ХАБАРИ ДОҒ

«IRS» - кафили роҳи обод ва бехатар

  • Душанбе, Июл 17 2023

   Бо тақозои вазифа хеле зиёд бо роҳи Душанбе –Чаноқ  сафар мекунам.  Агар ҳолати ин роҳро бо солҳои қаблӣ қиёс намоем, тафовут хеле зиёд аст. Хушбахтона, таи 14 соли охир  охир ба шарофати азнавсозӣ ва фаъолияти пурмаҳсули “IRS” дар масири  мазкур вазъ таври комилан дигаргун шуд.  Акнун мумкин аст ин масофаро дар чор – панҷ соат тай кунед ва бинобар ҳамвору ободии роҳҳо ҳам мусофирон ва ҳам ронандагон роҳату осудагии бештарро эҳсос менамоянд.Абудураҳмон ном ронанда дар суҳбат ба мо иброз намуд, ки  дар заминаи ин иқдом роҳ рафтуомад ба минтақаи гуногуни кишвар хеле осон гардид. Барои мисол, пештар мо 12 ё 14 соат, баъзан якчанд шабонарӯз дар роҳ мемондему  ҳам хатар ба ҷонамон буд ва ҳам  харҷи сӯзишворӣ зиёд буд.

  Дар ин замина ҳамватанонамон дарк кардаанд,  ки истифодаи роҳ бо пардохти маблағи муайян тадбири саривақтӣ ва оқилона буда,  пули   пардохтнамудаи аҳолӣ барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳ, беҳтар намудани инфрасохтори нигоҳдории он ва харидории техникаву механизмҳои замонавӣ харҷ мешавад.

  Метавон гуфт, ки фаъолияти пурмаҳсули филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  боло рафтани сатҳи хизматрасонии ба бахшҳои роҳу нақлиёт рабтдоштамусоидат намуда,  баъзе  давлатҳои собиқ ИҶШС маҳз ба таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайравӣ намуданд.

   Ҳоло “IRS” нигоҳдории 348 километр роҳро ба зимма дорад, ки бо назардошти мавқеи ҷуғрофии ҷойгиршавӣ роҳи Душанбе — Чаноқ нигоҳубини 24 соатаро талаб менамояд. Аз мушоҳидаҳоям мегӯям, ки агар дар фасли тирамоҳу зимистон кормандони «IRS» ба бартараф намудани тармаҳо, мунтазам тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжиш машғул шаванд, дар мавсими гармо таъмиру таҷдиди роҳ, рафъи пайомади бориши борон, омадани сел, лағжиши кӯҳпора, соҳилмустаҳкамкунӣ самти асосии фаъолият аст.

      Аз далелҳои расонаинамудаи масъулин бармеояд, ки  дар давоми фаъолият  «IRS» зиёда 250 хазор тонна асфалт сарф карда,дар минтақаи Варзоб 2 завод, Зарафшон - 2, Суғд 3 завод, дар маҷмӯъ, 7 корхона мавриди истифода қарор додааст. Илова бар ин, нигоҳдорӣ ва азнавсозии 58 кӯпруки ин масир бо хароҷоти зиёд амалӣ  гардида,  3 пули калон, ки дарозиии ҳар кадомаш аз 42 то 73 метр аст, пурра азнавсозӣ шудаанд.  

   Бо тавсеа ёфтани таъмиру азнавсозии роҳ, бартарафсозии тармаҳо, соҳилмустаҳкунӣ ва ғайра харидории сӯзишворӣ ва битум хеле афзуда, ҳар сол ҳаҷми зиёди ин мавод дастрас мешавад.

   Ҳамасола тамоюли афзоишро касб намудани офатҳои табиӣ хароҷоти филиали Ширкатро  низ зиёд намуд.  Барои мисол, бартарафсозии тармаҳо, дар маҷмӯъ, ба 2988896 метри мураббаъ баробар аст. Бо назардошти дар минтақаи аз лиҳози ҷуғрофӣ душвори кӯҳистон ҷойгир будани роҳи Душанбе — Чаноқ, коркарди он бо маводи зиддилағжиш мунтазам, аксар маврид шабона низ бояд амалӣ шавад. Бинобар ин, харҷи ин мавод низ сол то сол афзуда, дар ин муддат маводи зиддилағзиши харҷшуда 105431 метри кубиро ташкил медиҳад.

   Айни замон филиали Ширкат соҳиби пойгоҳи пурқуввати техникӣ буда, шумораи техникаву механизмҳо ба 224 адад расидааст.  Бо мақсади дар сатҳи баланд пеш бурдани фаъолият тӯли мавҷудият 134 иншоот, аз ҷумла, пойгоҳ барои экспертҳо, анбор барои нигоҳдории маводи зиддилағжишу дигар масолеҳ, сехҳои истеҳсолӣ, озмоишгоҳҳо, иншооти зиддитармавӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд.

 Соли 2009 кормандони филиали ширкат ҳамагӣ 24 нафар буданд. Ҳоло бошад, 872 нафар фаъолият доранд.   Ҳодисаҳои ғайричашмдошти табиӣ дар роҳи Душанбе — Чаноқ хеле зиёд буда, роҳ мунтазам зери хавфи офатҳои табиӣ қарор дорад. Масалан, фаслҳои баҳору тобистон баландшавии сатҳи оби дарёҳои шафати роҳ  зиёд буда, баъзе қисматҳои роҳ осеби ҷиддӣ мебинанд. Аз ин лиҳоз, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ хеле зиёд амалӣ шуда, дар маҷмӯъ, нишондиҳандаи марбут ба он 45891 метри мураббаъ аст.

   Илова ба вазифаҳои мазкур, бо мақсади амалӣ намудани сиёсати иҷтимоии корпоративи худсолҳои 2013 - 2016  «IRS» лоиҳаи нигоҳдории қитъаи Нурообод - Нимич дар шоҳроҳи Душанбе - Рашт - сарҳади Қирғизистон (дар масофаи 73 километр)-ро бе мақсади гирифтани фоида татбиқ намуд. Ба ин восита филиали ширкат дар тамдиди муҳлати истифодаи яке аз роҳҳои дигари аҳамияти стратегидошта саҳм гузошт.

   Шоистаи зикр аст, ки филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сиёсати пешгирифтаи Роҳбари мамлакат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла  вобаста ба дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ ҳамовозӣ намуда, фаъолияти хайриявиро густариш бахшидааст.

   Аз рӯзҳои аввали фаъолият  ин масъала мадди назар буда, ҳамон замон ба Хонаи кӯдакони № 1-и шаҳри Душанбе мунтазам кумак расонида мешуд. Сипас, ин раванд тавсеа ёфта, филиали Ширкат сарпарастии Муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюби «Чорбоғ» дар ноҳияи Варзобро ба зимма гирифт. Шоистаи зикр аст, ки филиали Ширкат муассисаи мазкурро мунтазам дастгирӣ намуда, таъмири толори варзишӣ ва бозсозии саҳни он, ки дар ҳолати ногувор қарор доштанд, бо истифода аз масолеҳи босифати сохтмонӣ дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ намуд.

  Бар замми ин, ба муассисаи мазкур маводи хӯрока, мошинаҳои дарздӯзӣ, ҷомашӯӣ, таҷҳизот барои ошхона, мизу курсӣ, асбобҳои гармидиҳӣ, катҳои хоб низ тақдим гардид. Ба ғайр аз ин, намояндагони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» таври мунтазам ба аёдати иштирокчиёни ҶБВ ва собиқадорони меҳнат рафта, ба онҳо кумаки моддӣ мерасонанд. Ҳамрадиф бо иқдомоти зикршуда, аз ҷониби филиали Ширкат барои зарардидагони заминларзаи шаҳри Ваҳдат манзили истиқоматӣ бунёд ва лавозимоти зарурӣ таъмин гардид. Дар арафаи санаҳои муҳим ва рӯйдоди фараҳбахш тӯйи суннатии фарзандони оилаҳои камбизоат низ баргузор карда шуд.

Ин ҳама далели возеҳи онанд аст, ки роҳбарияту кормандони он баробари нигоҳдории роҳ дар сатҳи хубу сифати баланд, ҳамзамон дастгирии табақаи эҳтиёҷманди аҳолиро низ мадди назар доранд.

 

Комрони Аслон,  журналист

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter