ХАБАРИ ДОҒ

Туризм аз ҷавонону варзиш ҷудо шуд

  • Душанбе, Июн 12 2017


Ҳукумати кишвар бо 2 қарори худ соҳаи туризми мамлакатро аз тобеияти Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҷудо намуда барои равнақи минбаъдаи ин соҳа Кумитаи рушди сайёҳиро таъсис дод. Қарори вежа дар бораи таъсисёбии кумитаи нав 27.06.2017 ба тасвиб расида буд. Бино ба иттиллои ба даст расида, штати кории Кумитаи рушди сайёҳӣ аз 32 нафар иборат буда фаъолияти он аз ҳисоби маблағҳои буҷа дар мувофиқа бо вазорати молияи ҷумҳурӣ амалӣ хоҳад ёфт. Инчунин, ба раиси кумитаи имкон дода шудааст, ки ба худ 2 муовин интихоб намояд, аз он ҷумла 1 нафар муовини аввалро. Барои истифодаи хизматӣ бошад ба кумитаи нав 4 адад автомашина ҷудо карда шудааст. Дар муддати 2 моҳи оянда, кумитаи рушди сайёҳӣ тамоми ҳуҷатгузорӣ ва санадҳои меъёриву ҳуқуқии фаъолияти хешро аз сари нав дида баромада бояд барои илова намудани тағийротҳо пешниҳодҳои мушаххас ирсол намояд. Ҳамчунин, кумита муваззаф аст, ки дар вилоятҳо ва шаҳру навоҳири Тоҷикистон низ намояндагиҳои худро боз карда ба кори воқеӣ шурӯъ намояд. Ҳанӯз маълум нест, ки кӣ раиси ин кумитаи нав интихоб хоҳад шуд, аммо ҳолдонҳо ҳадс мезананд, ки ба курсии раисии ниҳоди нав шояд Сомони Эмомалӣ, писари хурдии президенти кишвар низ бишинад.


СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter