ХАБАРИ ДОҒ

Истаравшан: аз таъсиси корхонаҳои саноатӣ то бунёди биноҳи 16 ошёна

  • Чоршанбе, Янв 31 2018


Дар соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ш.Истаравшан 858 млн. 040,6 ҳазор сомониро ташкил дода, дар ҳамаи нишондиҳандаҳои кишоварзӣ беҳбудиҳо дида мешаванд. Аз ҷумла, истеҳсоли ғалладонагиҳо 35598,7 тонна, картошка 35986 тонна, сабзавот 72282 тонна, мевагиҳо 9559 тонна, ангур 26059 тонна, полезиҳо 10344 тонна истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта сабзавот 3153 тонна, полезӣ 1129 тонна, мева 2440 тонна ва ангур 548 тонна зиёд мебошад. Мувофиқи шаҳру деҳоти Истаравшан дар ҳамаи секторҳои хоҷагидорӣ зиёда аз 2114 гектар майдони боғи мевадиҳанда мавҷуд буда, аз он 143 гектар боғи меваи донакдор ва 1971 гектар боғи меваи тухмдор мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли мевагиҳо дар ин давра 9 ҳазору 559 тоннаро ташкил медиҳад, ки он 134,3 фоизро дарбар гирифт. Дар ин бора Баҳром Иноятзода, раиси ш.Истаравшан зимни нишасти матбуотӣ, ки рӯзи 29.01.2018 доир ба ҷамбъасти натиҷаҳои иҷтисодӣ-ичтимоиӣ шаҳр баргузор гашт, иттилоъ дод.
Дар нишасти мазкур гуфта шуд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда, буҷети давлатӣ ба андозаи 144 млн. 111 ҳазор сомонӣ таъмин гардида, аз нақша 5 мил. 593 ҳазор сомонӣ зиёд ворид гардидааст. Иҷрои нақшаи буҷети маҳаллӣ низ барзиёд иҷро гардида, 95 млн. 235 ҳазор сомонӣ маблағ ворид карда шуд.
Саноатчиёни шаҳр дар соли 2017 иҷрои нақшаро ба маблағи 355 млн. 907 ҳазор сомонӣ таъмин намуданд, ки он 116, 6 %-ро ташкил медиҳад.
Дар ин давра ташкил намудани 9 корхонаҳои нави саноатӣ, истифодаи иқтидорҳои бозистода яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба шумор рафта, дар натиҷа зиёда аз 2 000 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуданд.
Дар ин давра гӯшт – 4 ҳазору 872 тонна, тухм – 16 млн. 592 ҳазор дона истеҳсол гардидааст, ки он мутаносибан нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта гӯшт 113 тонна, тухм 2 млн. 508 ҳазор дона зиёд гаштааст.
Дар ин давра сохтмончиён пурсамар меҳнат намуда, иҷрои корҳои сохтмониро дар ҳаҷми 29 млн. 542,7 ҳазор сомонӣ иҷро карданд, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Ҳоло дар ҳудуди шаҳру деҳоти Истаравшан зиёда аз 30 иншоотҳои гуногун таҳти сохтмон қарор дошта, онҳо тибқи нақша-чорабинӣ мавриди истифода қарор дода хоҳанд шуд. Дар ин давра бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ва сармоягузорон дар шаҳр сохтмони иншоотҳои азиму калонҳаҷм оғоз гардида, биноҳои 12 ва 16 ошёнадор ба нақша гирифта шудааст, ки рӯзҳои наздик корҳои сохтмонӣ оғоз мегардад.

СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter