ХАБАРИ ДОҒ

Даврони Айниддин, шоир ва адиб, муаллифи доимии газетаи мардумӣ, бо идора тамос гирифта, гуфт, ки пас аз 12 рӯзи табобату истироҳат дар осоишгоҳи «Дустӣ»-и н.Ҷайҳун бо 1 ҷаҳон таассуроти хотирмон ба хона баргашт.

   - Бо ташаббуси роҳбари муассисаи табобатӣ, Исломиддин Хоҷаев ва дастгирии бевоситаи раиси н.Ҷайҳун Абдулҳафиз Одиназода рӯзи байналмилалии «Оила» дар сатҳи баланди ташкилию фароғатӣ бо суханрониҳои зебои Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ортиқ Қодиров ба 120-нафар истироҳаткунандагон, ки аксарияташон маъюбону пиронсолон буданд, нақши муҳим гузошт.

Инчунин, аз ҷониби бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия ба оилаҳои намунавӣ туҳфаҳо супорида шуданд. Туҳфаи махсуси пулӣ ва молии раиси ноҳияро ба 2 оилаи маъюб - Ҷобирзода Абдураҳмон аз н.Қубодиён ва каминаи камтарин, муовини раиси ноҳия Салоҳзода Гулбаҳор супурд. Пири 76-сола, иштирокчии ҷанги Чехословакия, ветерани меҳнат Давлатмурод Наимов бошад, ҳамчун китобхони беҳтарин бо Ифтихорнома қадр карда шуд.

Ҳамин таваҷҷуҳ худ 1 давлат аст!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter