ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: Вахш рав!

  • Чоршанбе, Июн 14 2023

 

Ҳафтаи гузашта чанд нафар аз сокинони ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ба редаксия муроҷиат намуда, хостанд, ки мухбирони газетаи СССР ба ноҳия омада, бо проблемаҳое, ки солҳост ҳалли худро ёфта наметавонанд, ошно гарданд. Шояд баррасии мушкилоти мавҷуда тариқи ҳамин рӯзнома ба гӯши масъулон расаду онҳо билохира дар фикри ҳаллу фасл намудан гарданд. Амри хонанда барои мо воҷиб аст! Ва мо рафтем! Туро ҳам бо худ мебарем, хонанда ва агар ту низ мушкиле дар ноҳияат дорӣ, ба мо муроҷеъ шав. Аз рӯи имконот расидагӣ мекунем. Мо Метавонем!

04.06.2023. Соат ба вақти Вахш 09:20 дақиқа. Ноҳияи Вахш аз маркази вилоят ҳамагӣ дар масофаи 20 км воқеъ гардидааст. Мо дар муддати хеле кӯтоҳ ба маркази ин ноҳия расидем. Бояд гуфт, ки дар ҳудуди ноҳия дар даврони Истиқлолият ободкориҳои чашмрас бараъло мушоҳида мегардад, ки ин аломати пешрафти ноҳия маҳсуб меёбад. Лекин дар баробари ҳамаи ин ободиҳо боз ҳастанд проблемаҳои бузурге, ки солҳост мардумро нигарону ҳайрон сохтаанд.

 

Проблеми №1: бозори марказӣ нест!

Аз кадом сокини ин ноҳия дар бораи мушкилоти рақами 1 пурсон нашавӣ, набудани бозори марказиро мисол меоранд. Чаро ин ноҳия бозор надорад? 

Дар замони советӣ бозорҳои Иттиҳодияи «Тоҷикматлубот» дар тамомии шаҳраку посёлкаҳои мардумнишин фаъол буданд, ҳоло чӣ? Мегӯянд, ки агар хоҳӣ бо назми зиндагии мардум аз наздик ошно шавӣ, ба бозораш рав, вале вақте шаҳр бозор надорад, бояд ба куҷо рафт?. 

Сокинон бар он бовар буданд, ки дар арафаи ҷашни пуршукуҳи миллат -  30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳо соҳиби бозори маркази мешаванду эҳтиёҷоти худро аз он бароварда мекунанд, аммо на аз бозор хабар ҳасту на бозордор…

Ҳамаи сокинони ноҳия барои хариду фурӯш ё худ бозорӣ кардан ба бозорҳои маркази вилоят – ш.Бохтар 7 сомонӣ роҳкиро ба таксиҳо дода, рафта меоянд. 

 

Агар бозор бунёд ёбад…

Муқаддас Расулова, сокини н.Вахш мегӯяд, ки сокинон солҳои пеш ба бозори дигаре, ки дар ҳудуди ноҳия фаъолияти начандон пурсамар, вале аз бозорҳои сарироҳӣ фарқият дошт, бо номи " Бағара" мерафтанд. 

   - Он солҳо нақлиёт кам буд, аз ин сабаб пиёда роҳро тай карда, маҳсулот ва молу коло мехаридем. Шукронаи пойдории сулҳ ва ободии Ватан, лекин чаро дар давраи сериву пурӣ касе дар фикри бунёди бозори марказӣ нест? Вақти он расида, ки бо зиёд шудани шумораи аҳолии кишвар, дар маркази ноҳияҳо бозорҳои калону муосир амал намоянд, то мардум азият накашанд. Агар бозор бақарору бунёд шавад, масъалаи партов, ки асоси паҳншавии ифлосиҳои ҳудуди шаҳраку деҳот мегарданд, аз байн гирифта мешавад ва ҳам шаҳрвандони ноҳия бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд, таъкид медорад Муқаддас Расулова. 

Бино ба итиллои Фариштамоҳ Зоидзода, раиси ҷамоати шаҳраки Вахш, соҳибкори маҳаллӣ ва марди меҳандӯст Муҳибулло Ҳабибов барои бунёди бозори муосир аз худ ташаббус нишон дода, гуфтааст, ки бозор то ҷашни 35 – солагии Истиқлолият ҳатман сохта мешавад. 

Хуб! Вале аҷиб нест, ки дар ин 31 соли Истиқлолият 1 бозор дар Вахш бунёд наёфт? Ещё как аҷиб аст!

 

Проблеми №2: терминали мусофиркашонӣ нест!

Шафати бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар н.Вахш терминалро мемонад. Гуё ин ҷо барои мусофиркашонӣ истгоҳ сохта шудааст. Ҳама ҷо аз мошинҳо пур асту тамбашавии он тез - тез рух медиҳад. Мушкилот чист? Терминал нест! 

Сари ин мавзуъ мо ба раиси ҷамоати шаҳраки Вахш Фариштамоҳ Зоидзода муроҷеъ шудем. Ин зани бисёр таҷрибадор аз проблемаҳои ҷойдошта хабардор аст. Мавсуф аз мушкилоти болозикр ёдоварӣ намуда, қайд кард, ки дар ҳақиқат ҳам чунин проблема вуҷуд дорад ва он дар ҷашнгирии иди пуршукуҳи миллат бояд ҳалли худро ёбад. 

   - Набудани терминали мусофиркашӣ сокинонро сари чандин сол аст, ки нигарон кардааст. Барои ҳалли онҳо соҳибкорон ҳам бояд саҳмгузор бошанд. Зеро бо дастгирии онҳо ва такя бар мардуми Ватандӯст ноҳия ва маҳал обод мешавад, - иброз медорад Фариштамоҳ Зоидзода.

Кай? Наход ин ҳам дар ҷашни 35-солагии Истиқлолият???

 

31 сол дар ҷустуҷӯи ҷой?

Мақомоти маҳаллӣ тайи 31 сол аст, ки барои терминали мусофиркашонии ҳудуди ноҳия дар пайи дарёфти ҷойи муносиб саргардон аст.  Дар ҷамоати шаҳраки Вахш 37 кӯча ва 6 маҳалла ба қайд гирифта шуда, тамоми кӯчаю маҳаллаҳо навбунёданд. Дар ҳар ккӯча ба ҳисоби миёна агар 200 нафар аҳолӣ зиндагӣ кунанд, пас барои онҳо аз ҳама иншооти лозимӣ бозору терминали нақлиётӣ дар навбати аввал меистад. 

Аз раиси ноҳияи Вахш Қурбон Юсупов ҳамчун соҳибкори муваффақ низ ном мебаранд, ки то расидан ба ин вазифа ободкориҳои зиёде кардааст. Фикр мекунем бунёди 1 бозори колхозӣ ва терминали мусофиркашонӣ дар маркази ноҳия набояд барои мавсуф проблемаи хеле вазнин бошад. Боз дар ҳоле, ки ин 2 иншоот нафърасонанд ва хароҷоти худро зуд мепӯшонанд.

  Мо умедворем, ки раис худ ташаббус нишон дода, ба ҷалби соҳибкорони ҷавонмарди вахшӣ ин масъалаҳоро ба зудӣ ҳал хоҳанд кард. 

Мо пайгири мавзуъем. Мо Метавонем!

 

Нуриддин Қосимзода, СССР, 

вилояти Хатлон 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter