ХАБАРИ ДОҒ

 

Пеш аз саршавии мактаб ташвиши падару модарони хонандагон хело зиёд шуда буд. Зеро, ки масъалаи сару либоси мактабиро аз куҷо ва бо нархи арзон ба даст оранд проблемаи №1 гашт.  

Моҳи августи соли равон телевизиони вилояти Суғд намоише пешкаш кард, ки мавзӯъ асосан ба сару либоси мактабӣ бахшида шуда буд. Дар барнома корхонаи дӯзандагиеро нишон доданд, ки ба духтани сару либоси мактабӣ машғул аст. Нарх аз 250 то 300 сомонӣ муаррифӣ карда мешуд ва мегуфтанд, ки агар онҳо ба фурӯш раванд, медонед хазинаи давлат чӣ қадар пур мешавад.

Инҷо суоле пеш меояд, ки бобову бибиҳое, ки набераҳои бе падару модарро тарбият мекунанду 220-250 сомонӣ нафақа мегиранд, дар ин ҳолат чӣ кор кунанд?

Ҳар 1 сухану гуфтор мавқеъ ва мантиқ дорад. Албатта сарулибоси мактабӣ лозим аст, аммо нарху наво ва даромади волидайн аз куҷост, инро касе фикр мекунад?

З. Дилшод,

н.Мастчоҳ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter