ХАБАРИ ДОҒ

Маҳмадсаид Зувайдзода: «Ҷамъоварии маблағ барои рангубори биноҳо ғайриқонунист!»

  • Чоршанбе, Июл 31 2019

 

   Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини аввали раиси ш.Душанбе дар нишасти ахири матбуотӣ вобаста ба масъалаи ҷамъоварии маблағ аз сокинони шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт барои таъмиру рангубор, гуфт, ки ин амал ғайриқонунӣ буда, ҳамзамон аз шаҳрвандон даъват ба амал овард, ки нисбати масъулоне, ки аз сокинон барои ин кор маблағ талаб менамоянд, ба шаҳрдории Душанбе муроҷиат кунанд. 

   - Ҳукумати ш.Душанбе тасмим гирифтааст, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ симо ва намои пойтахтро дигаргун сохта, рангубори беш аз 2 ҳазору 200 бино ва сохтмони 133 бинои баландошёнаро ба анҷом расонад. То 1.07.2019 дар пойтахт рангубори 448 адад бино ва азнавсозии 112 адад нуқтаҳои партовпартоӣ гузаронида шуда, шумораи биноҳое, ки ниёз ба таъмир доранд, наздики 4 ҳазору 700 ададро ташкил медиҳанд. Маблағи буҷҷаи шаҳрдорӣ барои таъмир ва рангубори беш аз 2000 бино намерасад ва мо ният дорем бо ҷалби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша ин корро амалӣ намоем, -таъкид намуд М.Зувайдзода.

 

1 Паём

  • Шарҳр додан ширин Душанбе, 05 Август 2019 07:48 Паём аз ширин

    Махмадсаид Зувайдзода шумо гуфтед, ки мачбури не барои рангу бори кчаю бинохо аммо дар охири сухан боз сохибкорону саховатпешаро гуфтет ки ин сухан боз барои домкомхо раисон повод мешавад. Дар Панчакент мачбуркардани як чанд мардуми одди ки семичкаю махсулот мефурўшанд, раисон пулро ба киссаи худ мезананд. Панчакент

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter