза накардани ҷӯйборҳо зиёда аз 10 хоҷагӣ иншоотҳои ёрирасон ифлос ва зери об мондаанд. Манбаъ мегуяд, ки ҳатто бо иллати хатари сел хонандагони синфҳои ибтидоии МТМУ №36-и деҳаи мазкурро аз дарс озод кардаанд.

Баҳодур Уроқов СССР, вилояти Хатлон

саҳ 15 аз 113

Китобҳо

Flag Counter