ХАБАРИ ДОҒ

Ховалинг-диёри мардони шуҷоъ ва бонувони меҳмоннавоз

  • Ҷумъа, Март 09 2018



Исми ӯ дар таърихи ноҳия сабт шуд!
Сафарам ба ноҳияи Ховалинг ғайричашмдошт сурат гирифт. Дӯстам, ки пас аз чанд соли дурӣ аз Ватан ба Тоҷикистон баргашта, ният кард ба зиёрати мазори ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ ба Ховалинг равад, аз ман хост, дар ин сафар ҳамроҳӣ намоям. Зуд розӣ шудам, зеро дар ин сафар метавонистам ҳам аз мавзеҳои таърихии ин маҳал зиёрат кунам ва ҳам дар чаҳорчӯбаи лоиҳа-озмуни «Раиси мардумӣ кист?» ба қабули Мирзозода Нурулло Абдулҳай-раиси н.Ховалинг аз наздик ошно гардам. Бо ин ният рӯзи 21.02.2018, соати 13:00 дақиқа аз пойтахт ба роҳ баромада, пас аз 4 соат ба маркази шаҳраки Ховалинг расидем. Ба хотири он, ки мазори ҳазрати Султон Увайс аз маркази Ховалинг дар фосилаи 20 км ҷойгир буду барфи зиёд ҳам дар ин роҳ боридааст, тасмим гирифтем ба зиёрат субҳи рӯзи дигар равем. Дӯстам тасмим гирифт то шом ба тамошои шаҳрак барояд, ман бошам сӯи бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар н.Ховалинг роҳ пеш гирифтам.



Раис-деҳқон
21.02.2018. Соат бо вақти Ховалинг 17:00 дақиқа. Бе ягон монеа ва пурсуҷӯ то қабулгоҳи раиси ноҳия даромадам. Худро муаррифӣ намуда, дар интизори қабул нишастам. Раиси ноҳияро то ин дам намешинохтаму дар борааш маълумоти беш  надоштам, фикр кардам шояд маро дар ин вақти берун аз кор қабул накунад ва омаданам ҳам хатост. Дар во шуду чанд тан баромаданд. Ҷавонмарде дар тан либоси одии саҳроӣ сӯям нигариста пурсид: «Шумо ба назди ман?», дар ҷавоб гуфтам: «Бале, аммо назди шумо не, назди раис!». Он мард хандида маро ба утоқ даъват намуда гуфт, одами мекофтаам ӯст. Барои ман чунин бархӯрду пешвоз, хосса, рафтори хеле ҳам самимии Мирзозода Нурулло ғайриинтизор буд.
Ҳудуди 1 соат бо раис сӯҳбат кардем. Ӯ беш аз 4 сол роҳбарии ин ноҳияро бар дӯш дошта, дар ин муддат тавонистааст хеле корҳоро оғозу анҷом диҳад. Раис дар бораи рушду ривоҷи соҳаҳои гуногун сар аз рушди маҳал то кашидани хати об ба деҳоти дурдаст, тақсимоти замин, пешрафти кишоварзӣ, бунёди пулҳову мактабҳо, иншоотҳои барои мардум ҳаётан муҳим ва нақшаҳои худ барои ояндаи наздик сӯҳбат кард.
-Дар ин фурсате, ки дар Ховалинг меҳмонед, боз ҳам имкон доред фаровон бубинед, бо мардум сӯҳбат кунед. Ховалингиҳо меҳмондӯстанд. Агар мушкиле ояд ба ман хабар диҳед, - гуфт раис дар фарҷоми сӯҳбат. Ман аз Мирзозода барои қабул арзи сипос намуда, баромадам.
 
Ховалинге, ки нашинохтам!
Ба Ховалинг 5 сол пеш бо 1 сафари кӯтоҳ омада будам. Он замон маркази ноҳия ба назарам тангу торик намуд. Имрӯз ман маркази ноҳияро нашинохтам! Кӯчаи марказӣ дар идомаи роҳи автомобилгарди Восеъ-Ховалинг таҷдид шуда, тавассути батареяҳои офтобӣ шабҳо чароғон аст. Рӯбарӯи бинои ҳукумати ноҳия боғи хеле зебо бо номи «Боғи Ҷавонон» бунёд ёфтааст, ки он то майдони назди муҷассамаи Қаҳрамони халқи Тоҷик-Восеъ тӯл мекашад. Гулу гулгаштҳо, курсиҳои наву замонавӣ ва аз ҳама муҳим фаввораҳо бунёд шуда, дар фасли тобистон мардуми шаҳрак шомгоҳон маҳз атрофи ҳамин фаввораҳо истироҳат мекунанд. Чизи дигаре, ки хушам омад, ин бунёди боғи дилхушии кӯдакон буд, ки он ҳам ба тозагӣ сохта, барои бозии кӯдакону наврасон атраксионҳои замонавӣ оварда, насб кардаанд. Чунин атраксионҳоро дигар дар ягон шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон надидаам. Мардум мегӯянд, ин ҳама заҳмати РАИС аст. Маҳз пас аз омадани ӯ Ховалинг, бе вежа, маркази он симои хешро билкулл иваз кард!


 
Чилчанор обод шуд!
Бо ташаббус ва ибтикори Мирзозода мавзеи Чилчанор, ки он низ таърихи куҳан дорад, шукуфта, айни замон ҷои дӯстдоштаи мардум, хосса, пиронсолони Ховалинг аст. Чилчанор, ки дар ҳар давру замон макони истироҳату фароғат ва дилхушии ҷавонон буд, маҳз бо азми раис таъмиру таҷдид ва фаввораҳои нав сохтаву гирдаш бо нимдевор гирифта шуд. Рӯи ҳар 1 ҳавзи ин фаввораҳо кат гузошта, рӯзҳои иду айём мӯсафедон рӯяш хон густурда менишинанд.

Баландошёнаҳо қомат меафрозанд
Дидани биноҳои баландошёна дар маркази шаҳраки Ховалинг низ бароям хушу ғайричашмдошт буд. Ҳеҷ гоҳ тасаввур намекардам, дар ин ноҳияи дурдасти кӯҳистон биноҳои истиқоматии 5-7 ошёнаро мебинам, аммо дидам! 1 бинои 5-ошёна аллакай бунёд ёфта, рӯзҳои наздик бояд пурра ба истифода дода шавад. Ошёнаи 1-уми ин бинои 5-табақаро маркази муосири савдо ва хизматрасонӣ ташкил дода, ошёнаи 2-юмаш меҳмонхона аст. Сохтмони 2 бинои дигари 7-ошёна низ шурӯъ гашта, ошёнаҳои аввалаш марказҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ҳунарҳои мардумӣ хоҳад шуд. Сокинон мегӯянд, онҳо низ ҳеҷ гоҳ бовар надоштанд, дар ноҳия биноҳои бисёрошёна қомат афрохта, марказҳои муосири савдо пайдо хоҳанд шуд. Дар ҳамаи ин ободонӣ ва созанда саҳми соҳибкорони маҳаллӣ кам нест. Мирзозода зимни вохӯрӣ таъкид карда буд, ки дар тамоми ободкории ноҳия саҳми тоҷирону соҳибкорон бориз аст. Воқеан ҳам онҳо дар паҳлӯи раис баҳри сарсабзии ин гӯшаи Ватан кӯшиш ба харҷ додаанд.
 
Пуле, ки дар таърих монд!


Соат бо вақти Ховалинг 19:00 дақиқа. Ману дӯстам дар меҳмонхонаи ноҳия ҷой гирифта, хӯроки шомро низ ҳамонҷо супориш додем. Сари дастархон бо чанд зани пиронсоли шаҳрак, ки барои дидори меҳмонони пойтахт омадаанд, хеле сӯҳбат кардем. Пиразанҳо бароямон перомуни боз 1 амали неки Мирзозода Нурулло қисса карданд, ки нагуфтани он барои хонандагони газетаи СССР гуноҳ аст. Дарёи Ёхсу якчанд деҳоти ҷамоати Лоҳутии ноҳияро аз маркази Ховалинг тайи солҳои тӯлонӣ ҷудо мекарду роҳи ягонаи мардуми рустоҳо бо ҷаҳони муосир тавассути 1 аробача, ки дар он танҳо 2 нафар ҷой мегираду хати канат буд, яъне аробачаи ба канат басташуда, тӯли 95 соли охир (70 соли шӯравӣ ва 25 соли истиқлолият!!!) мардумро рӯи дарёи пурталотум кашида меоварду мебурд.Мардум маҷбур арӯсу домод, мурдаву зиндаи хешро аз хати канат мегузаронданд. То ҳатто хати канат ҳангоми убури мусофирон борҳо канда шуда, чандин нафар ба дарё сарозер шуда, фавтидаанд! Раис пас аз огоҳ шудан аз вазъ, шахсан тавассути ин аробача аз рӯи дарё гузашта, бо мардум сӯҳбат карда, қавл медиҳад, ки дар ин макон ҳатман пули ҳозиразамон хоҳад сохт. Он замон мардум ба раиси нав бовар намекарданд, бархе ҳатто бо писханд мегуфтанд: Раис азми кореро кардааст, ки ҳукуматдорони даврони шӯравӣ натавониста буданд ва ин кори ношуданист. Лек ин кори воқеан ҳам мушкил ҷомаи амал пӯшид! Пул сохта шуд! На танҳо он, балки боз 1 пули дигарро раис бунёд намуд, ки сокинони деҳаи Ғаффор Мирзо солҳои тӯлонӣ дар орзуяш буданд. Раис ба ваъдааш вафо кард! Номи Мирзозода дар таърихи Ховалинг сабт шуд. Браво, раис!!!

Проблемаи замину об нест!
Чуноне ки сокинон мегӯянд, дар Ховалинг проблемаи дастрасӣ ба замину оби ошомиданӣ вуҷуд надорад. Масоҳати умумии ноҳия 173,8 ҳазор га-ро ташкил медиҳад, шумораи аҳолӣ бошад беш аз 55 ҳазор нафар. Ин аст, ки сари ҳар 1 сокин-чӣ хурду чӣ калон, бештар аз 3 сотих замин аллакай ҳаст. Деҳқонони Ховалинг низ аз набуди замини кишт танқисӣ надоранд-замини корам хеле зиёд асту барзгарон ба кишт шурӯъ кардаанд. Кишоварзӣ ва чорводорӣ дар Ховалинг рушд кардааст. Мардум аз оби мусаффои чашмаҳои кӯҳӣ ва зеризаминӣ фаровон истифода мебаранд. Оби чашмаҳо тавассути қубурҳо ба дурдасттарин деҳаҳои ноҳия кашида шуда, мардум аз норасоии об мушкил надоранд. Ховалингиҳо мегӯянд, онҳо софтарин оби дунёро менӯшанд! Ва ин даъво дурӯғ нест...

Раиси умедбахш
Соҳибкорону туҷҷори маҳаллӣ аз Мирзозода Нурулло барои таваҷҷӯҳ ва дастгирӣ миннатдоранд. Зеро маҳз бо омадани ӯ омилҳои зиёде, ки садди роҳи рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар Ховалинг мегашт, алалхусус, монаеҳои сунъӣ аз байн бардошта шуда, барои соҳибкорон имкони нави фаъолият фароҳам омад. Ширкатҳои бузурги саноатӣ ва истеҳсолӣ, хосса, коркарди тилло, ки дар маҳалли дурдасти Шугнов ҷойгиранд, бо нерӯи нав истихроҷи тиллоро афзуданд. Пардохтҳои давлатие, ки корхонаҳо ва ширкатҳои номбурда тавассути вилоят ба буҷаи давлат мепардохтанд, баъдан ба воситаи мақомоти марбутаи ноҳия ба роҳ монда шуд, ки ин аз тарафи соҳибкорон хеле хуб пазироӣ гардид. Корбарӣ, таҳлилу нақшагузории дуруст аст, ки имрӯз муаллиму духтур дар Ховалинг сари вақт маош гирифта, ноҳия аз пардохти андозҳои давлатӣ ва фонди нафақа қарздор нест!



Зимистони ҳақиқӣ дар Ховалинг
22.02.2018. Соат бо вақти Ховалинг 8:30 дақиқа. Пас аз хӯрдани субҳона ва пайдо кардани мошини кироя ману дӯстам аз маркази шаҳраки Ховалинг сӯи мазори Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ роҳ пеш гирифтем. Ҳар қадар ба мазор наздик мешудем, ҳамон қадар зимистон низ ба мо наздик мешуд. Ба ҳадде барф борида буд, ки дар баъзе ҷойҳо ғафсии он бе муҳобот то ба 1 метр ҳам мерасид. Мо-душанбегиҳо, ки имсол замистони хақиқӣ ва барфро ба «серӣ» надида будем, кӯдаквор шодӣ карда, худро болои барф партофтем. Пас аз зиёрати мазор сӯи Дараи Мухтор-зодгоҳи Қаҳрамони халқи Тоҷик-Восеъ роҳ гирифтем. Дидани хона-музейи Восеъ, ҳамон ҷувози таърихии он ва ошноӣ бо аберагони бобои Восеъ, хеле диданӣ ва хотирмон буд, ки дар шумораҳои баъдӣ дар ин хусус бештар хоҳам гуфт.
Соат бо вақти Ховалинг 12:00 дақиқа. Ба маркази ноҳия баргашта, дар ҷустуҷӯи мошин ба сӯи пойтахт шудем. То ҷамъ шудани мусофирон ба бинои ҳукумати ноҳия даромада, хостам бо раис Мирзозода Нурулло Абдулҳай хайрухуш намоям. Гуфтанд, раис ба кадом деҳаи дурдасте рафтааст, то ин ки бо мардум дар маъракаи ниҳолшинонӣ ширкат варзад. Ман бори дигар арзи сипоси хешро ба раис расонида, озими Душанбе шудам. Офарин, раис! Ховалингро хеле обод кардааст! Мо Метавонем!

Ҷамила Ҳусейнова,
Душанбе-Ховалинг-Душанбе,
21-22.02.2018

1 Паём

  • Шарҳр додан Рахимчон Душанбе, 12 Март 2018 22:16 Паём аз Рахимчон

    Хамин кадар рузномаи мехондаги мондаасту халос. О хами Чамила ва Баходур кандашона зананд.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter