ХАБАРИ ДОҒ

Билетфурӯшӣ фронти зарбдор!

  • Чоршанбе, Окт 24 2018


Ман тарафдор!
Баъзан ба Панҷакенти бостонӣ театрҳои ҷумҳуриявӣ, киногирон, филмофарон спектаклу намоишномаву кино меоранд. Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳр ба дабистону литсейҳо, коллеҷу донишгоҳ билет медиҳанд, то хонандагонро ба тамошо сафарбар кунанд. Қатори дигарон банда ин амалро нодуруст мепиндоштам, аммо андеша кунам, ин амали шоистатарини Ҳукумат аст. Чаро? Чунки мо-донишҷӯёни солҳои 1970 бо завқ ба театри Лоҳутӣ, Маяковский, Опера-балет, Ҷавонон мерафтем. Ростӣ, ягон киное набуд, ки дар кинотеатрҳои 8-уми Март, Тоҷикистон, Ватан тамошо накарда бошем. Аммо имрӯз ку театру кинотеатр? Худованд хайри Лутфуллои Давлат-директори театри А.Лоҳутиро диҳад, ки ба Панҷакенти бостонӣ соле 1 бор намоишнома меорад. Агар ба ихтиёри мардум монед, касе театр намеравад. Чунки солиёни ҷанги бародаркуш ва бесомонии кишвар моро аз театр ва маконҳои фарҳангӣ, мутолиаи нашрияҳои даврӣ фарсахҳо дур кард. Хондани китобро тамоман фаромӯш кардем. З-ин рӯ хело хуб аст, ки омӯзгорон мусоидат кунанд, то мактаббачагону донишҷӯён ба намоишномаи театру тамошои кино раванд. Ин иқдом ба манфиати хонанда аст, на ба зиёни ӯ. Ҳоло меандешам, ки агар Мақомоти иҷроияи шаҳру ноҳияҳо дахолат накунанд, ягон кас аз пеши худ ба рӯзномаю маҷаллаҳо обуна намешавад, ҳарчанд садҳо сомониро барои зиёфатҳои нолозим сарф мекунанд. Лиҳозо, обунаи маҷбурӣ ҳам ба манфиати ҷомеа аст, агар тавонанд мутасаддиён онро сари вақт ба муштариён расонанд.

Театр-пешгирӣ аз манқуртизм!
Шарқ шарқ асту бояд баъзан хусусиятҳои хоси мардумро ба инобат гирем. Халқ ба маърифат одат бояд кунанд. Бигзор бо зӯриву зорӣ бошад ҳам халқ ба театр равад, кино бубинад, китобу рӯзнома хонад, вагарна рӯ меорем ба манқуртизм. Халқе, ки зери болини кӯдакаш китоб мегузошт ва шоири миллаташ устод Лоиқ «Аз китоби зери болинам Ватан омӯхтам» мегуфт, ҳоло мағозаи китоб надорад ва китоб намехонад! Шоири бузурги авар Расул Ғамзатов дар «Доғистони ман»-аш ёд меорад, ки падараш зӯран ӯро ба курсӣ мебаст, то сабақу дарсашро аз худ кунад. Хирс мулло мешавад аз зарби чӯб! Шояд сахтгириҳои падар ӯро машҳури олам кард. Айнӣ агар дар мактаби кӯҳна намехонд, ҳеҷ гоҳ Айнӣ намешуд. Бигзор ба хонандагон билети театру кино, намоишнома, андалеб фурӯшанд, хонандаро маҷбур ба нашрияи мувофиқи синну солаш обуна кунанд, то аз хурдӣ ба мутолиа одат кунад. Вазифаи омӯзгор тарбия кардани насли наврас ва рафтан ба намоиш худ тарбия аст. Имрӯз замона тинҷ асту дар 5 сомонӣ харидани билет мушкиле нест. Биёед, бо зӯрӣ бошад ҳам хонандаро соҳибмаърифат ба камол расонем. Чаро хонанда ба казино, интернет-кафе, клубҳои шабона рафта ба бозиҳои ҳархела ва тамошои фаҳш машғул шавад, намегӯем ва ба хотири фурӯхтани билети театру кино бонги изтироб мезанем? Чаро маҷбур насозем, то хонанда ба рӯзномаю маҷалла обуна шавад. Биёед, аз хоб бедор шавем! Омӯзгорони дабистони №13-и деҳаи Некноти ш.Панҷакент мо-хонандагонро маҷбур мекарданд, ки шеъру достону матнҳои адабиро аз ёд кунем. Бо қувваи хонандагон ҳар гуна намоишҳои театрикунонидашуда ташкил мекарданд, то аз хурдӣ дар рустое, ки чӣ будани театрро намедонистанд, оид ба ин қисми санъат тасаввурот дошта бошем.

Ман ҷонибдори обуна ҳастам!
Чаро оид ба намоишномаҳо фурӯхтани билет бонги изтироб занем? Тамошои кинои бомаънӣ ба кӣ зиён кардаст? Чаро актёр, артист, режисёрро дастгирӣ ва олами маънавиро бой накунем? Чаро ходими ин ё он газетаро дастгирии молиявӣ накунем, то ки бештар нависад? Агар обуна нашавем кӣ обуна мешавад? Агар газета харида нахонем кӣ мехонад? Вақте ихтиёрӣ нашуд ба тариқи маҷбурӣ обуна бояд кард, то ақаллан «пулам сӯхт» гуфта, боре бихонад! Ростӣ, дар нашрияҳои «СССР», «Фараж», «Тоҷикистон», «Минбари халқ», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Ҷумҳурият», «Ҳақиқати Суғд»… хело матолиби хонданӣ, ахбори шифобахши дарди ҷомеа нашр мешавад. Бигзор, мардум театр, синамо, ВАО-ро дастгирӣ кунад. Обуна шавад ба рӯзномаи хусусию ҳукуматӣ. Тарафдори онам, ки ҷомеа бо кадом роҳе набошад соҳиби маърифат гардад ва рӯ ба фарҳанг орад. Аз нодон ва бемаърифату бемаданият ҳатто Худованд безор аст. Мо зидди бемаърифатием ва ҳар чизе боиси соҳибмаърифатист, дастгирӣ кунем. Л.Давлат барин ходимони театр ва аҳли маърифатро дастгирӣ бояд кард. Ҳатто солиёни Шӯравӣ ба мо донишҷӯён барои ин ё он намоишнома ҳафтае 1 бор чипта медоданд ва бо камоли майл ба театрҳо мерафтем. Аз ҳамин ҷо бо чеҳраҳои орифони давр-Шамсӣ Қиёмов, Аслӣ Бурҳонов, Гурминҷ Завқибеков, Ҳошим Гадо, Маҳмудҷон Воҳидов… ошно шудем. Пас, биёед, аҳли маърифат, актёру артистонро дастгирӣ кунем, то ки шамъи маърифати ҷомеа хомӯш нагардад ва замоне «Ситорае дар тирашаб» нанависем!

Холмурод Сафарзода,
узви ИЖТ, ш.Панҷакент, тел: 92 819 52 76

1 Паём

  • Шарҳр додан Хаким Шанбе, 10 Ноябр 2018 15:08 Паём аз Хаким

    Бародари гироми Холмурод Сафарзода шумо агар тарафдори мачбури обуна шудани мардумро хохед мо хам тарафдори шумоем аммо? Мардуме, ки ба рўзномаю мачаллахо обуна мешаванд сари вакт рўзномаю мачаллахорро дастраст карда наметавонанд, бед ман мегўям худ хулоса бароред. Мўхлати дахсол ман рўзномаю мачалахоба обуна мешавад,аммо хткашони гузари мо бо бахонае ки рўзномаро якмохба як маротиба меорад сабаб пурсам агар мегўяд ки ин хафта меорам мегўяду боз баъди якмох меояд, ин хаткашон газетахои мардуми шахру дехаро аз худкарда бо килло ба себфурўшу сеххои Панчакент фурўхта кисса пули мекардааст. Агар шумо бовар накунед Тошев Бозорбой хаткашони гузари мо аст, инхел хаткашонро ман якум маротиба мебинам, ки ба чашми раисешам ва ба чашми мардум хок пошида гаштааст ўро аз кор бигзор ронанд баъд ман обуна мешавам. Гузари 9-ошёнаи шахри Панчакент Бердиев Хаким

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter