ХАБАРИ ДОҒ

11 нуқтаи бонкии 24-соатаи «Амонатбонк» дар кишвар

  • Панҷшанбе, Июл 25 2019

Бояд гуфт, ки айни замон дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Исфара, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ 11 нуқтаи бонкии БДА ҶТ «Амонатбонк», ки ба аҳолӣ ва сайёҳон хизматрасониҳои гуногуни бонкиро пешниҳод намуда истодаанд, ба таври шабонарӯзӣ фаъолият мекунанд. Ин нуктаро Сироҷиддин Икромӣ, раиси РАёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» зимни мулоқоти хеш бо намояндагони воситаҳои ахбори омма зикр намуд.

   Бино ба иттиллои мавсуф, дар натиҷаи рейдҳои ногаҳонии муштарак дар ҳамбастагӣ бо идораҳои дахлдор гузаронидашуда, то имрӯз ба 14-нафар кормандон барои риоя накардани талаботҳои амалкунандаи корӣ муҷозоти интизомӣ татбиқ гардид. Дар сурати ба қайд гирифтани ҳолатҳои риоя накардани интизом, этикаи корӣ ва муносибати дағалона бо муштарӣ, чораҳои то озод намудан аз вазифаи ишғолнамуда татбиқ карда мешавад.

 

СССР

 

1 Паём

  • Шарҳр додан шараф Ҷумъа, 26 Июл 2019 16:05 Паём аз шараф

    Раиси мўхтарам Сирочиддин Икроми Шахри Панчакент бачаи ўгайи Точикистон ми? Ё Панчакент вучуд надорад ми? Шумо бояд дар худи Панчакент боз дутои дигар "Амонатбонк" кушоед мардумро кораша осон кунед: Дар Панчакент як Амонатбонк хаст аммо дар ончо на чои чумбиш хасту на хавои тоза барои супурдани штрафи права, гирифтани нафака, супурдани пули номери мошин, супурдани пули шиносномаи ID, мардуми бечора аз сахар то бегох бо як азоб пул месупуранд ё ин ки нафакаи худро мегиранд шумо бояд кори мардумро осон кунед

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter