ХАБАРИ ДОҒ

Сиркачҳои Тоҷик дар Миср дармондаанд?!

  • Ҷумъа, Июн 09 2017

Ба хотири рӯзгузаронӣ сиркачҳои Тоҷикро ҳоло дар Миср маҷбур месозанд, ки дар театрҳои мюзикл ва шапито нимурён баромад намоянд... 

Дар бораи он, ки 6 нафар ҳунармандони сирки Тоҷик тайи 1 соли охир дар Коҳираи Миср қарор дошта, ба Ватан баргашта наметавонанд, мо 3 моҳ пеш матлабе навишта, бонги хатар зада будем. Ҳайати сиркбозҳои Тоҷик ҳамин моҳи соли гузашта барои ширкат дар фестивали сирк, барои 2 моҳ (!) баҳри ҳунарнамоӣ ва бозомӯзӣ ба Миср сафар карданд, аммо бо гузашти 1 сол тақдири ин 6 ҳунарманд ва 1 нафар роҳбари бадеӣ норавшан асту ояндаи ҳунармандони ҷавон, алалхусус духтароне, ки рафта буданд, боиси нигаронӣ. Бидуни маблағ, қарзҳои ҷамъшуда аз иқомату хӯрок ва набудани шиносномаҳо, ки аз тарафи Обид Эргашев, шавҳари роҳбари бадеӣ гирифта шудааст, ҳунармандони ҷавон наметавонанд ба Ватан баргарданд. Ба хотири рӯзгузаронӣ сиркачҳои Тоҷикро ҳоло маҷбур месозанд, ки дар театрҳои мюзикл ва шапито нимурён баромад намоянд. 
Рӯзи ҷумъаи 26 майи соли равон, ба идораи газетаи СССР Умеда Ҳусейнова, корманди Сирки давлатии Тоҷик, сокини н. Фирдавсӣ муроҷиат кард. Ӯ хоҳари калонии Гулнора Ҳусейноваи 18-сола, ҳунарманди сирк аст, ки ба Миср рафта, то ҳол баргашта наметавонад. 4 нафар узви хонаводаи Ҳусейновҳо дар сирк кор мекунанд: Умеда, Гулнора, Анӯша ва модарашон апаи Фазилат, ки муҳосиб аст. Гулнораро бошад роҳбарияти сирк 1 сол пеш барои ширкат дар фестивали сирк дар ҳайати даста ба Коҳира мефиристад. Гулнора бо ҳунармандони дигари сирк-Нилуфар, Муҳаммад, Асад ва Далер то ҳол дар Коҳира буда, бино ба гуфти Умеда дар вазъияти ногувор ва бад қарор доранд. Гап сари он аст, ки роҳбари бадеӣ Мастона бо шавҳараш Эргаш Обидов, ки худ омада ҷавононро ба фестивал бурдаанд, шиносномаҳои ҳунармандонро ҷамъ карда гирифтаанду бо ин роҳ дасту пои ҷавононро ба қавле бастаанд. Онҳо на хона омада метавонанд ва на ҷое шикоят бурда. Умеда мегӯяд, дар шапито-навъе аз Сирки хиёбонӣ, хоҳари наврасашро маҷбур мекунанд, ки нимаурён назди арабҳои бидавӣ ҳунарнамоӣ кунад, ки ба фарҳангу маданияту ору номуси Тоҷикӣ созгор нест. Вале раҳбарияти Сирк, ба вежа директори он, Ашӯр Раҷабов, парвое надорад ва дар сар фикри бозгардонидани ин ҳунармандони ҷавонро низ  надоштааст.

Сиркачҳо ҳафтаи оянда бармегарданд!
Пас аз шикояти Умеда мо ба роҳбарияти сирки давлатии Тоҷик муроҷиат намудем ва хостем ин қазияро баррасӣ намоем. Ашӯр Раҷабов, директори сирки давлатии Тоҷик дар сӯҳбати ихтисосӣ бо мухбири мо иброз намуд, ки падару модарони ин ҳунармандони ҷавон набояд нигарон бошанд, зеро тамоми ҳайати ҳунарӣ ҳафтаи оянда ба Ватан хоҳад баргашт:
-Бубинед, дар таърихи сирки Тоҷик танҳо соли гузашта муяссар шуд, ки ҳунармандон аз кишвар баромада хориҷаро бубинанд, дар сиркҳои ҷаҳонӣ ширкат варзанд, бо ҳунари асили ҳамсолони хеш ошно шуда, истеъдоди худро намоиш диҳанд. Ин магар бад аст!? Баъдан сафари ҳунармандони сирк ба Коҳира аз рӯи даъватномаи махсус дар мувофиқа бо тамоми сохторҳои марбутаи ҷумҳурӣ ба вуқӯъ пайвастааст ва пас аз тамом шудани фестивал онҳо худашон майл карданд, ки сафарашонро мутобиқи шартномаи дигар тамдид намуда, дар сирки шапитои Қоҳира ҳунарашонро сайқал диҳанд. Шапито-ин сирки аслӣ аст, сирки ҳақиқӣ бояд дар 1 ҷо наистад ва он ҳамеша дар ҳаракату сафар бошад. Ман ҳамарӯза бо роҳбари бадеӣ ва ҳамаи ҳунармандон дар алоқа ҳастам, аз ҳар 1 корашон хабар дорам, онҳо ҳам машқ мекунанд ҳам баромад ва барои ин маош мегиранд. Ҳоло масъалаи чиптаву визаи онҳо ҳал шуда истодааст ва ҳайат бояд рӯзҳои наздик баргардад, зеро қарордоди кориашон то оғози моҳи шарифи Рамазон буду халос.
Мо ин мавзӯро пайгирӣ хоҳем кард. Зеро сухан сари номусу иффати бонуи Тоҷик меравад. Мо метавонем!


Ҷамила Ҳусейнова, СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter