ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Дек 12 2019

11.12.2019. Соат ба вақти Душанбе 10:33 дақиқа.  

“Имрӯз мо ба ваҷд меоем, ки кишоварзони Чин дар заминҳои корами иҷорагирифтаашон дар чанде аз ноҳияҳои виояти Хатлон аз як гектар 65-67 сентнер ҳосили пахта мегиранд, аз деҳқонони тоҷик даъват мекунем, ки аз онҳо ибрат гиранд, таҷрибаи ҳамтоҳои чинии худро омӯзанд, лекин касе андеша намекунад, ки оянда ҳоли ин қитъаҳои замин чӣ гуна мешавад”, - изҳор дошт Саидҷаъфар Усмонзода зимни суханронӣ дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ.

Раиси Ҳизби Демкорати Тоҷикистон  пешниҳод намуд, ки сохторҳои марбутаи Тоҷикистон вазъи заминҳои иҷорагирифтаи чиниҳоро пайгириву ташхис кунанд.

“Санҷидан лозим аст, ки онҳо чӣ гуна маводи кимиёвӣ истифода мекунанду ва оё баъди рафтани онҳо мо аз ин заминҳо ягон ҳосиле ба даст оварда метавониста бошем”.

Ба гуфтаи ӯ “Имрӯз аллакай ба туфайли тухмиҳои аз Чин ба кишвар воридшуда таъми пешинаи помидору бодиринг гум шудааст. Дар ташвишам, ки шафтолу ва себи тоҷикӣ низ ҳамин хел мешаванд”, - таъкид дошт Усмонзода.

 

Чоршанбе, Дек 04 2019

 Тибқи Фармони Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон, ки субҳи имрӯз ба тасвиб расид, интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ва ба маҷлисҳои вакилони халқи ВМКБ, вилоятҳо, ш.Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо рӯзи 1 марти соли 2020 таъин карда шуд.

Тавре сомонаи www.prezident.tj хабар медиҳад, интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ бошад рӯзи 27 марти соли 2020 баргузор хоҳад шуд.

 

 

 

 

Чоршанбе, Дек 04 2019

  Рустами Эмомалӣ, раиси ш.Душанбе санаи 3-уми декабри соли ҷорӣ бо сафари нахустини расмӣ ба ҳайси шаҳрдори Душанбе ба пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон-ш.Тошканд сафар кард. Ӯро дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд ҳокими ин шаҳр Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев  истиқбол гирифт,- иттилоъ медиҳад Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон «УзА».

    Рустами Эмомалӣ ва Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев баҳри иҷрои бандҳои Созишномаи ҳамкорӣ байни роҳбарони 2 пойтахтро, ки ҳангоми сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 ва сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон моҳи августи соли гузашта ба имзо расида буданд, баррасӣ карданд. 

    Аз ҷумла, дар ин мулоқот масъалаҳои ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ байни Душанбею Тошканд, инчунин тасдиқи барномаи ҳамкориҳои 2 шаҳр барои соли 2020 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

Шералӣ Давлатов, СССР

 

Чоршанбе, Нояб 27 2019

Президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев ҳини баррасии вазъи хоҷагии қишлоқи кишвараш барои беҳбуди чорводорӣ дастур дод, ба мардуме, ки хоҳиши парвариши чорворо доранд, аз ҳисоби давлат чанд сари гови зотӣ бидиҳанд. Ин говҳо, ба гуфтаи президент, шири зиёд медиҳанд ва ба чорводорон фоидаи зиёд меоранд. Инчунин президент гуфт, дар доманакӯҳҳои кишвар, парвариши моҳӣ роҳандозӣ гардад. Мо Метавонем дар дарёчаҳои кӯҳиамон парвариши гулмоҳӣ, тосмоҳӣ ва дигар навъҳои моҳиҳоро роҳандозӣ намоем иброз дошт Мирзиёев. Мо Метавонемро худаш гуфт, на мо. Мо метавонем!

 

Душанбе, Нояб 25 2019

 

 Сиёсати нави ҳукумати Россия ҷиҳати ҷуброни камшавии табиии аҳолӣ аз ҳисоби ба шаҳрвандӣ гирифтани табааҳои дигар кишварҳо дар соли ҷорӣ ба таври назаррас сурат гирифтааст. Тибқи омори Росстат дар соли 2019 аз ҳама зиёд шаҳрвандони Украина ба хусус аҳолии вилоятҳои Донетск ва Луганск, ки барои онҳо гирифтани шаҳрвандии  Россия баҳори имсол  осон карда шуда буд, шиносномаҳои русӣ гирифтаанд. Теъдоди шаҳрвандони Украина, ки дар соли 2019 шаҳрвандии Россияро қабул кардаанд ба 146 ҳазор нафар мерасад. 

Ҳамчунин дар соли равон 35 ҳазор шаҳрванди  Қазоқистон, 17 ҳазор шаҳрванди Арманистон, 14 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон ва 11,5 ҳазор шаҳрванди Молдова низ шаҳрвандии Россияро қабул карданд. Теъдоди тоҷикистониёне, ки шаҳрвандии Россияро дар соли 2019 қабул кардаанд, баъди Қазоқистон ҷойи сеюмро ишғол карда, шумораашон 30 ҳазор муаррифӣ мешаванд. Ин теъдод баробар ба аҳолии саноатитарин шаҳри кишвар-шаҳри металлургҳои тоҷик Турсунзода мебошад.

    Мувофиқи ҳисоботҳои Росстат-мақомоти омори давлатии Россия  дар 9 моҳи соли 2019 (аз январ то сентябри соли 2019) теъдоди 285 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ табааи Россия шудаанд ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 48% зиёд мебошад. Ҳамчунин дар ҳисоботҳои номбурда таъкид мешавад, ки ҳукумати Россия тасмим дорад сиёсати мазкурро дар оянда рушду тавсеъа дода, аз ҳисоби ба шаҳрвандӣ қабул кардани табаъаҳои дигар кишварҳо (ба хусус мамолики собиқ Шӯравӣ) вазъи демографии дар варта қарор доштаи Россияро ба танзим дароранд.

 

Ҷумъа, Нояб 22 2019

 Маркази таҳлилии амрикоӣ Gallup Тоҷикистонро дар зинаи дуюми ҷадвали амнтарин кишварҳои олам ҷой додааст. Чунин тасмим дар пайи назарпурсии шаҳрвандони 142 давлати дунё радабандӣ гардида, ҷои аввал ба Сингапур ва ҷои 3-юм ба Амороти Муттаҳидаи Араб дода шудааст.

     Гуфта мешавад, ки дар баробари Тоҷикистон, инчунин кишварҳои Миср, Норвегия, Туркманистон, Швейтсария, Узбекистон, Финландия, Чин ва Олмон шомили рейтинги кишварҳои амнтарин шудаанд. 

 

саҳ 31 аз 104

Китобҳо

Flag Counter