ХАБАРИ ДОҒ

Истаравшан: китобхонаҳои «муҳоҷир»

  • Чоршанбе, Май 10 2023

 

Дуруд ба СССР-и азиз! Китобхонаҳои шаҳри мо чанд сол боз 1 мушкил доранд – онҳо ҷой ва макони аниқ надошта, ҳар сол аз ин бино ба бинои дигар кӯч мебанданд.

Китобхонаи калонсолонро дар мадрасаи «Гумбази сабз», ки ёдгории асри XV асту онро давлатманде бо номи Абдулатиф Султон сохтаст, ҷой дода буданд. Китобхонаи бачагона дар масҷиди «Ҳавзи сангин», ки асри XIX бино шудааст, ҷойгир аст. Ин 2 макони маданӣ дар собиқ бинои дуошёнаи собиқ идораи хӯроки умумии шаҳр солҳои зиёд тобеъ ва ҷойгир буд. Солҳо гузашт. Оқибат онро соҳибмулк ба фурӯш монд. Маъмурияти китобхонаҳоро маҷбур карданд, ки ҷойро ба зудӣ холӣ кунанд. Дар ин ҷо бояд бинои баландошёна қомат афрозад.

Роҳбарони МИҲД ш.Истаравшан ин 2 муассисаро ба масҷиду мадраса интиқол доданд. Коркунони китобхонаҳо чанд ҳафта кӯч-кӯч карда, дар он биноҳои хушк «кор» карданд.

Чанд моҳ нашуда онҳоро аз масҷиду мадраса ба собиқ биноҳои холимондаи муассисаи таълиму истироҳат кӯчониданд. Пасон бинои китобхонаи бачагонаро пулдоре хариду вайрон кард. Манзили китобхонаро поёнтар аз он ҷой доданд. Кутубро бо азоби алиме кашон-кашон карда, ба рафҳо чинданд.

Акнун боз гап-гап баромада истодааст, ки ин ҷойро ҳам манзили зист мекунанд. Бечора кормандони китобхонаҳо дилсарданд, ки боз ба куҷо мераванд. Бояд гуфт, ки дар шафати он китобхонаи калонсолон ҷойгир аст. Онҳо ҳам дар шубҳаанд, ки рӯзе онҳоро мехезонанду кӯч - кӯч боз сар мешавад.

Дар чандин солҳо ба китобхонаи марказӣ – ҷойи маданию фарҳангии мардум ҳукуматдорони шаҳр 1 бинои хуби замонавӣ насохтанд, ки ин мардуми кӯҳандиёр аз китобхона баҳра баранду ба дигар корҳо даст назананд. Ба онҳо ҷой набудасту ба пулдорон-соҳибкорони хонасоз ҷой пайдо мешудааст?!

Ҷ.Одина,  

ш.Истаравшан

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter