ХАБАРИ ДОҒ

ВОКУНИШ БА МАҚОЛАИ “РӮДАКӢ: 5 МУШКИЛИ 1 МАКТАБ”

  • Ҷумъа, Июн 10 2022

ВОКУНИШ БА МАҚОЛАИ “РӮДАКӢ: 5 МУШКИЛИ 1 МАКТАБ”, МУАЛЛИФ ТАВАККАЛ САФАРОВ, КИ ДАР ҲАФТАНОМАИ “СССР” АЗ 09.06.2022, №23 НАШР ШУДААСТ

Боиси хушнудист, ки ҳамарӯза тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва ВАО ба унвонии Вазорати маориф ва илм дар қатори таклифу пешниҳодҳо, инчунин навиштаҳои дигаре ворид мегарданд, ки доир ба проблемаву мушкилоти ин ё он муассиса қисса мекунанд. Роҳбарияти тозатаъини Вазорати маориф ва илм низ аз рӯзҳои аввали фаъолият дар чандин мулоқоту суҳбатҳо эълон доштанд, ки интизори таклифу пешниҳодҳо ва ҳамзамон, навиштаҳои ҷомеаи шаҳрвандист, ки доир ба проблемаву мушкилоти ҷойдошта дар муассисаҳои таълимӣ бошад. Ҳамзамон, Вазорати маориф ва илм ҳамарӯза навиштаҳои рӯзноманигорону ҷомеаи шаҳрвандиро пайгирӣ менамояд, таклифу пешниҳодотро мавриди корбарӣ қарор медиҳад ва танқиди созандаро қабул дорад, агар он воқеӣ бошад.

9-уми июни соли ҷорӣ дар нашрияи “СССР” (№23) мақолаи шаҳрванд Таваккал Сафаров зери унвони “Рӯдакӣ: 5 мушкили 1 мактаб” нашр шуд, ки аз номи як гурӯҳ падару модарони хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №71-и ноҳияи Рӯдакӣ навишта шудааст.

Дар мақола муаллиф зикр мекунад, ки “аз сабаби зиёд будани хонандагон дар синфҳо курсии нишаст намерасад”, “ба ин мактаб на ягон мансабдори ноҳиявӣ меояду на мудири маорифу на ягон сарпараст”, “муаллимон таҷрибаомӯзу ҷавонанд”, “34-35 нафар хонанда дар як синф таҳсил мекунанд”, “китобҳои дарида ва бе сифати хонандагон, ки аз соли аввали таҳсил то занги охир скочпеч”-анд, “дар муассиса устодони касбӣ нестанд!”.

Дар асоси дастури вазири маориф ва илм Саидзода Раҳим Ҳамро муовини вазири маориф ва илм З.Абдулзода аз муассисаи таҳсилоти умумии №71 ноҳияи Рӯдакӣ дидан намуд.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки бинои асосии муассисаи мазкур барои синфҳои ибтидоӣ иборат аз 14 синфхона буда, соли 1950 ва бинои иловагӣ иборат аз 6 синфхона соли 2008 сохта шудааст ва дар он 39 омӯзгор ба 1009 нафар хонанда дарс мегӯянд.

Зимни боздид муовини вазири маориф ва илм, нахуст, дар аттестатсияи хатм аз фанни биология ширкат намуда, таъкид кард, ки ҳангоми баргузории аттестатсия талаботи Дастурамали аз аттестатсия гузаронидани хонандагон бояд аз ҷониби омӯзгорон ва хонандагон қатъиян риоя гардад.

Ҳамзамон, бо дархости муовини вазир чанде аз волидайни хонандагон даъват карда шуданд. Нахуст, волидайни даъватшуда аз нашри мақолаи мазкур изҳори бехабарӣ намуданд ва маълум гардид, ки он аз ҷониби муаллиф аз номи гурӯҳи волидайн навишта шудааст. Сипас, муовини вазир бо падару модарон оид ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» суҳбати судманд анҷом дода, ҷиҳати риояи он даъват ба амал овард.

Инчунин, маълум гардид, ки бинои асосии муассиса куҳна буда, ҳамасола таъмир карда мешавад. Дар баробари ин, бинобар сабаби ба миён омадани эҳтиёҷот ба ҷойи нишаст, соли 2008 6 синфхонаи иловагӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ сохта шудааст. Муассиса барои хонандагони деҳа басанда буда, аммо бинобар сабаби аз деҳаҳои ҳамсоя ба мактаб омадани қариб 400 нафар хонанда шумораи таълимгирандагон дар синфҳо ба ҳисоби миёна 27 нафарро ташкил медиҳад. Агар дар деҳаҳои навбунёд муассисаҳои таълимӣ сохта шаванд, мушкилоти ҷойи нишаст ҳали худро меёбад.

Дар муассиса танҳо 6 нафар омӯзгори ҷавон-хатмкунандагони собиқи муассиса пас аз хатми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба кор шурӯъ намуда, боқӣ омӯзгорон ҳама дорои таҷрибаи кофӣ ва дорои таҳсилоти касбӣ мебошанд.

Аз суҳбат бо падару модарон, директор ва омӯзгорони муассиса маълум гардид, ки ҳамкорӣ бо мақомоти худидоракунии деҳот ва раиси маҳалла хуб ба роҳ монда шудааст. Ҳарчанд, мудири шуъбаи маорифи ноҳия аз соли 2017 инҷониб ба муассиса ташриф наовардааст, аммо сарпарасти муассиса-нозири шуъбаи маориф (М.Қурумов) дар соли 2022 4 маротиба (маротибаи охир санаи 04.06.2022 ташриф овардааст, ки дафтари сабт гувоҳи гуфтаҳост) аз муассиса дидан намудааст. Инчунин, маълум гардид, ки мушкилоти норасоии китобҳои дарсӣ низ ҷой надорад.

Дар идома, муовини вазир бо омӯзгорон суҳбати самимӣ намуда, бо ёдоварӣ аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати худомӯзии онҳо, такмили маҳорати касбӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, омода намудани хатмкунандагон барои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти касбӣ дастуру супоришҳо дод.

Бо хонандагон дар хусуси омодагии ҷиддӣ ба аттестатсияи хатм, иштироки фаъолона дар озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм - фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон-ватани азизи ман» ва олимпиадаҳои фаннӣ, мутолиаи асарҳои бадеӣ, интихоби бошууронаи касб тавсияҳои судманд дода шуд.

Ба директори муассиса ҷиҳати таҳким бахшидани ҳамкорӣ бо падару модарон, беҳтар намудани назорати дохилимуассисавӣ, ҷалби омӯзгорони ботаҷрибаву ихтисосманд дастур дода шуд.

Ҳарчанд, на ҳама факту далелҳои дар мақола дарҷгардида исботи худро ёфтанд, бо вуҷуди ин, дар худи муассиса бо муаллифи мақола суҳбати самимиву ошкоро доир карда шуд. Муовини вазир ба номбурда барои таваҷҷуҳ ба мушкилоти соҳа изҳори сипос намуда, ҳамзамон таъкид кард, ки эроду пешниҳодҳо бояд беғаразона ва воқеиву объективӣ бошанд. Инчунин, дархост ба амал овард, ки мардуми деҳа низ ҳамкории худро бо мактабу омӯзгорон бештару беҳтар ба роҳ монанд.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter