Дар ноҳияи Спитамен бо ширкати Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Китобхона, осорхонаи “Курушкада”-и таърихӣ ва мактаби мусиқии бачагонаи рақами 2-ро, ки бо тарҳи хеле зебои муосир бунёд гардидааст, ифтитоҳ карда шуд.
Бинои тозабунёди китобхона, осорхонаи таърихӣ ва мактаби мусиқии бачагона аз 3 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Сохтмони иншооти мазкур моҳи июни соли 2017 оғоз гардида, моҳи марти соли 2019 ба анҷом расонида шудааст. Иншооти китобхона, осорхонаи таърихӣ ва мактаби мусиқии бачагона дар н.Спитамен дар масоҳати 1,2 га дар маркази ноҳия қомат афрохта, масоҳати умумии сохтмон 540 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Бинои замонавӣ дорои утоқҳои корӣ ва хизматрасонӣ буда, дар таҳхонаи он хазинаи китоб мавҷуд мебошад.
Дар ошёнаи якуми он китобхонаи электронӣ - шуъбаҳои феҳрист, хизматрасонӣ, толори васеъи хониш бо мизу курсиҳои истеҳсоли ватанӣ барои 100 ҷойи нишаст муҷаҳҳаз гардонида шуда ва дар дохили он адабиёт оид ба дастовардҳои Истиқлолият, осору адабиёти шоирону нависандагони муосиру классики тоҷик, гӯшаи китобҳо оид ба Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 гирд оварда шудаанд.
Дар ошёнаи дуюм Осорхонаи таърихӣ таъсис дода шуда, ҳамчунин чор утоқи корӣ бо шароити васеъ барои кормандон муҳайё гардидааст. Осорхона “Курушкада”, ки дар байни мардум бо номи Куруши Кабир маълум аст, номгузорӣ гардида, мавзеи қадимтарин ва дар айни замон ноҳияи зебоманзари Спитаменро ифода менамояд.
Дар ошёнаи сеюми иншооти тозабунёд-Мактаби мусиқии бачагона ҷойгир буда, он дорои 11 синфхона, ба монанди танбӯр, назарияи мусиқӣ, рубоб, ғиҷҷак, фортепиано, доира, чанг, утоқҳои корӣ, толори барҳавои намоиши консертӣ мебошад. Дар мактаби мазкур 10 нафар омӯзгори баландихтисос ба кор ва маоши доимӣ барои фаъолият ҷалб гардидаанд. Айни замон дар мактаби мусиқӣ зиёда аз 100 нафар наврасони хуштолеъи даврони соҳибистиқлолии Ватан бо 10 номгӯй асбоби мусиқии миллӣ ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд.
Ифтитоҳи мактаби мусиқии бачагона дар Спитамен
Матлабҳои дигар
ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД
_______________________________________________
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Моро дар соли 2021 чӣ интизор аст? Назар
- Вақте ба қадри унвонҳо намерасем… Назар
- Нархи масолеҳи сохтмонӣ ҳам хест Назар
- Муҳокимаи президентӣ Назар
- Сафари кории Раиси Раёсати БДА ҶТ ”Амонатбонк” ба н.Ҷалолиддини Балхӣ Назар
- Нақбҳои Тоҷикистон: чӣ, кай, дар куҷо? Назар
- Аз пайи шикоятҳо: Троллейбус хона нест! Назар
- ДУ МУОВИНИ РАИСИ ШАҲРИ БОХТАР АЗ ВАЗИФА САБУКДӮШ ГАРДИДАНД Назар
- Доналд Трамп боздошт мешавад? Назар
- МУРОҶИАТНОМАИ ШИРКАТИ «БАРҚИ ТОҶИК» БА МАРДУМИ ТОҶИКИСТОН Назар
- Қадрдонии президентӣ Назар
- Бохтар: мағозаи китобфурӯшӣ нест? Назар