ХАБАРИ ДОҒ

Салом СССР! Дар шумораи гузашта моҷарои хонандагону муаллимон ва картошкаҷамъкуниро хондам. Посухи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон низ зиёд мавриди боварӣ набуд, зеро картошкаҷамъкунӣ дар ноҳияи мо ҳаст ва на танҳо хонандагон, балки кормандони идораҳои давлатӣ низ бояд картошка оварда, дар заминҳои холии кишоварзӣ коранд.

Ин супориши раиси н.Вахш Қурбоналӣ Юсупов аст, на каси дигар….вале чаро дар посухи Вазорати маориф ва илми кишвар ин далел дарҷ наёфтааст, намефаҳмам. Ҳол он, ки ҳамин шабу рӯз Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илм дар тамоми суханрониву вохӯриҳояш мегӯяд, ки муаллимонро ба корҳои ғайр истифода набаред, муаллим бояд хонандаро ба имтиҳоноти хатмкунӣ тайёр намояд.

Шукрулло Ҳабибзода,

донишҷӯ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter