ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Март 27 2019


Мақомоти Узбекистон тасмим доранд, ки равуои нақлиёт ба Чинро тариқи қаламрави Тоҷикистон ба роҳ монанд. Дар ин бора президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев аллакай қарор қабул карда, чораҳои тақвияти иқтидори транзитии бахши нақлиёти Узбекистон тасдиқ шудааст.

Чоршанбе, Март 20 2019


Дмитрий Песков-сухангӯи Владимир Путин-президенти Русия эътирозҳои бузургро, ки бо талаби озодии интернет дар Маскав баргузор шуд, шарҳ дода гуфт, ки гузориши эътирозҳоро дар ТВ дид. Ба гуфти ӯ, яке аз эътирозгарон дар ТВ мегуфт, "ҳукумат мехоҳад тугмаро пахш ва интернетро хомуш кунанд». Ба гуфти Песков ин "комилан иштибоҳ аст. Чаро иштирокдори тазоҳурот аз ин нигарон нест, ки тугмаро аз он сӯи уқёнус пахш ва ӯро аз интернетро хомуш мекунанд, дар ҳоле, ки бояд аз ин нигарон бошанд…»

Сешанбе, Март 19 2019


Бар асоси мувофиқаи дуҷониба, қарор карда шуд, ки ҷониби Қирғизистон ба бунёди қитъаи роҳи ҷанҷолбарангези Ботканд-Оқсой-Тамдиқ "ба хотири убури чорво" идома дода, ба сокинони Тоҷикистон иҷоза мешавад, ки дар 2-километрии ҷанубтари ин қаламрав дар қитъаи роҳи Ворух-Сомониён-Исфара роҳи худро бунёд намоянд. Ин мувофиқа пас аз 5 рӯзи музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара ба даст омада, дар пайи музокирот раҳбарони ҳайатҳо-Азим Иброҳим, муовини сарвазири Тоҷикистон ва ҳамтои қирғизи ӯ Ҷениш Раззоқов рӯзи 18.03.2019 дар хатти марзи байни деҳаҳои Хоҷаи Аълои Тоҷикистон ва Оқсои Қирғизистон 1 нишасти матбуотӣ баргузор карданд.
Муовини сарвазири мамлакат ва  раиси Комиссиюни аломатгузории марз Азим Иброҳим баъди анҷоми музокирот ва имзои протокол дар сӯҳбати кӯтоҳаш бо намояндагони матбуот гуфтааст, ки мавзӯи марз 1 масъалаи ҳассос аст.  Вай гуфтааст, ки 1 мувофиқаи муҳим, ки дар протокол ҳам инъикос шудааст, ин аст, ки бояд омилони сар задани ин моҷаро ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Бар асоси мувофиқаи дигари ҷонибҳо, амнияти қаламрави марзиро патрулҳои полиси якҷоя назорат карда, амнияти шаҳрвандони 2 кишварро таъмин мекунанд.

Душанбе, Март 18 2019


   Рӯзҳои 11-14 марти соли ҷорӣ Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ сафир Петер Буриан бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда буд.
   Тавре ба мухбири СССР дар маркази матбуоти намояндагии ИА дар ҶТ хабар доданд, дар ш.Душанбе эшон бо вазири корҳои хориҷии ҶТ Сироҷиддин Муҳриддин, муовини якуми раиси КДАМ ҶТ-Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ генерал-полковники Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва вазири адлияи ҶТ Рустами Шоҳмурод мулоқот анҷом дода, роҳҳои тақвияти кӯмаки Иттиҳоди Аврупоро ба Тоҷикистонро баррасӣ намудаст, то ин кӯмак ба афзалиятҳои "Стратегияи нави рушди миллии Тоҷикистон" ва "Стратегияи нави ИА нисбати Осиёи Марказӣ", ки моҳи июни соли ҷорӣ қабул карда мешавад, мутобиқтар бошад
   Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ таъкид намудааст, ки Иттиҳоди Аврупо минбаъд ҳам кӯмаки худро ҷиҳати таъмини амну субот дар кишвар ва дар доираи васеъи масъалаҳо, аз таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷониба барои мубориза алайҳи терроризм ва қочоқи маводи нашъаовар сар карда то ҳамкории дуҷониба ҷиҳати паст намудани таъсири манфии тағйирёбии иқлим ва омодагӣ ба офатҳои табиӣ, идома хоҳад дод.
   Инчунин имконияти дастрасии Тоҷикистон ба механизми махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳавасмандсозии рушди устувор ба истилоҳ "Низоми умумишудаи имтиёзҳои тиҷоратӣ + (НУИ+)" муҳокима карда шуд. Тарафайн ба шурӯъ намудани раванди гуфтушунид барои шомил шудани Тоҷикистон ба "НУИ+" изҳори хоҳиш карданд.  Дар ҳолати шомилшавӣ ба "НУИ+" Тоҷикистон метавонад ба бозори Иттиҳоди Аврупо зиёда аз 6600 молҳои дар Тоҷикистон истеҳсолшавандаро бо боҷи гумрукӣ аз рӯи меъёри сифр содирот намояд. Cафир Буриан иброз дошт, ки шомилшавии Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳои баҳрагирандагони "НУИ+" ба фоидаи иқтисодӣ ва рушди устувории мамлакат хоҳад буд.


Душанбе, Март 18 2019


Аз нимарӯзии 16.03.2019 то инҷониб мошини Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх, ки ба деҳаи Ворух кӯмаки моддӣ мебурд, дар марз дармондааст. Сарҳадбонони қирғиз ва мақомоти қудратии Ҷумҳурии Қирғизистон ба Салиби Сурх ҷиҳати иҷрои рисолати башардӯстонааш монеъ гаштаанд.
   Чуноне ки ба мухбири мо аз Ҳукумати ш.Исфара хабар доданд, мошини пурбори Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх дар деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ дармондааст.
PS: - Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (Мухтассар: КБСС, англ. International Committee of the Red Cross; ICRC, фр. Comité international de la Croix-Rouge)-ташкилоти башардӯстонаест, ки фаъолияти худро дар саросари ҷаҳон, бо назардошти принсипи бетарафӣ ва беғаразӣ иҷро мекунад. КБСС ба зарардидагони низоъҳои мусаллаҳона ва муқовимати дохилӣ ҳимоя ва кӯмак мерасонад.




Панҷшанбе, Март 14 2019


Субҳи дирӯз Муҳаммадтақӣ Собирӣ, сафири нави Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вориди Душанбе шуд ва расман ба унвони сафири ин кишвар ба фаъолият оғоз намуд.
Чуноне ки ба мухбири СССР дар бахши равобит бо матбуоти сафорати ин кишвар дар Душанбе хабар доданд, қарор аст имрӯз Муҳаммадтақӣ Собирӣ бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири  корҳои хориҷии  ҶТ мулоқот ва эътимодномаи хешро ба ӯ супорад.
Ҳамчунин, сафири нави ҶИЭ Муҳаммадтақӣ Собирӣ пагоҳ, рӯзи 15.03. 2019 дар дидор бо Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар маросими расмӣ низ эътимодномаи хешро  тақдим хоҳад кард.

саҳ 42 аз 104

Китобҳо

Flag Counter