ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Нояб 25 2020

Хонандагони газетаи мардумии «СССР» дар бораи чойхонаҳои тоҷикӣ, ки ҷойи дӯстдоштании пирони барнодил буду онҷо мӯйсафедон бо ҳам ҷамъ омада, сари 1 пиёла чой сӯҳбатҳои қаймоқӣ доштанд, хеле зиёд менависанд. Воқеан ҳам чойхонаҳо дар кӯчаву маҳалла ва деҳоти шаҳру навоҳии Тоҷикистон агар аз 1 тараф маркази дилхушиву хизматрасонӣ ба шумор раванд, аз тарафи дигар маркази хабару маълумоти итиллооту баҳсу талош ҳам буданд. Ин аст, ки шодравон очакалони 103 солаам гоҳо нақли худро ин тавр шуруъ мекарданд: «бобокалонат аз чойхона гап ёфта омад, ки…»

Чаро дигар дар маҳалҳо чойхонаҳои мардумӣ фаъол нестанд? Чаро чойхонаҳои шаҳрӣ тарабхона шуданд? Чаро соҳибкорон дигар чойхона бунёд намекунанд? Ин буд мавзуе, ки мо ин шумора пайгирӣ намудем. Мо Метавонем!

Чойро арақ иваз кард… 

Тоҳирҷон Сафолов, яке аз ошпазҳои собиқадори пойтахт, ки ҳоло ба ҳайси сарошпаз дар яке аз тарабхонаҳои номдори ш.Душанбе кору фаъолият дорад, мегӯяд, ки чойхонаҳо имрӯз барои соҳибонашон фоида надоранд. 

   - Дар чойхонаи сирф шарқӣ фақат чою нону қанди печаку наботу парварда ва нишолло бояд пешкаш шавад. Вале шумо медонед, ки ба чойхона танҳо пиронсолон меоянду қанду наботашонро бо худ дар остин печонида меоранд ва фақат чой фармоиш медиҳанд. Бо танҳо 1 чойник чой чойхонаро гардондану нигоҳ доштан мушкил аст ва шояд ҳамин сабаб аст, ки аксарияти чойхонаҳо баста шуданд ё фаъолияти кори хешро иваз намуда, ба тарабхона табдили ном карданд. Акнун ҷои чойи гарми кабуд дар ин чойхонаҳо арақи сард мерезанд, - мегӯяд мавсуф.

Чаро «Роҳат» тарабхона шуд?

Имрӯз фаъолони фейсбукӣ дар бораи ҳифзи чойхонаи «Роҳат», ки қарор аст тахриб шавад, зиёд мегӯянду менависанд. Вале мебахшед кадом чойхона??? Роҳат оё чойхона аст? Кай охирон бор дар Роҳат чой хӯрдаед?

 Оре, дар оғоз чойхонаи «Роҳат» ба маънои томаш чойхона буд ва он ҷо мардуми аз деҳот ба пойтахт омада, 1 пиёла чой нӯшида, дам мегирифтанд. Пасон самбӯсаю сихкабобу оши палаву лағмон пайдо шуду чойхона оҳиста-оҳиста бо пешкаш намудани нӯшокиҳои спиртӣ, ки аз чой дида фоидаи бештаре доранд, ба тарабхона мубаддал гашт. Ва тарабхонаи хелееее гаронарзиш!

   - Чойхонаи «Роҳат», алалхусус бинои он ҳеҷ арзишӣ таърихӣ надорад, танҳо тарҳи бинои он моро ба ёди замони шӯравӣ мебарад ва шояд ҳамин аст, ки мардум барои ҳифзи он садо баланд мекунанд. Вагарна «Роҳат»-и имрӯза бо «Роҳат»-и 30 сол пеш ягон тафовут надорад ва соҳибаш ба хотири тиҷорати даромадноки худ чойхонаро тарабхона кардааст, таъкид медорад Тоҳирҷон Сафолов.

Новобаста аз он, ки бархе аз чойхонаҳо дар феҳристи мақомотҳои маҳаллӣ ва нозироти андоз ҳамчун чойхона мондаанд, лек дар асл тарабхонаву қаҳвахона шуда, бо пешкаши анвои гуногуни хӯрок ва хизматрасонӣ-баргузории ҷашну тӯй ва чорабиниҳои дигари фарҳангӣ аз чойхонаи оддӣ будан рӯй гардонидаанд.

Чойхонаҳои маъруфи «Фароғат»-у «Саодат» низ ё аз байн рафтанд ё фаъолияти хешро қатъ карданд ва ё ба ресторану тӯйхона мубаддал шуданд...

Дар пойтахт 1 чойхона намондааст!!!

Пирони барнодилу рӯзгордида имрӯз ниёз ба чойхона доранд. Чойхонаи сирф тоҷикӣ, ки ҷойи онҳоро ягон ҷойи ҷамъиятӣ ё гапхона гирифта наметавонад. Дар пойтахт ҳамин ҳоло қариб, ки ягон чойхона намондааст. 

Чанд чойхонаи миллӣ дар шаҳрҳои Исфараву Истаравшан, Хуҷанду Бохтар ва Кӯлоб мондаанд, ки онҳо ҳам дар ҳоли аз байн рафтананд, зеро соҳибонашон ин маконҳоро табдил ба тарабхона мекунанд. 

Ба пиндори ман, айни замон, ки корҳои бунёдкорӣ ва созанда дар сартосари мамлакат бахшида ба ҷашни тақдирсози миллӣ-30 солагии Истиқлолияти ҶТ идома доранд, раисон бояд дар фикри бунёд ва ташкили чойхонаҳо бошанд. Чаро не? 

Мо пайгири мавзӯ ҳастем. Шумо низ фикру андешаи худро дар ин маврид метавонед ба газетаи мардумӣ ирсол намоед, хонандагони гиромӣ. Мо нашр мекунем. Мо Метавонем!

 

М.Аминзода, СССР

 

Панҷшанбе, Нояб 19 2020

   Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID–19 дар ҶТ вобаста ба хуруҷи мавҷи дуюми ин бемории сироятӣ қарор кард, ки барномаҳои тантанавӣ, аз ҷумла ташкили арчаи солинавӣ, баргузории чорабиниҳои фарҳангии оммавӣ, нишастҳои ҷашнӣ, шабнишиниҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ ба муносибати Соли нави мелодии 2021 дар қаламрави мамлакат манъ карда шавад.

   Дар ин робита сайру гашти мардум дар боғҳои фарҳангу фароғатӣ, гулгашту хиёбонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятии шаҳр танҳо бо дарназардошти риояи ҳатмии қоидаҳои гигиенаи шахсиву ҷамъиятӣ, истифодаи ҳатмии ниқобҳои муҳофизатӣ ва риояи қатъии фосилаи иҷтимоӣ дар масофаи байниҳамдигарии аз 1,5 то 2 метр иҷозат дода мешавад.

 

Чоршанбе, Нояб 18 2020

Мақолаи «Чӣ гуна ман COVID шудам»-и Сайёфи Мизробро, ки дар шумораҳои №40-41 «СССР» 1(5-22 октябри соли 2020) ба табъ расид, пурра хондам. Шукр, ки дӯст ва ҳамкасби мо аз ин беморӣ шифо ёфтааст. Худованд умри дарозаш бидиҳад! Муаллиф дар баробари миннатдорӣ ба табибон рӯйхати дорувориҳоро овардааст, ки гаронарзиш ва истеҳсоли хориҷианд.

Аммо ман чанд нафар дӯстонамро медонам, ки бо истифода аз доруҳои ватании арзон ба фазли Худованд шифо ёфтаанд. Яке аз онҳо сокини маҳаллаи Хоҷа Мӯсои шаҳри Ҳисор Алимардон Ҳусейнов мебошад. Номбурда дар моҳи шарифи Рамазон гирифтори беморӣ шуда, изҳор намуд, ки таъми ғизо ва бӯйро ҳис намекунад, иштиҳоро гум карда, беҳол гаштааст. Яке аз дӯстонаш  7 адад нӯшдоруи аз сиёҳдона тайёркардаи «Антиковид-19»-ро, ки ҳар кадом 100 милилитрӣ мебошанд, барояш дастрас кард. Рӯзе 3 маротиба 1 қошуқӣ аз ин давои табиӣ истеъмол намуда, дар 2 ҳафта ба по хеста, фаъолияти соҳибкориашро идома дод.

Сиёҳдона ва асал-аҷали вирус

Сокини маҳаллаи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Ҳисор Абдулазиз  Ҳикматов  бошад, илова ба нӯшдоруи сиёҳдона аз маҳлули пошанда (спрей)-и «Антиковид-19» низ истифода бурда, шифои комил ёфт. Ӯ ба хотири гирифтор нашудан (профилактика) ба бемории COVID-19 ба тамоми аҳли хонаводааш истеъмоли давоҳои мазкурро  тавсия дод.

Сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ Полвонов Сифатулло, ки дар миёни 2 ҳафта 4 нафар шахсони барояш азизро аз бемории мазкур аз даст дод, дар хона 1 моҳ бистарӣ шуда, аз равғани сиёҳдона, асал ва нӯшдоруи сиёҳдона  истифода бурда, шукри Худо шифо ёфт. 

Ман низ бо аҳли хонавода аз равғани сиёҳдона, асал, нӯшдоруи сиёҳдона, нӯшдоруи «Авитсенна» (иборат аз 26 гиёҳ), маҳлули пошандаи «Антиковид-19» истифода бурда, бо фазли Худои Меҳрубон аз ин беморӣ эмин мондем. Равғану давоҳои зикршуда истеҳсоли ширкати ватании «Авитсенна» аст, ки сарварии онро Сайидвалӣ Ҳикматов бар дӯш  дорад. Давоҳои истеҳсоли ин ширкати ватанӣ ҳама табиӣ буда, аз доруҳои хориҷӣ арзонтаранд. Барои 1 давраи пешгирӣ (курс профилактика) ва муолиҷа дар маҷмӯъ аз 200 то 500 сомонӣ (максимум) кифоя аст. 

Ба доруи ватанӣ арҷ гузорем

Мутаассифона, дар муассисаҳои тандурустии кишвар ба давоҳои ватанӣ кам эътибор медиҳанд. Аз рӯи тафаккури даврони шӯравӣ амал карда, хаёл мекунанд, ки танҳо моли хориҷӣ босифат аст. Хуб мешуд, ки табибони мамлакат давоҳои ватаниро таҷриба намуда, ба беморон тавсия диҳанд. Зеро солҳои чилум-панҷоҳуми асри гузашта, олмониҳою  япониҳои иқтисодиёташон  баъди ҷанг  харобшуда ҳангоми интихоби мол  ба маҳсулоти ватанӣ (бо вуҷуди  қимат буданаш) арҷ гузошта, истеҳсолоташонро дастгирӣ карданд. Дар натиҷа корхонаҳои ватаниашон «ҷон гирифта», яке дар Аврупо ва дигаре дар Осиё кишварҳои аз ҳама пешрафта шуданд. Агар мо ҳам маҳсулоти ватаниамонро мисли олмониҳову япониҳо дастгирӣ кунем, корхонаҳои мамлакат, ки тифли навзодро мемонанд, зуд ба по рост хоҳанд шуд. Мо метавонем!.

С. Суннатӣ,  рӯзноманигор 

махсус барои СССР

 

Чоршанбе, Нояб 11 2020

Салом «СССР»-и азиз»! Духтари ман Гавҳаршодбегим Холмаҳмадова, 39 сола буда, дар сини 4-солагиаш духтурон нодуруст табобат карда, ӯро барои тамоми ҳаёт маъюб сохтанд. Нафақаи маъюбии Гавҳаршодбегим то ба имрӯз 180 сомониро ташкил медиҳаду ӯро модараш парасторӣ ва нигоҳубин мекунад, вале чаро модараш барои парасторӣ нафақа намегирад? Аз моҳи сентябри соли 2020 нафақа зиёд шуд, вале мо ҳануз ҳам нафақаи зиёдшударо ба даст нагирифтаем, ва намедонем, ки чӣ қадар афзуда аст? 

Барои кӯмаки ичтимоӣ ба духтарам чанд маротиба ба раиси ш.Панҷакент муроҷиат кардам, зеро ҳар маротиба аз деҳа ба шаҳр барои муоинаи духтурон бурдан ташвиш дорад, лек чорае дар ин маврид андешида нашуд. Соҳибкорон, бачаҳои ба нангу номуси ш.Панҷакент агар лутф карда ба духтари ман аз ягон таҳхонаи биноҳои навсохти хеш 1 ҳуҷра ҷудо карда медоданд, нуран алонур мешуду дар ҳаққашон то умр ҳаст, дуо мекардам. Бо нафақаи 3 нафар рузгорро пеш мебарем, бо ин нарху навои гарон чӣ гуна минбаъд рӯз гузаронем?

Раҷаб Холмаҳмадов, нафақахӯр, 

сокини д.Туркироҷи ҷ.Амондараи ш.Панҷакент

 

Чоршанбе, Нояб 04 2020

Посбонони бозори маъруфи Деҳқон мизоҷонро пеш аз дохил шудан ба бозор нағз назорат намекарданд. Чаро бе санҷиши ҳарорати бадан харидоронро ба бозор роҳ медиҳанд? Инҳо хавф аз бемории коронавирус надорнд ё фикр мекунандд ин мараз ба зудӣ аз байн рафтаасту хатараш гузаштааст? 

Масъулин бояд донанд, ки саломати одамон картошкаву пучоқи пиёз нест, ки хариду фурӯш шавад! Беморӣ дар хунукӣ авҷ мегирад, пас хоҳиш худро ку не ҳади ақал ба фарзандони худ раҳм кунед. Рузи дароз такрор ба такрор тариқи телевизион мутахассисон тавсия медиҳанд, ки аз ҷойҳои серодам худро канора гиред, вале ин гапҳо ба бозори Гипрозем-Деҳқон дахл надорад? О, ақаллан 2 шиша «антисептик дар даромадгоҳ монед. Гарон нест-ку?!

Бозор ё вирусгоҳ???

Бо модарам ба бозори Гипрозем барои хариди помидор ва меваҷот рафтем. Ҳама ҷо ифлос, савдогарон бе ниқоб ба мардум хизмат мекарданд, нархи ҳама намуди маҳсулоти хӯрока ва меваҷот дар осмон, савдогарон гигиенаи санитариро иҷро намекарданд, бархе аз харидорон ҳамдигарро рӯ ба рӯ китф ба китф зада, ба харид банд мешуданд. Ҳеч кас дар фикри саломати худ набуда, ба тозагӣ бошад умуман аҳамият намедиҳанд. Бовар кунед, ҳамин бозорҳо бошанд, барои миллати мо бомбаи атомӣ лозим нест. Худамон худамонро сироят карда, мекушем!

Болои ҳама намуди маҳсулоти хӯрока кушода, аз ҷумла чакка, нон, салату гӯшт. КВД бозори Деҳқони шаҳри Душанбе ба талаботи имрӯза ҷавобгу нест. То ба охир бозори деҳқонбозоро бо модарам якҷо чарх зада, аз ҳоли бозор бохабар шудем, ҳатто савдогарони бозор либосҳои яклухти корӣ надоштанд, ягон кас ниқоб ҳам надораду дастпӯшак низ. Вале он чанд нафаре, ки гӯиё дастпӯш доранд, намедоштанд, беҳтар. Зеро чирку микробу ифлосӣ аз он дастпӯшакҳо мерехт!!!

Ногуфта намонад пеш аз дохил шуданамон моро ягон кас на ҳарорати баданамонро санҷиду на ниқоб пурсид. Вой бар ҳоли мо! Дили мо ба фарзандони хурди шумо месӯзад ҳамватанони азиз, худрову тифлаконатонро эҳтиёт намоед. Боқӣ худ медонед. 1000-ҳо маротиба оиди риояи санитарию гигиенаи бозорҳо гуфта будем, лек бе натиҷа. Зеро ба назар мерасад, ки бозорҳои Душанбе шаҳри бедарвоза шудаанд. Мо Метавонем

       Омирона Достиева, СССР

 

Чоршанбе, Окт 28 2020

- Салом «СССР»-и азиз! Сар аз 1.09.2020 маошу нафақа дар кишвар боз 10-15% зиёд карда шуда, маошхӯрону нафақагирон чӣ қадар афзудани маошу нафақаро дар моҳи октябр эҳсос карданд. Ман дар мавриди маоши кормандони буҷавӣ ва нафахӯрон чизе намегӯям, зеро барои аз они кӣ чӣ қадар зиёд шуд, бояд соатҳо гап заниву қиёс кунӣ. Ман мехоҳам дар бораи нодуруст нақшабандӣ кардани нафақаи маъюбон арз кунам. 

Бубинед, Фармони Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баланд кардани маошу нафақа ба тамоми қишри ичтимоӣ равона шудааст, вале чаро Агентии суғуртаи ичтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҶТ нафақаи маъюбон ва парасторони онҳоро нодуруст тақсимбандӣ кардааст. Ҳамакнун, нафақаи маъюби гурӯҳи 1-ум ва парастори он зиёд карда шуду, нафақаи парасторони маъюбони гурӯҳҳои 2-юму 3-юм не? Ин магар одилона аст? Чаро шумо бо чунин амалҳо ба обрӯ ва нуфузи Президенти ҶТ латма мезанеду бовариро ба Ҳукумати марказӣ коста?

Даврон Шоев, ш.Душанбе

 

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 129

Китобҳо

Flag Counter