ХАБАРИ ДОҒ

Вазорати тандурустӣ: ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст!

  • Панҷшанбе, Март 05 2020

    Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба хабару овозаҳое, ки имрӯзҳо дар сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба сирояти коронавирус  нашр мешаванд, ба самъи шаҳрвандони мамлакат мерасонад, ки то имрӯз дар мамлакат ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашуда, танҳо чораҳои пешгирии он  рӯз то рӯз пурзӯр карда шуда истодааст. 

    Роҳандозии чораҳои пешгирикунанда аз сирояти ин беморӣ набояд шаҳрвандони мамлакатро ба таҳлука андозанд. Бояд таъкид намуд, ки  танҳо ва танҳо чораҳои роҳандозикардашуда, аз ҷумла худдорӣ намудан аз иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, сафар ба кишварҳое, ки дар онҳо вируси мазкур ба қайд гирифта шудааст, муваққатан худдорӣ намудан аз намозгузории дастаҷамъона дар масҷидҳо, аз ҷумла масҷидҳои ҷомеъ, панҷвақта ва ҷамоатхонаҳо, ба истиснои намози ҷаноза ва манъи муваққатии чорабиниҳои оммавӣ ба хотири пешгирии сирояти коронавирус дар Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

    Ҳамзамон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ аз ВАО-и мамлакат даъват ба амал меорад, ки  оид ба ин масъалаи ҳассос танҳо маълумоти расмӣ ва санҷидашударо нашр намуда, ба шаҳрвандони мамлакат маълумоти воқеиро расонанд.

    Чунин ба назар мерасад, ки як гурӯҳ одамон бо истифода аз шабакаи интернет аз нашри ҳар гуна хабарҳои дурӯғ ва беасос вобаста ба он ки гӯё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст, манфиатдор буда, бо ин роҳ мехоҳанд мардумро ба тарсу ҳарос андозанд.

    Бо мақсади пешгирӣ аз ин беморӣ  тавсия дода мешавад, ки ҳар як нафар гигиенаи шахсиро риоя намуда, дастонро бояд тез-тез бо собун ва ё маҳлулҳои безараргардонанда шӯянд.  Барои иммунитети худро мустаҳкам намудан бештар меваҷоту сабзавот истеъмол намоянд. Инчунин дар ҷойҳои серодам камтар гашту гузор намуда  ё ҳангоми будан дар чунин ҷойҳо аз ниқоб истифода намоянд. Ҳамзамон як муддат  аз дастӣ салом кардан ва ҳамдигарро ба оғӯш гирифта, бӯсобусӣ намудан худдорӣ намоянд.

    Айни замон шаҳрвандоне, ки аз 5 кишвар-Ҷумҳурии Мардумии Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Италия, Афғонистон ва Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, ба карантин фаро гирифта хоҳанд шуд.

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter