ХАБАРИ ДОҒ

Ошкор шудани 3058,7 тонна маҳсулоти хӯроквории ғайристандартӣ

  • Чоршанбе, Янв 31 2018


Имрӯз барои ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти маҳсулоти ба саломатӣ хатарнок ва дар ин замина боз ҳам пурқувват кардани пояи техникии озмоишгоҳҳои Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Ҳукумати ҶТ ба маблағи зиёда аз 4 млн. сомонӣ таҷҳизоти гуногун харидорӣ гардида, қисми зиёди он алакай ба кишвар ворид ва мавриди истифода қарор дода шудааст. Дар ин робита дар охири соли 2017 3 озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти ғизоии Агентӣ-дастгоҳи марказӣ, Суғд ва Хатлон барои гирифтани аккредитатсияи байналмилаллӣ аз тарафи коршиносони хориҷӣ баҳогузорӣ шудаанд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуоти директори Агентии мазкур Давлатзода Қудрат Қамбар ба намояндагони воситаҳои ахбори омма хабар дод.
Чуноне ки мавсуф иброз дошт, дар натиҷаи гузаронидани назорати давлатӣ дар алоҳидагӣ аз тарафи нозирони андоз ва якҷоя бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар соли 2017 ба миқдори 3058,7 тонна маҳсулоти гуногуни хӯроквории ба талабот ҷавобгӯй набуда ба қайд гирифта шуд, ки аз он 1089,5 тонна аз ҷиҳати бехатарӣ ва 1969,2 тонна аз рӯи тамғагузорӣ ғайристандартӣ дониста шуданд.
- Дар натиҷаи амалӣ намудани назорати давлатӣ дар бозори истеъмолӣ аз тарафи нозироти савдо маҳсулоти ғайрихӯрока, аз қабили 1316 қуттӣ тамоку, 45,5 тонна масолеҳи сохтмонӣ, 10899 дона фурӯзонакҳои тафсон, 2938 адад фурӯзонакҳои каммасраф, 3400 метр ноқил ошкор гардиданд, ки ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ ҷавобгӯ набуданд,-афзуд Давлатзода Қудрат Қамбар.

СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter