ХАБАРИ ДОҒ

Киҳо аз андоз озод мешаванд

  • Сешанбе, Фев 14 2017

Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 13.02.2017 эълон намуд, ки пас аз супориши президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар бораи андешидани тадбирҳои мушаххас  барои дастгирии соҳибкорон 1 қатор намудҳои фаъолияти соҳибкориро аз пардохти андоз озод кардааст. 

Чуноне ки ба мухбири СССР дар маркази матбуоти Кумитаи номбурда хабар доданд, дар асоси ин супориш фаъолияти соҳибкорие, ки ба намудҳои камдаромад мансуб мебошанд, аз андозбандӣ озод гардида, барои он патент талаб карда намешавад. 

Кумитаи андоз дар рӯйхати чунин фаъолиятҳои соҳибкории аз андозҳо озод шуда фурӯши гиёҳои худруйи шифобахш, дуғоб, чой, фурӯши донаи офтобпараст дар кӯча, фурӯши рӯзномаву маҷалла, тақвимҳо ва китобҳо дар кӯча, фурӯши молҳои қаблан дар истеъмолбуда, чаронидани чорво, таъмир ва тоза намудани пойафзол берун аз бинои статсионарӣ, телефони кӯчагӣ, нигоҳубинии пиронсолон, беморон ва кӯдакон, кашонидани бор тариқи ароба дар кӯча ва бозорҳо, шустушӯи воситаи нақлиёт дар кӯча, гӯрканҳо, дар деҳотҷойҳо амалӣ намудани фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои бадеии халқӣ ва маҳсулоти бофташуда, дар деҳотҷойҳо ба роҳ мондани омӯзиши ҳунарҳои миллӣ, аз қабили дузандагӣ, бофандагӣ, дурредгарӣ, кандакорӣ, расомӣ, рангуборкунӣ ва наққоширо ворид кардааст. 

Ҳамчунин, дар Кумитаи андоз гуфтанд, ки номгӯи фаъолиятҳое, ки дар асоси патент анҷом дода мешаванд, такмил дода шуда, маблағи патент барои онҳо нисбатан камтар муқаррар карда шуд. 

 

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter